Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби барномаи сафари корӣ ба АМА 1 декабр бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух вохӯрд.
Масъалаҳои кунунии рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Муғулистон баррасӣ шуданд.
Ба татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ, ки дар мулоқоти моҳи сентябри соли гузашта дар Самарқанд ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Динамикаи мусбати савдои мутақобила бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Барои кооператсия дар соҳаҳои чорводорӣ, хӯрокворӣ, чарм, кишоварзӣ, бофандагӣ ва дигар соҳаҳои саноат имконияту иқтидори калон вуҷуд доранд.
Ба такмили заминаи шартномавиву ҳуқуқӣ дар чунин соҳаҳо ба мисли нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ, табодули сайёҳон, таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Мувофиқа шуд, ки ҷаласаи аввали Кумитаи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон соли оянда баргузор шавад.
Гуфта шуд, ки бинобар натиҷаҳои ин мулоқот “харитаи роҳ” оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд қабул карда мешавад.