Аввалин бор дар таърихи Ӯзбекистон истеҳсоли маҳсулоти синтетикии дизелии GTL ба роҳ монда шуд

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, 15 июни соли ҷорӣ дар корхонаи “Uzbekistan GTL” бори нахустин дар таърихи Ӯзбекистон истеҳсоли нафти синтетикӣ ба роҳ монда шуд.

Дар заводи “Uzbekistan GTL”, ки бо ғоя ва ташббуси Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев сохта шудааст ва таҳкурсии Эҳёи сеюми Ӯзбекистони Нав мебошад, бори аввал дар таърихи саноати нафту гази Ӯзбекистон истеҳсоли маҳсулоти синтетикӣ оғоз ёфт.  

Ин воқеа марҳилаи нави технологӣ дар рушди саноати замонавии нафту кимиё ва коркарди нафту гази ҷумҳурӣ ва рамзи оғози истеҳсоли сӯзишвории синтетикии моеъ дар Ӯзбекистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки ин рӯйдоди фараҳбахш 29 июни соли 2022 дар таърих сабт шуд. Раиси раёсати  ҶС «Ўзбекнефтгаз» Меҳриддин Абдуллаев расман эълон намуд, ки дар заводи  «Uzbekistan GTL» дар таърихи саноати нафту гази Ӯзбекистон маҳсулоти дизелии синтетикӣ истеҳсол ва гирифта шуд.

М.Абдуллоев таъкид кард, ки корхонаи «Uzbekistan GTL», ки бузургтарин корхонаи саноати нафту гази кишвари мо ва умуман дар минтақа ба шумор меравад, бори аввал дар таърихи саноати нефту кимиёи Ӯзбекистон ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ кард ва маҳсулоти аввалини сӯзишвории синтетикиро гирифтанд ва ҳамаи коркунон ва ҷамоаи иттиҳодияи «Узбекнефтегаз»-ро бо ин муваффақият муборакбод намуд.

Таъкид гардид, ки корҳои асосии ба истифода додани завод, аз ҷумла таъмини кори синхронии тақрибан 11 ҳазор адад таҷҳизот ва агрегатҳои асосии истеҳсолӣ, инчунин назорат ва идоракунии пурраи онҳо аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон - муҳандисони ватанӣ  ва мутахассисони ҷавони заводи «Uzbekistan GTL», бе иштироки бевоситаи мутахассисони хориҷӣ мустақилона амалӣ карда мешаванд.

Мувофиқи созишномаҳое, ки ба даст омадаанд, ба комбинати маъдани кӯҳии  Навоӣ аввалин партияи дизели синтетики ба миқдори панҷ ҳазор тонна фиристода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин корхона 3,6 миллиард метри мукааб гази табииро коркард намуда, 1,5 миллион тонна маҳсулоти моеъи тайёр истеҳсол мекунад. Аз ҷумла, 307 ҳазор тонна авиакеросин, 724 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 437 ҳазор тонна нафт, 53 ҳазор тонна гази моеъ истеҳсол карда хоҳад шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҶС "Ўзбекнефтегаз".

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: