«ОДИЛ ҶУНИОР» – ҒОЛИБИ АССОТСИАТСИЯИ ФУТБОЛИ ӮЗБЕКИСТОН

Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон барои муайян кардани футболбозони навраси соҳибистеъдод ва иштироки онҳо дар Суперлига ва тими яккачини Ӯзбекистон турнир ва мусобиқаҳои гуногун баргузор менамояд.

Инчунин, ҳар сол мобайни Академияи футболи суперлига, мактабҳои маҳорати футбол ва мактабҳои хусусии футбол гузаронидани чемпионати Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ба ҳукми анъана даромадааст.
Ҷамоаи футболбозони наврас аввал дар мусобиқаҳои ҳудудие, ки дар 5 минтақа баргузор гардид, иштирок карданд. Ғолибон барои иштирок дар мусобиқаи финалӣ роҳхат гирифтанд.
Соли ҷорӣ мусобиқаи финалӣ дар варзишгоҳҳои вилояти Намангон баргузор гардид. Онҳо ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар баҳсҳо иштирок карданд.
Дар мусобиқаи нимфиналии байни футболбозони навраси синнашон 14 Академияи футболи «Одил ҷуниор» (Намангон) аз болои Академияи футболи «Насаф» (Қашқадарё) ва футболбозони Академияи футболи «Пахтакор»-и Тошканд аз болои Академияи футболи Андиҷон ғолиб омада, ба финал роҳхат гирифтанд.
Финал ба ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ғолибон дар баҳсҳои 11 метра (пеналтӣ) муайян карда шуданд. «Одил ҷуниор» ба ҳисоби 4:2 олодастӣ нишон дод.
Дар мусобиқаи футболбозони синнашон 16 низ ҷамоаи  «Одил ҷуниор» ва мактаби маҳорати футболи шаҳри Тошканд ба майдон баромаданд. Ин баҳс низ ба ҳисоби 4:2 бо ғалабаи футболбозони «Одил ҷуниор» ба анҷом расид.
Ғолибон бо Ҷоми Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: