Комилҷон Ашӯров ба идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» шитоб дошт.
Диққати ӯро бинои матбааи ба номи Морозов, ки дар шафати он буд, ба худ кашид. Аз иншооти сеқабата фақат устухонбанди бетонӣ боқӣ монда буду халос. Вай аз кадоме пурсид, ки аз чӣ сабаб матбааи номдори Самарқанд ба ин аҳвол афтодааст?
– Шояд хизматашро карда шуд, – фаҳмонданд ба ӯ, – минбаъд иншоотро аз нав сохта ба дигар мақсад истифода мебаранд.
Рости гап, аз ин навид димоғи собиқ коргари он Комилҷон Ашӯров сӯхт. Охир ӯ як умр маҳз дар ҳамин бино фаъолият бурда, ба нафақа баромад ва ҳоло гашти пирӣ меронад.
Комилҷон Ашӯров солҳои таҳсил ба бостоншиносӣ дил баст. Дар лаҳзаҳои истироҳат бештар китобҳои таърихиро хонд. Диққати ӯро таърихи шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна – Бухорои шариф ва Самарқанди бостонӣ ба худ кашидааст. Соли 1974 номаи камолро гирифту ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Аммо бахташ натофт – барои номи донишҷӯро гирифтан ҳамагӣ чанд хол нарасид.
Рӯзи дигар Комилҷон ба матбаа, ки дар бинои мӯҳташами сеошёна ҷойгир буд, бо аризаи дар бораи ба кор қабул кардан рафт. Директор коргари нави худро хуш пазируфт ва аризаи ӯро аз назар гузаронида, ба як канори он чизе навишт ва бо табассум гуфт:
– Қӯчқорамак одами аҷоиб, аммо ба масъалаи мактаби олӣ биёем, албатта дохил мешавӣ.
Сипас, ҳар ду ба ошёнаи дуюм баромада, ба сехи калони равшан дохил шуданд, ки ба машом бӯи равғани мошин зада, дастгоҳҳои серчарху мурватҳо беист ҳаракат мекарданд, Комилҷон бо ҳайрату кунҷковӣ ба онҳо нигарист. Гулсара ба назди зане, ки паси мизи дарозу паҳни оҳанпӯш истода, бо дастони равғанолуд аз қуттичаҳо чизҳои оҳанпорашаклро гирифта мечид. Вай дар бар корҷомаи аз равғану чанг пурҷилогашта дошт. Ӯ ба ҳурмати роҳбари корхона аз тахтазина фаромад ва даст пеши бар гирифта салом дод.
– Клейсер, – насаби ӯро гирифт Гулсара Нурматовна, – ба ту шогирд овардам. Ҳуруфчиниро ёд медиҳӣ. Мӯҳлат як моҳ. Агар дасту панҷааш часпад, «ранҷ бурдӣ – ганҷ бурдӣ», вале кундзеҳнӣ кунад, чор тарафаш қибла.
Екатерина, ки ҳамкорон кӯтоҳу навозишомез Катя мегуфтанд, тасдиқомез сар ҷунбонд. Ва баъди ба дар рафтани директор Катя ба ӯ гуфт, ки барои ҳуруфчинӣ усто шудан хотираи мустаҳкам лозим. Ту бояд дар муддати кӯтоҳ хоначаҳои ҳарфро азёд донӣ. Ҳар як ҳарф дар хоначаи махсус меистад, ки ту инҳоро як-як гирифта зеҳн мон ва дар хотир нигоҳ дор.
Комилҷон аз қуттича як оҳанчаи хурдакакро гирифт аз ҳар тарафаш нигарист, ки ҳарф чаппа менамуд. Катя зани ҳушёру рамузфаҳм буд, ки лабханд зада фаҳмонд, ки дар вақти чопи рӯзнома рост мешавад.
Рости гап, дилгир нашуда ҳарфҳоро шинохтан ва дар зарурат аз қуттичаҳо пайдо кардан аз кас сабру тоқат, дили васеъ, хотири ҷамъ талаб менамуд, ки чунин хислатҳо дар коргари нав муҷассам буд. Комилҷон дар муддати кӯтоҳ бо ҳавас, завқу шавқ кассаҳои ҳуруфчиниро шинохта устодашро ба ҳайрат гузошт.
– Катя, шогирд ҳоло гурехта нарафт? – зани ҳамшафат пурсид аз устодаш, – о, Маша, ин ҷавон иродаи қатъӣ дорад, – ба ситоиш пардохт Катя, – аллакай пешравӣ ҳаст. Ба кор қабул кардан мумкин аст.
Бо тавсияи Катя ва Маша баъди ду ҳафта Комилҷон Ашӯров ба кор қабул шуд. Вале аз байн як сол нагузашта ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Аз сабаби забони тоҷикӣ ва русиро донистан ӯро ба қисми ҳарбии сарҳади Туркманистону Эрон фиристоданд. Комилҷон баъди адои қарзи ҷавонмардӣ боз ба матбаа ба кор омад. Бо гузашти айём аз ҳуруфчини оддӣ то дараҷаи сардори сех расид. Вай баъди ба чопи аксбардорӣ (фотонабор) гузаштани рӯзномаҳо дар идораҳои рӯзномаҳои «Шарқ тонги», (ҳоло «Гулобод тонги»), «Ленинский путь», (ҳоло «Самаркандский вестник» ва дертар «Овози Самарқанд» дар вазифаҳои гуногун хидмати шоиста кард. Садоқати ӯ ба касби дӯстдошта буд, ки беш аз сӣ соли ҳаёти хешро ба матбаа бахшид. Хоссатан барои тарбия кардани даҳҳо нафар матбаачиён саҳмгузор гардид, ки дар байни онҳо Умурбек Холматов, Аҳрор Ҳамроқулов, Саодат Амонова, Татяна Фролович, Фармон Рауфов, Солеҳҷон Яҳёев ва дигарон буданд, ки онҳо низ шогирдони бешумор доранд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки Комилҷон Ашӯров шӯъбаи ғоибонаи факултаи таърихи донишгоҳро хатм кард ва дар соҳаи журналистика низ ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Ҳатто навиштаҳои ӯ ғайр аз Ӯзбекистону Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистон дар Англия, Амрико, Фаронса ва дигар кишварҳои ҷаҳон рӯйи чопро диданд.
Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.