Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2-3 июни соли ҷорӣ аз мамлакатамон бо ташрифи расмӣ боздид ба амал меорад.
Дар рӯзномаи гуфтугӯҳои пешвоёни ду халқи бародар масъалаҳои инкишофи минбаъда ва мустаҳкамсозии муносибати дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ, васеъ намудани ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории муфиди тарафайн ҷой доранд.
Эътибори алоҳида ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки кооператсия дар соҳаҳои савдо, саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва логистика, энергетика ва ҷанбаҳои дигар, инчунин идома додани алоқаҳои зичи анъанавии байниминтақавӣ ва табодули маданиву гуманитарӣ нигаронда мешавад.
Пешбинӣ мегардад, ки роҳбарони давлатҳо инчунин дар бобати мавзӯъҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор менамоянд.
Дар поёни мулоқот ба имзо расондани бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.
Бояд таъкид кард, ки дар доираи омодагӣ ба ташриф дар дараҷаи олӣ, 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе зери раисии сарвазирони ду мамлакат ҷамъомади 9-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ босамар баргузор гардид.
1июн дар шаҳри Тошканд барпо намудани бизнес-форум бо иштироки корхонаҳои пешқадам ва анҷумани илмиву амалӣ бахшида ба масъалаҳои муттасил амиқсозӣ ва боз намудани зарфияти калони шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
ӮзА.