БАРОИ ЭНЕРГИЯИ АРЗОНИ ОБ

Ҳоло, ки дар тамоми ҷаҳон барои ҳосил кардани энергияи электрикӣ аз манбаъҳои адонашаванда, мисли обу шамолу офтоб ривоҷ меёбад, мо ҳам дар канор монда наметавонем.

Ҳоло, ки дар тамоми ҷаҳон барои ҳосил кардани энергияи электрикӣ аз манбаъҳои адонашаванда, мисли обу шамолу офтоб ривоҷ меёбад, мо ҳам дар канор монда наметавонем. Дар ҳоле ки дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 20 фоизи тамоми электроэнергия аз об ҳосил мегардад, дар ҷумҳурии мо ин рақам ҳамагӣ 12,7 фоиз аст.
Дар Тошканд баргузор намудани анҷумани панҷуми «Гидроэнергетика: Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Каспий» маҳз ҳамин мақсадҳоро дар назди худ гузоштааст. Даҳ мамлакати минтақаҳо – Арманистону Озарбойҷону Гурҷистон, Тоҷикистону Қирғизистону Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия аз ИДМ, инчунин Эрону Туркия иштирокдорони асосии анҷуман ба шумор мераванд.
Агарчи намояндагони бештар аз бист мамлакат дар он ширкат намуданд, ба иллати шароити номусоиди карантин баъзе аз онҳо ба тарзи он-лайн гузориш доданд.
Анҷуман майдони ба худ хосе буд, ки ҷонибҳо барои ҳамкориву машварат ва ҳамоҳангсозӣ имконияти муносибе ба даст оварданд.
– Ҳоло дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки 95 % энергия аз об ҳосил мешавад, ҷумҳурии мо имконоти бештар аз инро дорад, чунки аз ҷиҳати потенсиал мо на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ аз мамлакатҳое ба шумор меравем, ки манбаи захираи обамон хеле зиёд аст. Аз ин боис ба анҷумани мазкур таваҷҷӯҳамон зиёд мебошад, ки ғайр аз мо намояндагон аз ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Памир энерҷи» низ омадаанд, – мегӯяд муовини директори техникии Неругоҳи барқи обии Роғун Мурод Саъдуллоев. – Алҳол мо дар тараддуди ба кор андохтани агрегати сеюми неругоҳамон ҳастем, ки он вақт метавонем ба кишварҳои ҳамсоя бештар энергияи об фурӯшем.
Ширкати «Восток капитал»-и Русия ҳамоҳангсози асосии анҷуман буд, ки бо Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯз-бекгидроэнерго» ҳамкорӣ намуда, чунин як анҷумани муҳими солонаро роҳандозӣ намудааст.
Ӯзбекистон, ки то соли 2026 саҳми гидроэнергетикаро дар ҷумҳурӣ то ба 15,8% расондан мехоҳад, дар айни ҳол барои ба ин мақсад расидан дар дарёҳои Пскому Зарафшон сохтмони чандин истгоҳи гидроэнергетикии хурдро сар кардааст, ки дар натиҷа истеҳсоли энергияи об 1,7 баробар зиёд гардида, то 3,038 МВт мерасад.
Дар ин анҷуман ҷоизаи махсуси конгресс ба роҳбари идораи ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Абдуғанӣ Сангинов барои хизматҳояш дар бобати тараққиёти гидроэнергетикаи минтақа ва саҳмаш барои ҳамгароии он супурда шуд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: