АЗ ДОМАНИ «ОВОЗ...» ТО ОҒӮШИ «САДО...»

Дидору мулоқоти мо бо Истад Қосимзода – нависанда, мутарҷим ва рӯзноманигор дар як рӯзи хуршедии зимистон иттифоқ афтод.

Вай акнун пирамарди қариб навадсола аст, аммо замоне марди чусту чолоке буду аз барои обунаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Садои Сурхон», ки чун ҷигарбандонаш дӯст медошт, гӯё дар як дам нисфи дунёро тай мезад, ба сад идораву корхона даромада мебаромад. То ба мурод нарасад, гиребони онро раҳо намекард. Ҳоло зиндагӣ ӯро аз тавони пешин маҳрум сохтааст, аммо ҳанӯз оташи он айём дар қалбаш забона мезанад. 
Ман ӯро улгуи садоқат ба сухан медонам...    
Вай оҳиста-оҳиста асозанон ба тарабхона медарояд. Ин тарабхона «Тантана» ном дорад, устод аз азал дӯсташ медошт. Дар дами пирӣ ҳам, барои рафъи озурдагиҳои ҳаёт, сабук кардани бори дил... гоҳ-гоҳ ба ин ҷо меояд. 
Қоматаш камонвор хам задааст, «бори вазнин»-и онро асои дасташ таҳаммул мекунад. Аз дидори шогирдони худ хаёле алифвор рост шуд, чеҳрааш ҳам шукуфонтар гашт! Ашки дар чашмонаш давидаро пок карда: 
– Ман аз шумо хеле миннатдор, шогирдонам! – гуфт.
Чеҳраи офтобнадидаи устод сафед буд, мазмун бурути ба дарозо дар хона монда, сояпарвард шудааст. 
– Кор бисёр, – мегӯяд вай. – Қариб аз хона намебароям ва ноаён ба соати дасташ менигарад. Бо ин таъкид кардан мехоҳад, ки ҳар лаҳзаи ҳаёт ғанимат, фурсат кам аст. Боз чӣ қадар умр хоҳад дид – Худо медонад!  
– Ба ҳаштоду ҳашт даромадам, – суханашро идома медиҳад устод ба саволи мо посух додаву боз номаълумакак ба  соати дасташ нигариста.
– Аз «Овози тоҷик» дувоздаҳ сол хурд будаед, – мегӯям ман.
Чун номи рӯзномаи машҳурро мешунавад, чеҳрааш гул мекунад, зеро бо ин рӯзнома пайвандии хубе дораду як бахши тиллоии умраш масруфи ин нашрия гардидааст, аз он айёми дур хотироти ширине бо ӯст.
– Замоне, ки ман кор мекардам, рӯзнома «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном дошт ва баъдтар зарурати бозгашт ба номи аслиаш пайдо шуд. Имсол 100-сола мешавад, аммо мешунавам, ки фарзандони ноқобилаш ин «пири хирадгустар»-ро фаромӯш кардаанд ва дигар асояш намешаванд.  Аз ин кори ҳаммиллатон хафа ҳастам. Агар умр вафо кунад, ёддоштҳои худро хоҳам навишт. Хонанда аз онҳо ҳам зиндагии маро мехонад, ҳам ба саволҳои зиёдаш посух мегирад, – мегӯяд ӯ, ки ҳоло як пояш дар Деҳнав бошад, як пойи дигараш ҳатман дар Душанбе аст.
Аз фурсат истифода бурда, маҷмӯаи мақолоти тозанашри худро бо номи «Ҳамеша бо Ватан» ва соядасти «ба адиби бомаҳорат...» тақдим кардам. 
– «Адиби бомаҳорат..,» – баланд мехонад ӯ китобро кӯдаквор навозиш карда ва абрӯ кашида, бозавқ механдад. 
– Агар ягон хирасар бо шӯхӣ «о»-ро ба «е» табдил диҳад, чӣ мешавад? 
Мо ҳама баробар механдем. Устод низ хандазанон ба як китоби худ бо номи «Тиллоҳои амакам», ки романи ёддоштӣ аст, соядаст навиштаву ба ҷойи «бомаҳорат» « қаламкаши моҳир» менависад ва нусхаеро ба ману нусхае ба Олимҷон медиҳад. Шерзод, ки ҳамшаҳрӣ ва дар зарурат муттакои устод аст, кайҳо аз  ин бахт бархурдор гашта буд.
– Бо ин соядаст шӯхӣ карда намешавад, – мегӯяд ӯ мамнун.
Вақте соядаст менавишт, дасташ андаке меларзид, аз нигоҳи ман рамз бардошта:
– Дигар итоат кардан намехоҳанд, – мегӯяд дастонашро молида ва ҳамон замон ба рӯяш сояи ғам менишинад. 
– Чашмон ҳам мисли аввал нестанд! Пирӣ... 
Аммо ҳис мекунам, ки ба «пирӣ» тан доданӣ нест. Худро далер мегирад ва то ҳол бидуни айнак мехонаду менависад. Ҳусни хаташ ҳам зебо...
Дубора ба дидагон ва дастони тавонгумкардаи устод менигарам. Ин чашмон ба ҷуз дидани ҳазорон воқеоти тавъам ба шодиву ғам шоҳиди навишта шудани даҳҳо асар гаштаанд, зарра-зарра нури худро дар ҳар сатри онҳо бахшидаанд. Чандин асари бузургони илму хирад бо кумаки ҳамин мабдаи нур тарҷума шудаанд. Дастҳо-чӣ? Мудом банди коре буда, ҳаргиз аз навозиши қалам ҷудо набудаанд...
– Чандин қиссаву роман мунтазири навиштан, ҳамеша дар зеҳнам чарх мезананд. Умр вафо кунад, ҳатман менависам. 
– Кори хуб кардӣ, шогирд, – мегӯяд ба китоби банда ишора карда. Ва ба нақли як ҳодиса шурӯъ мекунад, ки хеле муаассир буд:
– Аз соли 1984 то охири соли 1990 тамоми шумораҳои «Овози тоҷик»-ро доштам ва рӯзномаҳои ҳар солро дар як баста нигаҳдорӣ мекардам. Муродам, фурсат ёфта, албатта, таҳқиқ кардан буд, зеро чизҳои арзишманд зиёд буданд. Чун муддате дар шаҳри Душанбе монда, аз пайи корҳои эҷодӣ мегаштам, духтарчаи хурдӣ (дар Деҳнав буд ӯ) аз муаллимони мактаб вазифа мегирад, ки коғазпора ёфтаву оварад – аҳли синф аҳд кардаанд, ки нақшаро бояд иҷро кунанд! Вай ҳамин бастаи рӯзномаҳоро аз хона баровардаву шодон месупорад, ки қариб дар ҳар шумораи он як мақолаи ман нашр шуда буд. 
Ҳамин тавр, ҳарчи дар он солҳои пурғавғо навишта будам, ба боди фано рафт. Ман қариб девона шуда будам. Чандин муддат гӯё азодор будам! Аммо чӣ илоҷ, ба чашмони маъсуми духтарча нигариста, ногузир аз «гуноҳаш» гузаштам ва ба он бохти гарон мардонавор тоқат кардам. Акнун қувват нест, ки он навиштаҳоро аз дигар ҷойҳо биҷӯям ва барқарор созам.
Вақте ки устод дар ҳалқаи шогирдони нағзи худ ин воқеаро мағзшиканӣ мекард, ман ноаён ба муқоваи китоби ӯ «Тиллоҳои амакам» чашм давондам, ки тарҷумаи ҳоли адиб мухтасар омадааст:
«Нависанда, тарҷумон Истад Қосимзода 19 майи со-ли 1936 дар деҳаи Пасурхӣ (но-ҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё) дар оилаи деҳқон (боғбон) таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон. Соли 1954 мактаби тоҷикии ба номи Горкийи зодгоҳашро хатм карда, ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 1959 ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор гузашт. То соли 1970 дар идораи маҷаллаи «Тоҷикистон», шуъбаи адабию драмавии радиои ҷумҳурӣ ва рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») дар вазифаҳои мухталиф кор кард. Соли 1972 аспирантураи назди Академияи улуми Тоҷикистонро хатм намуда, дар мавзӯи «Лирикаи назми шуравии тоҷик (солҳои 30)» рисолаи номзадӣ навишт. Ҳафт соли умраш (1978-1984) ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон гузашт...»
– Ба  «Овози тоҷик» кай ва чӣ хел ба кор омадед? – мепурсам аз устод.
–  Соли 1984 буд. Барои нигоҳубини падари пир ба зодгоҳ баргаштам. Нусхае аз рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба дастам афтод. Эълоне дошт: «Рӯзнома дар ҷустуҷӯйи мухбир дар вилояти Сурхондарё аст!» Зуд ба номи сардабир Шавкат Ниёзов номае навиштам. Мухтасар буд номаи ман: «Қалам ҳаст, хоҳиш ҳаст, мошин ҳаст! Узви Иттифоқи журналистони ИҶШС, Истад Қосимзода.» Маро барои суҳбат ба Тошканд даъват карданд. Пас аз дидору мулоқот ҳамроҳи шодравон Шавкат Ниёзов ба як идораи бонуфузи ҳизбӣ рафтем ва ба ман расман ҳуҷҷати рӯзномаро супориданд, ки дар он харбарнигори рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё сабт шуда буд. Ҳамин тавр ман байни ду вилоят мокувор давида, то ибтидои соли 1991 дар ин вазифа кор кардам. 
Бале, «Овози тоҷик» он замон обрӯманд буд ва бо теъдоди зиёд ба нашр мерасид. Истад Қосимзода дар байни аҳли қалам зуд мавқеъ ёфт. Ӯ дар ҳама жанрҳои журналистика мақолаҳо менавишт, дар жанри фелетон дасти тамом дошт. Фелетонҳояш вайро зуд машҳур карданд. Дере нагузашта, ҳам хонандагон шинохтандаш ва ҳам раҳбарон. 
– Барои обунаи «Овози тоҷик» дар вилоятҳои Сурхондарёву Қашқадарё идорае намонда буд, ки сар нахалонда бошам, – ба ёд меорад ӯ  такопӯйи он солҳои ҳаёти худро. – Хеле меҳнат мекардем. Бо муштариёни худ робитаи зич доштем. Хоса, ба мактуби хонандагон эътибор баланд буд. Агар навиштаҳои хонандагон сарфи назар шаванд, оҳиста-оҳиста робитаҳо низ қатъ меёбанд. Он замонҳо тоҷикон бедортар буданд, ору номусашон пойбарҷо буд – ба фарқи сиёҳу сафед мерафтанд, ғолибан, қандро аз қурут зуд ҷудо мекарданд. Рӯзномаҳо чашми ҳукумати вақт ба ҳисоб мерафтанд!

Вай аз тағйири муносибати ҳаммиллатон ба мактабу маорифи тоҷик, китобу рӯзномаҳо, хуллас, ба арзишҳои маънавии миллиамон дар Ӯзбекистон ҳайрон шуда, ноаён ҷабин чин мекунад. Боз байни мо баҳс бобати рӯзномаву хонандаи «хоболуди он» гарм мешавад... 
Ман ин баҳси охираш нопайдоро муддате гӯш карда, аз устод пурсидам: 
– Рӯзномаи «Садои Сурхон» чӣ хел арзи ҳастӣ кард?
– «Садои Сурхон» барои ман чун фарзандам хеле азиз аст ва лаҳзаи тавлиди онро хеле хуб дар ёд дорам. Гелдимурод Саидмаликов, сармуҳаррири рӯзномаи «Ленин байроғи» (ҳоло «Сурхон тонги») маро даъват карда гуфт, ки барои тоҷикон як рӯзномаи алоҳида ба нашр расонем, чӣ хел мешавад? Як сол ин ҷониб саҳифаи сеюми «Ленин байроғи»-и вилоят ба забони тоҷикӣ нашр мегашт ва масъули он Эркин Муқимов буд. Барои ҳар рӯзнома саҳифаи сеюм хеле муҳим ҳисобида мешуд. Зеро маводи он, ки бештар адабӣ, маънавӣ ва маърифатӣ буданд, хонандаи зиёд доштанд. «Ленин байроғӣ», ба гуфтаи сармуҳаррираш, саҳифаи сеюми худро аз даст дода, аз хонандагони сершумораш маҳрум гашта буд, ё шояд ҳамин саҳифаи тоҷикӣ ба чашми баъзе кӯрдилон мисли хор мехалид, хуллас, масъалаи ташкил намудани рӯзномаи алоҳидаи тоҷикӣ пеш омад. Ман ин пешниҳоди Гелдимурод Саидмаликов, фарзанди фарзонаи туркмантаборро ҷонибдорӣ кардам ва ҳукумати вақти вилоят авохири соли 1990 барои таъсиси як рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Садои Сурхон» иҷозат дод. Индекси обунаро он  замон Маскав медод. Ман ба Маскав рафтаву аз Почтаи умумииттифоқӣ индекси обунаро гирифтам...  
– Оё нашри нахустин шумораи «Садои Сурхон»-ро дар ёд доред?
Устод қомати худро рост гирифта, хаёле ба он замонаи дур рафт, ба ҳар кадоми мо алоҳида нигарист ва моро комилан гӯшу ҳуш ёфта, ба нақл пардохт: 
– Арафаи Соли нави 1991 буд. Барфи зиёде боридагӣ. Сармуҳаррир, ман, ҷонишини сармуҳаррир Турдиқул Ҳасратов, котиби масъул Исмат Ҳалимов, кормандон Боймурод Шарифов, Искандар Халилов (Музаффарзода), Муҳаббат Қосимова... барои нашри рӯзнома дар матбаа ҷамъ омадем. Намояндагон аз ноҳияҳо низ ҳузур доштанд. Бо роҳбарии Муҳаммадӣ Ҷӯраев тамоми кормандони матбаа дар садади як воқеаи таърихӣ даст ба кор буданд ва ҳама интизорӣ мекашиданд, ки пас аз нашри рӯзнома ба хонаҳо раванд ва дар сари дастархони Соли нав хурсандӣ кунанд. Ҳуруфчини матбаа беист маводи омодашударо мечид. Ин замон барқ хомӯш гашт. Дар сар фикрҳои мухталиф пайдо мешуд. «Боз бадбинӣ, боз нотавонбинӣ, халал расонданҳо...» 
Аммо маълум гардид, ки дар қарибии меҳмонхонаи «Шарқ» садамае рух дода, ноқили барқ тахриб ёфтааст. Зуд ба идораи барқи ноҳия рафтам. Ба сарвари он ҷаноби Пак, марди ситорагарми корейстабор, арзи муддао кардам. Мо ҳамроҳ ба маҳалли садама омадем. То ин дам мардум барфи он ҷойро тоза карда буданд, аммо имкони бел задан набуд – замин ях баста буд. Раҳбари идораи барқрасони ноҳияи Деҳнав экскаватор ёфт ва он техникаи девкор дар як дам чоҳе канд. Симҳои тахрибшударо пайдо намудем, аммо мутахассис набуд, ки онҳоро васл созад. Ҷаноби Пак худ ин корро ба сомон расонид. Ман аз ин марди наҷиб то дунё ҳаст, сипосгузорам. Баъд дубора корҳо шурӯъ шуданд ва хуллас, мо соати даҳи шаб рӯзномаро аз дасти чоп гирифтем. Даста-даста «Садои Сурхон»-ро  гирифта оғӯш мекардем, бӯй мекашидем, ба чашм мемолидем. Нашри нахустин шумораи рӯзнома бароямон басо дилнишин ва нишотангез буд. Бо ашкони шашқатору дар бағал бастаҳои рӯномаи тоҷикӣ, ба хонаҳои худ пароканда шудем. Ману Турдиқул Ҳасратов пиёда то вокзали роҳи оҳан омада, ба истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё расидем. Чун ба шаҳраки Шарғун омада ба хона даромадам, ақрабаки соат рӯйи 12.00 қарор гирифта буд, Соли нави 1991 оғоз гардид...
Устод қиссаи нашри нахустшумораи «Садои Сурхон»-ро нақл карда, инони гиряро сар дод. Қомати хамидааш хаёле ларзид. 
– Ин ҳам ашки шодӣ аст, ҳам ашки ҷудоӣ, – гуфт ниҳоят худро ба даст гирифта. – Ҳамин хел аз домани «Овоз...» ба оғӯши «Садо...» омадам. То соли 1996 сармуҳаррири рӯзнома будам. Нашри ҳар шумораи «Садои Сурхон» бароям ҳукми як ҷашни мутантанро дошт.
– Баъд чӣ шуд, ки аз кори табъу нашр канор рафтед?
– Хостам аз пайи эҷод шавам ва аз як ҷиҳат хуб ҳам карда будаам. Минбаъд романҳои «Ялафканд» ва «Тиллоҳои амакам»-ро навиштаву дар шакли китоби алоҳида нашр намудам. Ба кори тарҷумаи бадеӣ дасту остин барзадам. «Рӯзгори мозӣ»-и Абдулло Қодирӣ, «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов, «Кимёгар»-и Пауло Куэло, «Сиёсатнома», Поэтика», «Китоби бузурги ахлоқ»-и Арасту, «Саодатнома»-и Юсуф Хос Ҳоҷибро тарҷума ва нашр кардам... 
Қосимзода даҳ соли умри худро дар нашриёти «Адиб» гузаронида, дар тарҷума ва нашри китоби афсонаҳои мардумии Корея, Арманистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Белорус саҳми арзандае гузоштааст. Чаҳор ҷилди (4, 5, 6, ва 7) романи нӯҳҷилдаеро дар бораи Ҳайдар Алиев, Президенти собиқи Озарбойҷон, тарҷума кардааст. Хуллас, ӯ ҳамеша даст бо эҷод зиндагӣ карда, барои ғановати адабиёт заҳмат кашидааст. Сари синаи ӯро нишоне оро медиҳад. Устод бо фахр мегӯяд, ки ин нишонро Иттифоқи нависандагони Белорус ба ӯ додааст, ки «Барои хидматҳои шоён дар соҳаи адабиёт ва санъат» ном дорад.
Адиб фаъолияти солҳои охири худро як-як зикр карда, дубора ба ёди ҳамон рӯзномаи дӯстдоштааш – «Садои Сурхон» меравад, ки асосгузораш буд.
– Мо рӯзномаи «Садои Сурхон»-ро аз сифр ба дараҷае расонда будем. Аммо басо аламангез аст, ки он соли 2005 қатъи фаъолият кард ва ин як фоҷеаи миллист. Шароф Каримов (сармуҳаррири вақти рӯзнома) ҳадди ақалл ҳуҷҷатҳои онро ба бойгонӣ насупоридааст. Хаёл кардааст, ки «қаҳрамониҳояш» аз чашми таърих дур хоҳанд монд. 
Устод боз ашк рехт. Аммо ин ашки ҷудоӣ басо талх буд, тазйиқаш баръало ҳис мешуд, ки ба дилҳои мо низ асар кард. 
Ҳини бозгашт, ҳарчанд он хотироти ғамангез дар чеҳраи ӯ соя меафканданд, худро хушнуд вонамуда:
– Мисли «Овози тоҷик» умри дароз бинед, шогирдон, ман аз шумо хеле сипосгузорам, – гуфт даст ба дуо бардошта. – «Овози тоҷик»-ро бояд тоҷикон чун гавҳараки чашм ҳифз кунанд. Вале кушандаи «Садои Сурхон-ро на ман ва на таърих мебахшад. Бигзор, аз он дар бойгониҳо ҳуҷҷате маҳфуз нест, аммо дар ёддоштҳои мо таърихи он рӯзгорон сабт хоҳад шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: