Дар мамлакатамон бо номи Шӯрча, Шӯристон ва Шӯробод мавзеъҳои зиёд ҳастанд.
Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Қарокӯлу Шофиркони вилояти Бухоро низ бо чунин ном деҳаҳо мавҷуданд, ки ман хостам аз рӯйи дарки худ мушоҳидаҳоямро баён намоям.
Пас аз мутолиаи мақолаи хабарнигори рӯзнома дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода «Кори бемашварат накӯ н-ояд» («Овози тоҷик», 7.06.с. 2023, №45) хостам баъзе мулоҳизаҳои худро дар ин замина аз минтақаи худамон бо хонандагон баҳам бинам.
Соли 2000-ум аз сокинони деҳаи Шӯристон талабномае пешкаш гардид. Банда, ки он солҳо ҳамчун аъзои гурӯҳи топоним-номгузории назди ҳокимияти ноҳия будам, надонистам, ки ба талаби онҳо чӣ ҷавоб диҳам. Азбаски касби қадимаи бобоии аҳли деҳа танӯрсозӣ буд, ба деҳа гузоштани номи «Кулолон»-ро пешниҳод карда буданд. Бо ҷонибдории зиёд талаби аҳли деҳ қонеъ гардонда шуд. Дарҳақиқат, заминҳои деҳ ҳосилхез буданду аз шӯрӣ нишоне надошт...
Сониян ба ҷойгиршавии ҷуғрофии деҳа эътибор додаму номи таърихии он ба наздам рӯ кушод. Деҳа дар байни харобаву талу тепаи қалъаҳои кӯҳнаи Қӯрғони Вардонзе (аз шимол), Хоҷа Ғуломте (аз шарқ), Талисафед, Мискинота ва Ӯртакент (аз ҷануб), Паҳнтепа ва Тали Кулол (аз ғарб) мавқеъ дорад.
Дар байни ҳашт қалъа ҷойгир будани мавзеъ онро аз хавфу хатар эмин нигаҳ медошт. Оби софу зулоли рӯди Султонобод бошад, ин маконро хеле обод гардонида буд. Шояд аз ин сабаб бошад, бобоёни мо дар гузашта ин мавзеъро «Шаҳристон» номида бошанду бо мурури замон он ба тарзи «Шаристон» ва дертар номи «Шӯристон»-ро гирифта бошад...
Оғози солҳои 80-ум харобаҳои қалъаҳои Паҳнтепа, Тали Кулол, Тали Сафед бо воситаи техникаи пурқувват ҳамвор гардонда, ба заминҳои корам табдил дода шуд. Бо афсӯс дар омади сухан бояд қайд намуд, ки аз 39 ёдгории қадима ҳоло дар ноҳия танҳо 21 адади он боқӣ мондаасту халос.
Оем ба сари истилоҳи Шӯрча. Маҳаллае дар ноҳияи Рометан ва як мавзеи чӯли Қизилқум, ки наздиктар ба Қӯрғони Вардонзе аст, чунин номида мешавад.
Дар гузаштаи наздик қавме мансуби арабҳо дар ин ҷо умргузаронӣ мекарданд, ки ҳоло аз сабаби камшавии об аз ин ҷо ба деҳаи Искогаре кӯч бастаанд. Тарҳи пойдевори хонаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин ҷо аҳолӣ зич ҷойгир будаасту шояд он «Шаҳрча» номбар шуда бошад ва Шаҳрча низ солҳову асрҳо гузашта, ба «Шӯрча» мубаддал гаштааст.
Дар гузаштаи қадим подшоҳон деҳаҳои махсуси худро доштанд ва дар ин ҷо одамони содиқ ба ҳукмдор бо деҳқонӣ шуғл меварзиданду лаҳзаҳои зарурӣ дар сафи лашкар буда вақтҳои холӣ бо кори худ банд мешуданд.
Подшоҳон ба касоне, ки бо садоқати хоса хидмат мекарданд, чун мулки якумра мавзеъҳоро туҳфа мекарданд. Монанди Тошработ, Работи Малик, Работи Сангин. Мулкҳое, ки ба касон бахшида мешуд, тавре таъкид гардид, бо номи ҳамон шахс номбар мешуд. Аз рӯйи тахмини мо Шӯробод бояд Шоҳработ бошад, яъне мулке, ки ба шоҳ тааллуқ дорад. Аз ин мулк барои хазинаи подшоҳӣ андоз гирифта намешуд ва аз ин сабаб коркунони ин мавзеъ дар сериву пурӣ умргузаронӣ мекарданд.
Азбаски ҷойи ҳосилшавии ҳамсадои »ҳ» ҳалқум асту талаффузаш андаке душвортар, мардум онро ба тарзи «Шоработ» истеъмол карда, охирон садоноки «о» ҳам аз истеъмол баромада, мавзеъ номи «Шӯработ»-ро гирифтааст.
Дар чанд ҷойи Бухоро мазористонҳое ҳастанд, ки «Чилдухтарон» номида шудаанд. Назар ба маълумотҳо дар қадим агар мардони деҳа барои ин ё он кор берун аз зодгоҳ мешуданду кӯчманчиён ба манзил ҳуҷум мекарданд, занону духтарон либоси ҷангӣ ба бар карда, деҳаро ҳифз менамуданд. Дар ин роҳ шаҳид шаванд ҳам, ба қафо барнамегаштанд.
Дар ноҳияҳои Шофиркон, Ҷондор, Когон ва дигар мавзеъҳои мамлакатамон бо чунин ном қабристонҳое ҳастанд, ки шояд он духтарон дар роҳи сулҳу осоиши зодгоҳ ҷоннисориҳо карда бошанду манзили охирини онҳо «Чилдухтарон» номида шуда бошад.
Алимурод ТЕМИРОВ.
Ноҳияи Шофиркони
вилояти Бухоро.