Рӯзи душанбе сухангӯи сарвари давлат барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ брифинг баргузор кард.
Рӯзи душанбе сухангӯи сарвари давлат барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ брифинг баргузор кард. Баргузории он ҳар ҳафта ба ҳукми анъана даромадааст. Ин дафъа Шерзод Асадов суҳбаташро аз он шурӯъ намуд, ки ҳафтаи сипаришуда дар ҳаёти мамлакат кадом таҳаввулоти муҳим ба вуқӯъ пайваст ва ҳафтаи равон кадом рӯйдодҳо аз таҳаввулоти муҳими кишварамон хоҳанд буд.
– Тавре ки хабар доред, 10 май Президенти мамлакат бо корҳое ошно шуд, ки ба тақдимоти ривоҷи хизматҳои давлатӣ вобаста буд. Дар пайи он Шавкат Мирзиёев ба дастандаркорони ин соҳа супориш дод, ки маълумоти мавҷудаи ташкилоту муассисаҳо рақамӣ гардонида ва ба коғазбозию бюрократия роҳ дода нашавад, – гуфт Шерзод Асадов. – Сарвари давлат сода намудани хидмат ба мардуми кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба онро бо қатъият тақозо намуд, то ки бар ин асос одамон битавонанд ба таври самарабахш ва куллан бароҳат аз ин хизмат бархудор шаванд.
Вай тазаккур дод, ки Шавкат Мирзиёев бори нахуст бо нахуствазири Япония Ёсихидэ Суга мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Маълум шуд, ки бо ибтикори шарикони японии мо тамоми ҷанбаҳои ҳамкориҳо муфассал муҳокима карда шудаанд. Инҳо тамосҳои дипломатӣ, мубориза бо пандемия, тиҷорат, савдо, сармоягузорӣ, инноватсия, тандурустӣ, маориф, муҳити зист ва соҳаҳои дигарро фаро гирифтаанд. Япония Ӯзбекистонро шарики муҳим дар минтақа арзёбӣ кардааст ва омодагии худро барои тамоми ҳамкориҳои манфиатбахш баён доштааст.
Ҳафтаи сипаришуда Шавкат Мирзиёев сарони давлатҳои Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро бо иди Фитр муборакбод намуд.
– 14 май дар мулоқоти ӯ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода танҳо масъалаҳо ҳамкориҳои амалӣ барои дарозмуддат матраҳ шуд. Шавкат Мирзиёев дастур дод, ки суръати омодагиҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро биафзоянд ва зимни ташрифи ӯ ба Тоҷикистон ба шартномаҳои аслан воқеъӣ сарукор дошта бошанд. Яъне ҳамаи шартномаҳо бояд асоснок ва манбаъи таъминоти молиашон, иҷрокунандагони он ва муҳлаташон дақиқ нишон дода шаванд. Ягон қатъномаҳои чаҳорчӯба ба имзо намерасанд, – таъкид варзид Шерзод Асадов.
Шерзод Ассадов аз он ёдовар шуд, ки дар рӯзҳои иди Рамазон Шавкат Мирзиёев аз маркази гематология ва онкология боздид намуд. Гуфта шуд, ки бинои Маркази ҷумҳуриявии гематология солҳои 60-уми қарни гузашта эъмор шудааст ва ба талаби имрӯз ҷавоб дода наметавонад. Барои ҳамин сарвари давлат амр кардааст, ки марказ ба бинои нав, воқеъ дар кӯчаи Арнасойи шаҳри Тошканд интиқол ёбад, ки дорои 300 кат мебошад.
– Муҳимтар аз ҳама, дар маркази нав амалиёти трансплантатсияи аллогениро анҷом додан мумкин мешавад, – гуфт Шерзод Асадов.
Чунин амалиёт то ҳол дар Ӯзбекистон анҷом дода нашудааст, барои ҳамин шаҳрвандони кишварамон маҷбуранд, ки барои анҷоми он дар ивази маблағҳои калон ба хориҷа раванд.
Ба гуфтаи ӯ боздиди сарвари давлат аз Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-амалии онкология ва радиология, суҳбату мулоқотҳо бо кӯдакону наврасони бемор ва волидони онҳо низ аз ҳодисаҳои муҳими ҳафтаи сипаришуда арзёбӣ гардид.
– Дар арафаи иди моҳи шарифи Рамазон 100 нафар шаҳрвандоне, ки муддати ҷазоро сипарӣ менамоянд ва аз кардаи худ сахт пушаймонанд, бо амри Президент афв карда шуданд. Онҳо минбаъд ба корҳои манфиатнок машғул хоҳанд шуд, – иброз намуд сухангӯи сарвари давлатамон.
Шерзод Асадов қайд намуд, ки дар ҳафтаи равон низ пиёда кардани як қатор чорабиниҳои муҳим мадди назар мебошанд. Ҳамзамон Шавкат Мирзиёев ноиби раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бердеро ба ҳузур мепазирад. Баъд аз он вай дар нишасти навбатии Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё ширкат мекунад.
Дар поёни брифинг Шерзод Асадов ба якчанд саволи хабарнигорон посух дод. Вай дар робита ба он ки оё Шавкат Мирзиёев бо журналистон, аз ҷумла хабарнигорони хориҷӣ мулоқот хоҳад кард, гуфт, ки чанд бор чунин мулоқотҳо дар доираи маҳдуд ба вуқӯъ пайвастанд. Вай афзуд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти сарвари давлат дар шакли густардатар амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин Шерзод Асадов дар бораи вазъияти Ховари Миёна таваққуф намуд. Ба гуфтаи ӯ Ӯзбекистон чунин мешуморад, ки ҷонибҳо ба даргириҳо хотима бахшанд ва хунрезиро қатъ намоянд.
Вай илова кард, ки муаммои Фаластину Исроил дар доираи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ бояд ҳаллу фасл шавад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
“Овози тоҷик”.