Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ду доруи навро барои табобати беморони COVID-19 тавсия додааст.
То чӣ андоза ин доруҳо ҳаётро наҷот медиҳанд, аз он вобаста аст, ки оё онҳо дар ҳама ҷо дастрас хоҳанд гардид.
Аввалин дору – "Барицитиниб" барои беморони гирифтори шадиди COVID-19 тавсия дода мешавад. Он дар як синфи доруҳо бо номи ингибиторҳои янус-киназ (JAK) аст, ки сатҳи вокуниши иммуниро коҳиш медиҳанд. СУТ тавсия медиҳад, ки онро бо кортикостероидҳо истифода баранд.
"Барицитиниб" доруи дар шакли капсулаи даҳонӣ аст, ки барои табобати артрити ревматоид истифода мешавад. Он як навъ алтернатива ба дигар доруҳои артрит бо номи блокаторҳои ретсепторҳои интерлейкин-6 мебошад, ки аз ҷониби СУТ дар моҳи июли соли 2021 тавсия шудааст.
СУТ инчунин истифодаи антителоҳои моноклоналии "Сотровимаб"-ро тавсия додааст, аммо бо риоя намудан ба шароити муайян ва барои муолиҷаи дараҷаи сабук ва миёнаи COVID-19 дар беморони дорои хатари баланди бистарӣ. Онро барои беморони эм карданашуда, пиронсолон, беморони норасоии масуният ва онҳое, ки аз бемориҳои ҳамроҳикунанда, аз қабили диабети қанд, гипертония ва фарбеҳӣ азият мекашанд, тавсия доданд.
"Сотровимаб" алтернатива ба касиривимаб-имдевимаб, коктейлҳои антителоҳои моноклоналӣ мебошад, ки аз ҷониби СУТ дар моҳи сентябри соли 2021 тавсия шудааст. Дар айни замон таҳқиқоти иловагӣ оид ба самаранокии антителоҳои моноклоналӣ бар зидди "омикрон" идома доранд. Тадқиқотҳои ибтидоии лабораторӣ нишон медиҳанд, ки "сотровимаб" бар зидди ин штамми нав самаранок аст.
Ҳайати коршиносони СУТ инчунин ду доруи дигарро барои табобати шадиди COVID-19, руколитиниб ва тофацитиниб баррасӣ карда, мавҷуд набудани далели дақиқи самаранокии онҳоро истинод оварда, то ҳол истифодаи онҳоро тавсия надодааст.
СУТ тасмимҳои худро оиди муолиҷаи COVID-19 бар асоси маълумоти ҳафт таҳқиқоте, ки дар он беш аз чаҳор ҳазор беморони мубталои шаклҳои сабук, вазнин ва шадиди коронавирус иштирок кардаанд, асоснок мекунад.
СУТ бо истеҳсолкунандагони доруҳои нави тавсияшаванда барои интиқоли онҳо дар миқёси умумиҷаҳонӣ, инчунин таъминоти дастрасии одилона ба онҳо, аз ҷумла дар кишварҳои даромадашон паст ва миёна музокира мекунад.