Мардуми мо ба шахсони ба кумак мӯҳтоҷ, имконияташон маҳдуд эътибор додан ва ғамхорӣ зоҳир намуданро ба сифати яке аз муҳимтарин арзишҳо гиромӣ медорад, ки ба таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ хизмат мекунад.
Аз ин рӯ, солҳои охир дар кишвари мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи шаҳрвандони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шахсони маъюб» қабул гардид. Бо пайвастан ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон кишвари мо дар ин самт заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Дар бобати ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҷалб намудани маъюбон, ба ҳаёт мутобиқ намудани онҳо ва реаблитатсияи иҷтимоӣ низ кори назаррас ба амал оварда шудааст. Масалан, бисёр муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ аз нав сохта, муассисаҳои замонавии муолиҷавӣ ба истифода дода шуданд.
Дар Стратегияи ҳаракат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон, халос шудан аз ноумедию нобоварӣ ва ба амал татбиқ намудани саъю кӯшиши онҳо ба зиндагӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ӯҳдадориҳои сохторҳои давлатӣ дар ин бобат муайян карда шудаанд.
Дар натиҷаи ислоҳоти татбиқшуда ҳуқуқи маъюбон барои истифода аз имкониятҳои мавҷуда, муҳофизати саломатӣ, таҳсилот, шуғл, иштирок дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ таъмин мегарданд.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии шахсони маъюб ва аҳолии эҳтиёҷманд» корҳоро дар ин самт ба сатҳи нав мебарорад.
Вазифаҳое, ки дар ин ҳуҷҷат ифода ёфтаанд, аз он ҷиҳат муҳиманд, ки онҳо ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, хушнудии мардум, таъмини некӯаҳволии ҳар як шаҳрванд нигаронида шудаанд. Дуруст аст, ки аз 1 апрел зиёд шудани нафақаи ногироӣ ва андозаи минималии нафақаи ногироӣ барои стажи нопурраи кор – аз 440 000 то ба 622 000 сӯм боиси шодию хурсандии бисёр оилаҳо гардид.
Муқаррар намудани ёрдампулии ҳармоҳа ба маблағи 500 ҳазор сӯм ба намояндаи қонунии кӯдаки маъюби то 18-солае, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад, бо пардохти ёрдампулии нигоҳубин ва харҷи расонда додани он аз ҳисоби маблағи буҷети Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам муносибат ва ҳам диққат ба аҳолии эҳтиёҷманд ба куллӣ тағйир ёфт.
Хабари дигар ин аст, ки нафақаи парвариш аз ҷониби филиалҳои Фонди ғайрибуҷетии нафақаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба марказҳои хидматрасонии давлатӣ ё портали ягонаи интерактивии давлатӣ муқаррар ва пардохт карда мешавад.
Дарҳақиқат, таваҷҷуҳ шавқу ҳаваси одамро ба ҳаёт, ба оянда, ба зиндагии хуб ва ба сӯйи мақсад зиёд мекунад. Хусусан, имконияту шароите, ки барои таҳсили маъюбон, дастрасӣ ба хидматрасонии босифати тиббӣ ва касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст, рӯҳбаландкунанда аст.
Мавриди зикр аст, ки мазмуни ислоҳоти дар ҳама соҳаҳо таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба амал баровардашуда, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, ҳифзу ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ нигаронида шудааст. Зеро имрӯз дар кишвари мо асосҳои ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон мавҷуд аст. Ин маъюбонро ба қадами далерона гузоштан сӯйи ояндаи дурахшон водор месозад.
Хулоса, ғамхорӣ кардан дар ҳаққи маъюбон ва одамони синну соли нафақа, ба ёрӣ эҳтиёҷманд дар хуни халқи мо чуқур ҷой гирифтааст. Бинобар ин мо, депутатҳо бояд ба ин анъанаи халқи худ содиқ бошем, бо халқ якдилона ҳамкорӣ карда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани боварии мардум ҷидду ҷаҳд намоем.
Охир, ҳар як нафаре, ки дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, бахусус маъюбон бояд аз ҳаёти худ қаноатманд бошанд.
Абдулло РӮЗМЕТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.