САРМОЯ ОМИЛИ ПЕШРАВИСТ

Бо қарори сарвари давлат аз 28-уми январи соли 2019 «Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати инвеститсия ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Вазорати инвеститсия ва савдои хориҷӣ ва дар вилояту шаҳру ноҳияҳо садорат ва шуъбаҳои онҳо ташкил гардида, барои пешравии иқтисодиёт мусоидат карданд.

Бо қарори сарвари давлат аз 
28-уми январи соли 2019 «Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати инвеститсия ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» Вазорати инвеститсия ва савдои хориҷӣ ва дар вилояту шаҳру ноҳияҳо садорат ва шуъбаҳои онҳо ташкил гардида, барои пешравии иқтисодиёт мусоидат карданд. 

Масалан, агар дар соли 2017 дар Самарқанд инвеститсияи хориҷӣ 17 миллион доллари амрикоиро ташкил карда бошад, соли ҷорӣ расонидани ин рақам ба 350 миллион доллар дар назар аст.
— Имсол аллакай 140 миллион долларина сармояҳои хориҷӣ аз худ карда шуданд, — гуфт ҷонишини сардори Садорати сармоя ва савдои берунии вилоят Шерзод Собиров. — Зеро ҳар чӣ қадар аз хориҷа сармоя бештар ворид кунем, ҳамон қадар ғояҳои нав, асбобу ускунаҳои замонавӣ ва аз ҳама муҳим, таҷрибаи истеҳсолоти маҳсулот афзуда, иқтисодиёт пурқувват мегардад.
Соли ҷорӣ аз сабаби пандемия аксарияти мамлакатҳо сарҳади худро пӯшиданд. Лекин қуллаҳои кӯҳ ҳар қадар баланд бошад, пайроҳаҳо то манзили мурод хоҳанд бурд. Бинобар ҳамин, мо кӯшиш ба харҷ додем, ки мутахассисони хориҷиро ба мамлакат оварем. Ин корамон самараи хуб дод. Дар тӯли 11 моҳи соли равон қариб 170 миллион доллар азхуд карда шуд. Бояд таъкид кард, ки барои ҷалб намудани мутахассисону сармоядорони хориҷӣ, ки беш аз 300 ҳазор доллар ворид мекунанд, додани имтиёзҳои андоз, боҷхона ва ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи онҳо нақши муҳим дорад. Шояд аз ҳамин сабаб аз Русия, Хитой, Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ба Самарқанд инвесторҳо омада, фаъолияти пурсамарона мебаранд.
Боиси хурсандист, ки натанҳо дар соҳаи саноат, инчунин тиббиёт, сохтмон, кишоварзӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ низ лоиҳаҳои пурарзиш татбиқ мегарданд. Масалан, дар ноҳияи Булунғур «Najot Med», ноҳияи Самарқанд ташхиси тиббии «Untra-­med», шаҳри Самарқанд «Zarmed protikcha» ва лоиҳаҳои дигар амал мекунанд. Дар асоси шартнома Аэропорти байналхалқии Самарқанд таъмир гардида, барои корҳои бинокорӣ 800 миллион доллари хориҷӣ равона карда шудааст.
Хуллас, дар асоси барномаи инвеститсияи ҳудудӣ дар соли оянда дар Самарқанд 484 лоиҳае, ки арзиши умумии онҳо беш аз 11 триллион сӯм аст, амалӣ мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳазорҳо нафар мардум бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
— Дар ноҳияи Самарқанд, — иброз дошт ҳокими ноҳия Носир Мавлонов, — дар тӯли ду соли охир бо ҷалби бевоситаи инвеститсияи хориҷӣ амалӣ намудани 12 лоиҳаи арзиши умумиаш 45 миллион долларро ба нақша гирифта будем. Хушбахтона, натиҷа аз нақша зиёд аст. Дар соҳаи содироти маҳсулоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ низ як қатор корҳо иҷро гардиданд. Агар дар соли 2019 нақшаи экспортии ноҳия қариб 50 миллион доллари амрикоиро ташкил карда бошад, имсол он якуним баробар афзуд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат доир ба ривоҷдиҳии тадбиркорӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб кардани аҳолӣ, хусусигардонии активҳои давлат, афзунсозии ҳаҷми маҳсулот ва ҷойҳои нави корӣ нақшаҳои зиёд иҷро мешаванд ва ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: