НОМА БА ДӮСТ

(Тарона)

Зебои зебоям! Ёд кардам туро. Ёд кардам он рӯзу шабонеро, ки сармаст аз бодаи ҳавову ҳавое дар кӯчаҳои зиндагӣ қадам мезадем. Ёд кардам он лаҳзаҳоеро, ки сари ҳар моҳу сол чун моҳии аз об дурафтода сӯят талош меварзидам. Садои ханда, шӯхӣ ва ҳазлгӯйии мо хонаву ҳавлии туро фаро мегирифт. Тифлаконат аз гуфтаҳо, саргузуштҳои мо чизе нафаҳмида, ҳайрон сӯямон нигоҳ мекарданд. 
Дӯсти ҷониям, ту барои ман ҳам дар баҳору тобистони зиндагӣ ва ҳам дар фаслҳои баъдӣ, мисли он ки бори аввал дидаму ошно гаштам бекина, одамдӯст, меҳмоннавоз, дилкушод, шӯх, ҳазлкаш боқӣ хоҳӣ монд. Гарчи имрӯз зимистони умр ба мо таҳдид мекунаду пайроҳаҳои зиндагӣ дар ҷабинамон нақши худро гузоштаанд, ман туро мисли пештара дӯст медорам. Зебои азизи ман, хоҳари ҷонӣ, шояд дидани  ту бори дигарам муяссар нагардад. Зеро хаста шудам аз тай кардани марзҳо, дигар нирӯе дар худ эҳсос намекунам. Наметавонам фосилаи дурударози байни кишварҳоямонро тай кардан. Ин бевафоятро бубахш.
Эй кош, кабӯтараке мебудаму дуру дароз парвоз карда мерафтам ба сӯйи дӯсти азизи худ, ки бешак ӯ низ дар орзуи дидори ман аст. 

Ӯғилой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: