Қитъаи аз ҳама тезтар гармшавандаи сайёраамон маълум шуд

Олимон муайян карданд, ки кадом қитъаи Замин тезтар гарм мешавад. Маълум шуд, ки он Аврупо аст.

Дар соли 2022 Аврупо нисбат ба давраи пеш аз саноатӣ 2,3 дараҷа гармтар буда, гармтарин соли рекордӣ барои чандин кишварҳо: Франсия, Олмон, Италия, Португалия, Испания ва Британияи Кабир шуд.

Дар Аврупо аз соли 1980 инҷониб дараҷаи гармшавии сатҳи глобалӣ ду маротиба афзудааст. Ба фикри олимон, ҳарорати миёнаи сайёра аз миёнаҳои асри XIX то 1,2 дараҷа боло рафтааст.

Гармӣ боиси ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво: мавҷҳои гармии ғайримуқаррарӣ, хушксолӣ ва тӯфонҳо мегардад. Иқлимшиносон таъкид мекунанд, ки ҳар қадар ҳарорат баланд шавад, ҳамон қадар ҷиддӣ мешавад.

Ҳоло кишварҳои қашшоқ бештар аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд. Аммо оқибатҳои он дар тамоми ҷаҳон, минтақаҳои нимкураи Шимолӣ ва атрофи қутбҳо бадтар мешаванд.

Масалан, дар Аврупо ҳарорати баланд хушксолиро шадидтар карда, оташи ҷангалро ба вуҷуд овардааст. Бар асоси гузориши оҷонсии «Коперник» дар мавриди тағйироти иқлим, бар асари гармӣ 16 ҳазор нафар аз олам чашм пӯшидааст ва обу ҳавои шадид 2 миллиард доллар зарари моддӣ расондааст.

Дар соли 2022 пиряхҳо дар кӯҳҳои Алп ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфтанд. Ҳарорати миёнаи сатҳи об дар қисми шимолии уқёнуси Атлантика ба дараҷаи баландтарин дар таърихи мушоҳидаҳо расид, дараҷаи гармшавӣ дар қисми Шарқии баҳри Миёназамин, Балктика ва баҳри Сиёҳ, инчунин дар Арктикаи ҷанубӣ се баробар аз дараҷаи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст.

Миқдори боришот дар аксари қитъаҳои Аврупо аз меъёр камтар шуд. Соли гузашта мизони баландтарини радиатсияи офтоб дар 40 соли охир сабт шудааст, хабар медиҳад mir 24.tv.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: