ТАРБИЯИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН – ТАЛАБИ ДАВР

Соли ҷорӣ Соли илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон шуд.

 Агар рушди илму маърифатро ба назар гирем, соли ҷорӣ соли устодон ва мураббиён низ ба ҳисоб меравад. Мо аз ин хел унвон гирифтани сол басе мамнунем.
Мо, муаллимон, бо Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис шинос шуда, хеле мутаассир гардидем. Дар он фикрҳои ниҳоят ҷолиби диққат баён гардида, зарурати авлоди саводнок ва бамалакаи навро тарбия кардан ва оғози ислоҳоти таълимро аз кӯдакистон то мактаби олӣ таъкид шудааст. Дар ҷое, ки илм нест, ақибмонӣ  ба назар мерасад. Аз рӯйи андешаи донишмандон сарвати аз ҳама бузург – ақлу заковат ва илм, мероси беҳтарин тарбияи нек аст. Аз ҳамин сабаб барои мо азхудкунии дониши замона ва фаро гирифтани маънавияти баланд эҳтиёҷи ҳаррӯза ба шумор меравад. 
Соли равон аз синни 6 ба мактаб тайёр кардани бачагон оғоз мегардад. Ба муаллимони дорои маҳорату малака низоми пардохти маоши боарзиш ҷорӣ мегардад. Воситаҳои таълимиро дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ такмил додан, онҳоро ба андозаи байналхалқӣ мувофиқ кардан ва зарурати беҳтар намудани сифати воситаҳои аёнӣ, адабиёту анҷомҳои таълимӣ ба миён гузошта шуд.
Дар мактаби мо 57 нафар устодону муаллимон ба 26 синф – 710 нафар хонанда ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ  дарс медиҳанд. Чун ҳарвақта дар давоми соли хониш ба муваффақиятҳо ноил гардидем. Дар олимпиадаи фаннии ноҳиявӣ  хонандагони синфи XI Зулхумор Мамадҷонова ва Даврон Норбоев аз забонҳои давлатӣ ва фаронсавӣ ҷойҳои 1-умро ба даст оварданд. Самарбӣ Иброҳимова аз забони давлатӣ ва Шаҳло Ғанихонова (ҳарду аз синфи IX) аз забон ва  адабиёти тоҷик ҷойҳои I ва III-ро соҳиб шуданд.
Дар мусобиқаи ноҳиявии варзиш аз рӯйи муштзанӣ Илҳом Усмонов ва Ойбек Абдураҳимов ба ҷойҳои I-уми шоҳсуфа баромаданд. 
Духтарони баскетболбози синфи VIII ба ҷойи дуюм сазовор шуданд. Дар атлетикаи сабук ба хонандагони синфҳои I-IV  ҷойи III насиб гардид. 
Ба комёбиҳои пай дар пай нигоҳ накарда, дар маърифатгоҳи мо камбудию норасоиҳо мавҷуданд. Тавре ки директори мактабамон  Нодирҷон Ботиров изҳор кард, дар китобҳои дарсӣ, махсусан, синфҳои V-VI, ки таҳсилашон ба забони ӯзбекист, ноқисиҳо мушоҳида карда шуданд. 
Барои гузаронидани  чорабиниҳо ва маҳфилҳо толор нест. Аз ин сабаб душворӣ мекашем.
Аз рӯйи гуфти ҷонишини директор оид ба корҳои таълим Музаффар Лочинов, пештар барои дохил шудани довталабон ба донишгоҳҳо имтиёзҳо буданд.
Агар хатмкарда ба забони тоҷикӣ таҳсил гирифта бошад, барои дохил шудан ба мактаби олии ғайритоҷикӣ ба ҷойи иншо аз забони русӣ диктант навишта, имтиҳон месупурданд.  Сад афсӯс, ки ҳанӯз ин гуна имтиёзҳо ҷорӣ нашудаанд.
Мебояд, ки онҳо барқарор карда шаванд. Хонандагони тоҷик, ки ба забони давлатӣ таълим мегиранд, бояд забони модариашон ба онҳо омӯзонда шавад.
Дар китобхонаи даргоҳи илм 1421 адад китоби бадеӣ мавҷуд. Дар байни онҳо ба забони тоҷикӣ қариб, ки ягон китоб нест. Китобҳои тозанашри тоҷикӣ умуман, ба мо дастрас намешаванд. Синфҳои VI, VII ва VIII, ки ба забони  давлатӣ дониш меомӯзанд, аз норасоии китобҳои дарсии «Ватан туйғуси», «Миллий ғоя» ва «Информатика» азоб мекашанд. 
Мактаббачагон дар 20 синф дар 2 баст дарс мехонанд. 5 синф ба сохтори гармидиҳӣ пайванд нест. Онҳо дар фасли сармо баста мешаванд. Баъзе синфҳо 35-40 ва аз 40 зиёд хонанда доранд, ки онҳо барои муаллимон ва донишомӯзон дар таҳсил душвориҳо пеш меоранд. Қисме аз хонандагон 5-6 км пиёда роҳ гашта, ба мактаб меоянд. Дар басти дуюм дарсҳо, хусусан, дар зимистони сарду торик  дер ба охир мерасанд. Падару модарон хавотиромез барои хабаргирии фарзандонашон ба мактаб меоянд.
Дар деҳаи мо боз як мактаби ҳозиразамон қад рост карда истодааст, ки он соли ояндаи хониш ба истифодабарӣ супурда хоҳад шуд. Шояд мушкилҳо осону норасоиҳо бартараф гарданд.

Мирзораҳим МИРЗОАЗИЗОВ, 
муаллими мактаби рақами 30-юми ноҳияи Попи вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: