РАВШАНГАРИ ДИЛҲО БУД

Дар ҷамъият одамоне ҳастанд, ки мисли як нурафкани бузург зиё бахшидаву шоми тираи одамонро равшан месозанд.

Хираду ақли расои онҳо машъалаи фурӯзоне гашта, роҳи  ҷавонони ҳанӯз навмашқро мунаввар ва ҳамвор месозад. Яке аз чунин мардони фарзона Равшани Эҳсон буд, ки дар кӯҳистони ноҳияи Бойсун зуҳур кардаву ин рисолати равшангариро аз таҳти дил ба сомон расонидааст. 
Вай дар муҳити адабии вилояти Сурхондарё як фарди шинохта ва соҳиби ҷойгоҳи хосе буд. Қаламкаше маҳсуб меёфт, ки суханаш вазн дошт ва нигоштаҳои пурмазмунаш аз ҷониби аҳли назар ғолибан эътироф мегардиданд ва ҳамеша гули сари сабади чорабиниҳои фарҳангӣ мегардид. 
Равшани Эҳсон, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, олими беунвони илми адаб... маҳсуб меёфт, зеро дониши филологии  қавие дошт ва ҳамтоёнаш дар эътирофи дониши ӯ бештар ин таъбирро ба кор мебурданд. Вай ровию маҳфилорои шодирӯзи ҳамзабонон буд ва бо заковати баландаш аҳли маҳфилро тасхир мекард. Ҷое, ки ӯ ҳузур медошт, сухан болу пар мекушод, шеър чун дарёи хурӯшони кӯҳӣ ҷорӣ мегардид. Вақте ин шоири хушбаён сари минбар мебаромад, садои марғуладораш ҳама гуна овозҳоро пахш намуда, аҳли нишастро водор месохт, ки ба ҳар ҳарфаш гӯш диҳанд. Нотиқи гузарое буд ӯ. 
Ин марди шариф моҳи майи соли 1946 дар деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун дар оилаи як марди  заргар дида ба дунёи равшан кушодааст. Таҳсилоти миёнаро дар мактаби рақами 5-уми ноҳия бардоштааст. Зеҳни тезу истеъдоди баландаш аз даврони мактабхонӣ маълум буд ва устодони дабистон дар симои ӯ як олим ва эҷодкори бобарорро медиданд. Ин аст, ки Равшан пас аз хатми мактаби мутавассита соли 1963 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд омад ва донишҷӯйи бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуд. Вай дар ин даргоҳи илм заҳмати фаровоне ба харҷ дод, то донишаш дар соҳаи илми забону адабиёти тоҷик такмил ёбад. Равшани Эҳсон дар байни чандин донишҷӯёни ҳамсоли худ бо дониши баланд ва маҳорати хуби суханварӣ фарқ мекард ва чунин такопӯи шогирди рустоӣ аз назари устодони ин даргоҳи илм дур намемонд. Он замонаҳо дар факултети филологияи тоҷик мисли Шавкат Шукуров, Раҳим Муқимов, Ботурҷон Валихоҷаев, Солеҳ Ҳалимов ва Аслиддин Қамарзода барин олимони пухтакор ба донишҷӯён дарс медоданд ва то кунун шогирдони ин мардони фозил бо сарбаландӣ ба шогирдони мактабҳои зодгоҳи худ дарси адаб медиҳанд. Равшани Эҳсон аз ҳамин устодон илм омӯхта ва махсусан, бо раҳнамоии олими зиндаёд, бедилшинос, профессор Шавкат Шукуров муваффақ гашт, ки адабиёти классикии форсу тоҷикро бештар омӯзад ва аз он баҳри бекарон дурдонаҳо бичинад.
Банда пасон ба донишгоҳ қабул шудаву шоҳиди он будам, ки ҷавонони он давр, хоса дӯсти мо Равшани Эҳсон,  ба андӯхтани илм чӣ хел ҳарис ва иштиёқманд буданд. Дар ҳалқаи чунин донишҷӯён ҳузур доштан ва аз такопӯи илмомӯзии онҳо завқ бурдану пайравӣ кардан барои ман бахте буд. 
Вақте Равшани Эҳсон донишгоҳро хатм кардаву ба зодгоҳаш деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун баргашт, устод Шавкат Шукуров бо таассуф ба мо – шогирдони кеҳтари худ мегуфт, ки Равшан бекор ба деҳа баргашт, аз ӯ як олими хубе мебаромад. Муҳити деҳа ба равнақи ақл ва илми кас мусоидат намекунад. Ин олими забардасти тоҷик раҳбари кори дипломии Равшани Эҳсон буд ва хуб медонист, ки дониши шогирди ӯ дар чӣ поя қарор дорад. Вай баъдтар гуфта буд, ки агар Равшани Эҳсон кори дипломии худро андаке такмил медод, як рисолаи номзадӣ ба илм омода мегардид. Аммо шароити хонаводагӣ, хоса бепарастор мондани волидони пир Равшанро водор сохта буд, ки орзую омоли худро дар қаъри дил гӯр карда, хоҳиши қиблагоҳи барнодилашро аз ҳар гуна унвонҳо баланд гузошта, ба зодгоҳ баргардад ва рисолати фарзандии худро бекаму кост иҷро созад. Ин тавр, Равшани Эҳсон ба Бойсун баргаштаву дар мактаби рақами 3-юми ноҳия ба кори омӯзгорӣ шуғл варзид ва дар зудтарин фурсат дар байни ҳамтоёни худ чун омӯзгори навпардоз ва соҳиби тахассуси баланд эътироф гардид. Баъдан корро дар мактаби рақами 33-юми Бибиширин идома дод ва то синни нафақа ин ҷо ба таълиму тадриси фарзандони мардум машғул гардид. Вақте солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар Ӯзбекистон ҳам фанни забон ва адабиёти тоҷик дар феҳрасти озмунҳои фаннӣ ворид гардид, хушнудии устодонро ҳадду каноре набуд. Акнун шогирдони дастпарвари онҳо низ метавонистанд байни худ сабқат кунанд ва дониши худро аз рӯйи шартҳои он бисанҷанд. Ин навъ, чандин шогирди Равшани Эҳсон – дар озмунҳои забон ва адабиёти тоҷик миёни мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ ширкат варзида, мақоми якуму дуюми онро забт намуданд ва обрӯи мактабу устоди худро дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардоштанд. Махсусан, Шариф Холов, Абдунабӣ Бозоров ва Шодия Бӯриева  чандин сол дар озмунҳо ширкат варзидаву ғолибият ба даст оварданд, ки ин ҳама натиҷаи саъю эҳтимоми устодашон Равшани Эҳсон буд. Вай аз шогирдони худ тақозо мекард, ки бештар луғат ва шеър азёд кунанд. 
«Дарси муаллим ар бувад, 
замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба дарс оварад 
тифли гурезпойро». 
Ба суолҳои мо бо ин байти машҳур посухи муҳкаме медод Равшани Эҳсон ва шоҳидаш будем, ки ӯ ҳар дарси худро тавре мегузашт, ки он саршор аз муҳаббат ва самимият буд. 
Равшани Эҳсон машқи шеър низ мекард ва чакидаҳои хомаи ӯ дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро медиданд. 
Аммо 16 сол қабл аз ин, дар интиҳои баҳори соли 2007 қалби пуршӯри ин омӯзгори чирадаст, инсони хоксору фурӯтан аз тапидан бозмонд. Бойсун азизтарин фарзанд, асилтарин тоҷикро аз даст дода буд. Минбаъд аҳли хонавода ва шогирдони баномусаш маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи «Ашки санг» ба нашр расонда, рӯҳашро шод сохтанд. Шоир вазъи ниҳоят нигаронкунандаи ҳаммиллатони худро дар як байт хеле муассир ифода кардааст:
Чун пиёзам, ҳар қадар 
саркӯб бинмоед, боз,
Ман диламро хӯрда-хӯрда 
сар ба боло мекашам.
Ёду номи накӯят гиромӣ бод, дӯсти арҷманд, ҳампешаи азиз! 

Абдумӯъмин ҲАКИМОВ, 
собиқ омӯзгори мактаби рақами 7-уми деҳаи Кӯшкаки ноҳияи Бойсун.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: