ҶАВОНМАРДИВУ РОСТӢ ПЕША КУН

Ӯ тавассути оинаи нилгун филми драмавии ҳарбиву таърихии «Ротаи 9»-ро тамошо мекарду дар оинаи хотираш айёми хидмати ҳарбияш дар Афғонистон падидор мегашт.

Коргардони филм Фёдор Бондарчук, гӯё ҳаёти ӯро ба навор гирифта буд. Зеро ҷанговари байналмилал, сержанти хурд, соҳиби чандин нишонҳо Алишер Муҳиддинов ҳам ҳангоми хидмат чунин лаҳзаҳои пуртаҳлукаро бисёр аз сар гузаронидааст. Бинобар ин аз тамошои филм ба дилаш эҳсоси нохуше фишор оварда, оҳи бадарде кашид. Чунки дар ин ҷанг чанд нафар ҳамсангарони вай ҷавонмарг шуда, ба синаи хешу пайвандон доғи абад гардидаанд.
Алишер баъди хатми мактаби таълими умумии рақами 14-уми зодгоҳаш – деҳаи Кӯл дар комбинати рассомӣ ва ороишдиҳии ноҳияи Самарқанд ба кор сар кард. Пас аз чанде аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифт. Ҷавони қавипайкару ҷисмонан обутобёфта аз назорати тиббӣ гузашта, соли 1986 аз пайи адои қарзи ҷавонмардӣ ба шаҳри Далпереченски кишвари Приморя рафт. Сарбозони ӯзбекистонӣ дар қисми ҳарбии рақами 24-87 ҷой гирифта буданду вазифаашон дифои сарҳади шимолии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Баъди як соли хидмат аз ҳавзаи ҳарбии шимолӣ намояндае омада, машварат ороста гуфт, ки барои хидмат дар Афғонистон ихтиёриён лозиманд.
Чанд нафар пеш баромаданд, ки дар байни онҳо Алишер Муҳиддинов низ буд.  
Рӯзи дигар онҳоро аз Владивосток бо ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе оварданд. Дар мактаби махсуси яке аз ноҳияҳои Кӯлоб, ки ҷанговарони байналмилалро омода мекард, донишҳои ибтидоии ҳарбиро аз худ намуданд. Ҳавои гарм, тайи нишебу фарозҳо онҳоро хаста мекард, рӯзҳои аввал хеле душворӣ кашиданд. Вале тартиб ва интизоми қатъӣ тақозо менамуд, ки мушкилотро паси сар кунанд.
Баъди ду моҳи тайёрӣ гурӯҳи аввалини сарбозон шабона бо чанд мошини зиреҳпӯш вориди хоки Афғонистон гардиданд, аз ҷумла Алишер низ. 
Шароити хидмат дар деҳаи Рустаки Панҷшери Афғонистон хуб набуд, аз ин рӯ аскарон барои иҷрои супоришот аксар вақт ҷони худро дар хатар мегузоштанд. Ба қавле дар ин ҷо ирода, ҷавонмардӣ, садоқати сарбозӣ ба савганди ҳарбӣ аз санҷиш мегузашт.
Қисми онҳо якҷо бо ҷанговарони афғон супоришҳои ҳарбиро итоаткоронаву сарбаландона иҷро мекард. Сарбозон ҳеч гоҳ ҳушёриро аз даст намедоданд ва аз аҳолии таҳҷоӣ дар хусуси ҳуҷуми дастаҳои душманон ба ин ё он минтақа маълумот мегирифтанд. 
– Рӯзе маълумот расид, ки шабона гурӯҳи калони душманони мусаллаҳ ба деҳаи ҳамсоя ворид шудаанд, – мегӯяд Алишер Муҳиддинов. – Мо ба он ҷо омадем. Душманҳо моро бо тиру туфанг «пешвоз» гирифтанд. Ҳатто ду мошини зиреҳпӯши мо – БТР-ро аз ҳаракат боздоштанд. Аммо сарбозон шуҷоат ва маҳорат зоҳир карда, душманро мағлуб ва маҷбур карданд, ки ақибнишинӣ кунад. Дар ин муҳориба аҳолии бегуноҳ низ талафоти калон дид.
Хушбахтона, соли 1989 қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ хоки Афғонистонро тарк карданд. Қисми ҳарбии мо ба Тоҷикистон баргашт. Танҳо баъд аз 8 моҳи хидмат тавонистам ба хона занг занам. Модарам бо изтироб пурсиданд, ки дар куҷо ҳастам?
– Дар Кӯлобам ва баъди чанд рӯз боз ба Русия меравам, – гуфтам. – Аз овози ларзонаш пай бурдам, ки ӯ гиря мекунад.
Баъд аз чанд муддат Алишер Муҳиддинов бо рутбаи сержантӣ ба зодгоҳ баргашт. Сипас, дар вазифаҳои гуногун кор кард.
Инак, чанд сол боз Алишеру додараш Шуҳратҷон бо покшӯӣ машғуланд.
– Аз бекор – Худо безор, – мегӯяд ӯ. – Боиси хушнудист, ки сарвари давлатамон барои илм гирифтан ва бо меҳнати фоиданок машғул шудан тамоми шароитро фароҳам овардаанд. 
Ҳоло ӯ падари панҷ фарзанд ва бобои дуогӯи чор нафар набераҳост. Бо ҳамсари меҳрубонаш Муҳаррам Аҳророва онҳоро таълиму тарбияи хуб додаанд. Фарзандон – Иродаву Шоҳида дар кӯдакистон мураббӣ, Фотима ва Зуҳро иқтисоддон, Амирҷон тадбиркор мебошанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: