Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ 19 декабр бо сафари корӣ барои иштирок дар тантанаҳои маросими супурдани Ҷоизаи олии байналхалқӣ дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгарӣ ба кишвари мо омад.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ 19 декабр бо сафари корӣ барои иштирок дар тантанаҳои маросими супурдани Ҷоизаи олии байналхалқӣ дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгарӣ ба кишвари мо омад.
Дар аэропорти байналхалқии Тошканд меҳмони олиро Президенти кишварамон истиқбол намуд.
Дар ҳудуди Маркази байналхалқии соҳибкории «Tashkent city» маросими кушоиши ёдгорие, ки саъю кӯшиши ҷомеаи байналхалқиро бар алайҳи тамаъгарӣ таҷассум менамояд, баргузор шуд.
Дар маросими тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ иштирок карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ёвари Котиби генералии СММ Александр Зуев ва шахсони расмии кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд.
Композитсияи нуздаҳметраи аз филизи шаффоф дар шакли дасти ба боло бардошташуда бо панҷаҳои кушод софдиливу покизагии орзуву омолҳо, куллан напазируфтани тамаъгарӣ ва даъвати кулли ҷаҳониён барои муттаҳид шудан дар мубориза ба муқобили он таҷассум ёфтааст.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ дар маросими супурдани Ҷоизаи олии байналхалқӣ дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгарӣ, ки дар Маркази ҷамъомадҳои шаҳри Тошканд баргузор шуд, иштирок карданд.
Дар чорабинӣ намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, ҳайати зиёда аз 40 кишвар, аз ҷумла тамоми барандагони ин мукофоти байналхалқӣ низ ширкат ҷустанд.
Бояд қайд кард, ки ҷоизаи бо ташаббуси Амири Қатар таъсисёфта, аз соли 2016-ум ҳар сол ба арбобони ҷамъиятӣ, коршиносону журналистон ҳамчун нишони эътирофи саъю кӯшишҳои онҳо бобати аксуламал ба тамаъгарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ супурда мешавад.
Роҳбари Ӯзбекистон иштирокдорони анҷуманро хайрамақдам гуфта, ба Амири Қатар ва Раёсати СММ оид ба нашъа ва ҷинояткорӣ барои пешниҳодашон бобати гузаронидани чорабинии мазкур дар Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор кард.
Сарвари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки алҳол Қатар маркази ҳамкорӣ ва дипломатияи ҷаҳонӣ мегардад, ки бомуваффақият ва дар сатҳи баланд гузаронидани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, Конфронси байналхалқӣ бо иштироки кишварҳои камрушд, Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «Экспо Доҳа – 2023», бисёр дигар ташаббусҳои байналхалқӣ аз ин шаҳодат медиҳанд.
Ба дараҷаи куллан нав бардошта шудани муносибатҳои ӯзбекистониву қатарӣ, ибтидо гирифтани як қатор лоиҳаҳои бузурги муштарак бо қаноатмандӣ зикр гардиданд. Таъкид шуд, ки баргузор намудани анҷумани ҳолоина шаҳодати умумият ва ҳамоҳангии ҳадафҳои ду мамлакат ба шумор меравад.
Тавре ки Президенти Ӯзбекистон таъкид сохт, таъсис додани ҷоизаи ҷаҳонӣ дар соҳаи аксуламал алайҳи тамаъгарӣ, ки аз ҷумлаи мушкилоти рӯзмарратарини ҷаҳони зудтағйирёбандаи кунунӣ ба шумор меравад ва гузаронидани маросими супурдани ҷоизаи мазкур дар тамоми қитъаҳо сазовори эътирофи васеъ аст.
– Зеро мубориза алайҳи тамаъгарӣ вазифаи муқаддаси ҳар як инсони софвиҷдон, ҳар кадом ҷомеа ва давлати демократӣ мебошад, – зикр кард Шавкат Мирзиёев.
Бинобар суханони ӯ эътироф намудани хидмат ва супурдани ин мукофоти бонуфуз ба шахсиятҳое, ки дар мубориза алайҳи тамаъгарӣ дар ҷаҳон фаъолона иштирок карда, саҳми сазовор гузоштаанд, барои мутақимона ва пурра ба ҳаёт татбиқ гардидани Баённомаи СММ бар муқобили тамаъгарӣ, ки соли 2003-юм қабул шудааст, мусоидат менамояд.
Роҳбари кишвари мо изҳор дошт, ки тамаъгарӣ ин таҳдидест, ки асоси тамоми инсоният, кулли ҷамъиятҳоро хароб мекунад, ба иқтисодиёт зарба мерасонад, равандҳои волоияти қонунро вайрон карда, эътимоди мардумро ба сиёсати давлат коҳиш медиҳад, ба рушди идораҳои демократӣ монеа мегардад.
Мувофиқи таҳлилҳо ҳоли ҳозир зарари аз тамаъгарӣ ба ҷаҳон расида, тақрибан 3 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Вале, ман фикр мекунам, ин рақами бузург ҳолати воқеӣ ва миқдори ҳақиқии зарарро пурра инъикос намекунад», – таъкид кард сарвари Ӯзбекистон.
Президент Шавкат Мирзиёев зикр намуд, ки алҳол дар мубориза алайҳи тамаъгарӣ Ӯзбекистон ислоҳоти мунтазами ҳуқуқӣ ва идоравиро татбиқ менамояд, бо СММ, СҲИР ва дигар сохторҳои бонуфузи байналхалқӣ ҳамкорӣ мекунад. Қонун дар бораи аксуламал нисбати тамаъгарӣ қабул гардид, Оҷонсии дахлдор, ки ба он ваколатҳои махсус дода шудаанд, созмон ёфт.
Механизмҳои зудамале, ки ба таъмин сохтани ошкорбаёнӣ, фаъолияти рӯшод ва баланд бардоштани масъулияти ҳукумат, коҳиш додани бюрократия ва содатар кардани хидматҳои давлатӣ, пешгирии тамаъгарӣ нигаронида шудаанд, васеъ ҷорӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар тамоми идораҳои давлатӣ низоми назорати маҷмӯӣ ва баҳодиҳӣ ба кори самаранок ҷорӣ карда шуд. Харидҳои давлатӣ куллан рақамӣ кунонида шуданд.
Ӯзбекистон соли 2021-ум узви Хартияи байналхалқии маълумоти кушод гардид, дар Барномаи истанбулии ҳаракатҳо, Шабакаи таъҷилии ҷаҳонӣ, гурӯҳҳои авроосиёӣ ва эгмонтӣ, бисёр платформаҳои дигар самарабахш иштирок мекунад, вазифаи Котибияти Шабакаи бозгардонии маблағҳо ба давлатҳои Ғарб ва Осиёи Марказиро иҷро менамояд.
Ҳар сол дар Тошканд Анҷумани байналхалқии зиддикоррупсионӣ, ки ба анъана табдил ёфтааст, гузаронида мешавад.
Солҳои охир дар индекси «Trans-parency International» кишвари мо 42 зина боло рафт ва дар минтақа пешсаф буда, мақсад гузошта шуд, ки то соли 2030-юм мақоми Ӯзбекистон дар рейтинги мазкур боз ба 50 зина баланд бардошта шавад.
Дар рейтинги «Open Data Inventory» Ӯзбекистон ба ҷойи 30-юм баромад, бинобар миқдори манбаъҳои маълумоти кушод бошад, дар ҷаҳон ҷойи 4-умро ишғол менамояд.
Сарвари давлати мо изҳор дошт, ки «Дар Ӯзбекистони Нав ислоҳоти демократӣ ҷиҳати бебозгашт пайдо мекунанд, ҳамчунин мо дар назди худ бобати аксуламал ба тамаъгарӣ нақша ва вазифаҳои бузург гузоштаем».
Ба мақсади муваффақ шудан ба онҳо роҳбари давлат як қатор таклиф ва ташаббусҳоро пеш гузошт.
Пеш аз ҳама Стратегияи миллӣ оид ба мубориза алайҳи тамаъгарӣ то соли 2030-юм коркард ва татбиқ карда мешавад.
Дар он ба минбаъд таъмин кардани шаффофияти фаъолият ва баланд бардоштани ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ, такмил додани низоми маълумоти кушод, таҳким додани асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои идоравӣ дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгарӣ эътибори махсус дода хоҳад шуд.
Ӯзбекистон ҳамчунин дар ташаббусҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, лоиҳаҳои нави соҳаи аксуламал ба тамаъгарӣ фаъолона иштирок хоҳад кард. Имконияти Платформаи минтақавии Баённома алайҳи тамаъгарӣ, ки моҳи ноябри соли равон дар Тошканд ба роҳ гузошта шуд, васеъ истифода бурда мешавад.
Баробари ин созмон додани Маркази тадқиқоти минтақавӣ оид ба мушкилоти тамаъгарӣ барои мубодилаи таҷриба ва пурзӯр кардани мулоқот, гузарондани корҳои илмӣ бо фаъолона ҷалб намудани созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин ҳамкории қарини тарафайни Оҷонсии миллӣ оид ба аксуламал ба тамаъгарӣ бо муассисаҳои соҳавии хориҷӣ пурзӯр карда мешавад, ки имкониятҳои идораи мазкурро беш аз пеш зиёд мекунад. Дар пояи таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ механизмҳои нав, аз ҷумла идораи «омӯзиши пешакӣ»-и санадҳои тамаъгарӣ – тафтишоти зиддикоррупсионӣ ҷорӣ карда хоҳанд шуд.
Ташаккул додани насли нав, ки ба ӯ аз бачагӣ «сӯзандоруи поквиҷдонӣ» гузаронида шудааст, вазифаи аввалиндараҷа муайян гардид. Дар мамлакат васеъ ҷорӣ намудани барномаи Захираи ҷаҳонии СММ оид ба маърифати зидди тамаъгарӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии зиддитамаъгарии ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин гузаронидани анҷумани ҷаҳонии матбуотиро барои истифодаи самарабахши имконияти журналистон ва минбаъд баланд бардоштани таъсири онҳо дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгариро пешниҳод кард.
Дар анҷоми суханронии худ роҳбари давлат тамоми барандагони ҷоизаи бонуфузро аз таҳти дил муборакбод намуда, ба онҳо дар саъю кӯшишҳояшон бинобар таъмин сохтани адолат комёбиҳои бузург орзу кард.
Президенти Ӯзбекистон якҷо бо Амири Қатар бо тантана ҳайкалчаи Ҷоизаи олии байналхалқӣ дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгариро ба барандагони он супурд.
Ҷоиза дар номгӯйи «Барои дастовард дар мубориза алайҳи тамаъгарӣ» ба раиси собиқи Созмони байналхалқии «Transparency International» Хосе Карлос Угас Санчес Морено (Перу) супурда шуд.
Дар номгӯйи «Тадқиқоти илмӣ ва маърифатӣ» профессори Донишгоҳи миллии Сингапур Ҷон Куа (Сингапур) ва профессори Донишгоҳи Загреб Сунчана Роксандич (Хорватия) соҳибҷоиза гардиданд.
Ҷоизаҳо «Барои ҷавонони фаъол дар мубориза ба муқобили тамаъгарӣ» ба созмонҳои ғайридавлатии «Youth4IntegrityBuilding» (Кения) – ба директор Дамарис Асве ва «All4Integrity» (Португалия) – ба асосгузори он Андре Корреа Д’Алмейде супурда шуданд.
Дар номгӯйи «Инноватсияҳо ва тадқиқоти журналистӣ» хабарнигор-тадқиқгар Клэр Рюкасл-Браун (Британияи Кабир) ва собиқ роҳбари шуъбаи зидди тамаъгарии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир Фил Мейсон барандагони ҷоиза гардиданд.
Дар номгӯйи «Ҳифзи варзиш аз тамаъгарӣ» журналист ва барандаи «ВВС» Вайхиг Мваура (Кения) ва муҳаррири оҷонсии иттилоотии «Central European News» Шантана Куха Рэй (Ҳиндустон) соҳибони ҷоиза гардиданд.
Пас аз маросими тантанавӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ баргузор шуд.
Дар оғози суҳбат роҳбари Ӯзбекистон Амир ва халқи бародари Қатарро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлол самимона муборакбод намуд.
Дар навбати худ Амири Қатар ба роҳбари кишвари мо барои дар сатҳи баланд гузаронида шудани маросими супурдани Ҷоизаи байналхалқӣ дар соҳаи мубориза алайҳи тамаъгарӣ, ҳамчунин барои меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ изҳор кард.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи мулоқоти сиёсӣ, вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва маданиву инсонпарварии байни ду мамлакат баррасӣ шуданд.
Робитаҳои мунтазам ва табодулот дар тамоми дараҷаҳо, ки идома доранд, бо қаноатмандӣ қайд гардиданд. Соли равон ҳайатҳои дипломатии ду мамлакат дар шаҳрҳои Тошканд ва Доҳа кушода шуданд. Ҳаҷми савдои тарафайн меафзояд, татбиқсозии лоиҳаҳои бузург бо иштироки ширкатҳои номдори Қатар оғоз ёфт.
Ба пешбурди лоиҳаҳои нави муштараки сармоявӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», саноат, хоҷагии қишлоқ, рушди инфрасохтор, соҳаҳои бонку молия, таълим, нигаҳдории тандурустӣ ва сайёҳӣ эътибори махсус дода шуд.
Роҳҳои минбаъд вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҷониби Қатар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани наздисарҳадии Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуд.
Муҳимияти ташкил намудани ҷамъомади аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Шӯрои корчаллонӣ ва анҷумани тиҷоратӣ моҳи феврали соли 2024 дар шаҳри Доҳа таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву инсонпарвариро дар соли оянда муҳокима карданд.
Ба мақсади таъмин сохтани иҷрои саривақтии муоҳидаҳо сарони Ӯзбекистон ва Қатар бо пешниҳоди созмон додани Шӯрои ҳамоҳангсоз дар сатҳи роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду мамлакат ба мувофиқа расиданд.
Ташаббуси роҳбари давлати мо бобати дар Ӯзбекистон таҳти сарварии СММ созмон додани Маркази минтақавии мубориза алайҳи тамаъгарӣ дастгирӣ карда шуд.
Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ низ мубодилаи афкор ба амал омад.
Бо ҳамин сафари кории Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ ба кишвари мо анҷом ёфт.
ӮзА.