НА ОСОН ШОИРИ ТОҶИК БУДАН

Дар маҷлиси адабие, ки бо иштироки устод Мирзо Турсунзода ва як гурӯҳ адибони барӯманди тоҷик дар маҷлисгоҳи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Хуҷанд (он вақт ИДПЛ) мегузашт, омӯзгори мо профессор Саъдулло Асадуллоев (равонаш шод бод) як суҳбати ду бузургвори илму адаби тоҷик Б.Ғафуров ва М.Турсунзодаро хотирнишон сохт.

Дар маҷлиси адабие, ки бо иштироки устод Мирзо Турсунзода ва як гурӯҳ адибони барӯманди тоҷик дар маҷлисгоҳи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Хуҷанд (он вақт ИДПЛ) мегузашт, омӯзгори мо профессор Саъдулло Асадуллоев (равонаш шод бод) як суҳбати ду бузургвори илму адаби тоҷик Б.Ғафуров ва М.Турсунзодаро хотирнишон сохт. «Шумо бо «Тоҷикон»-и худ халқи тоҷикро ба ҷаҳон шиносондед, мегӯяд Турсунзода. Б.Ғафуров даҳон мекушояд: «Шумо бо шеъру шоирӣ халқи тоҷикро дар ҷаҳон машҳур кардед».
Ҳама дар вазъе, ки бо қалби саршор аз меҳр ва дидаи рахшон аз нури шавқ ба Турсунзода менигаристанд, дурудароз кафкӯбӣ карданд.
Ин моҳи майи соли 1977 буд.
Турсунзода риштаи сухан ба даст гирифт. Шеър хонд. Ба дӯстони ҳамқаламаш, ки дар садр менишастанд, ишоракунон ҳазлу шӯхиҳо кард. Ба он шӯхиҳои беғубор дӯсти азизаш Раҳим Ҷалил ҳамроҳ гашт. Ду симои бузурги адабиёти тоҷик солҳои ҷавонӣ, воқеоти ҷолиби даврони беғубори умрро ба ёд оварда, ҳамаро хандонданд.
Вақте Боқӣ Раҳимзода ба Самарқанд омад ва ба ҳаводорони адабиёт вохӯрд, «ман домоди шумо», гӯён эътибори умумро бештар ҷалб месохт. Воқеан «хешигарӣ» дошт Раҳимзода ба Самарқанд. Турсунзодаро бошад Хуҷанд «аз они худӣ» мешуморид. Вай домоди Хуҷанд буд.
Дар ибтидои солҳои сиюм воқеае шуду Турсунзода дар Душанбе истода натавонист. Ба Хуҷанд омад то ҳамин ҷо кору зиндагӣ кунад.
– Дарвоза тақ-тақ кард, – гӯён рӯзи аввали Хуҷандоии дӯсташро хотиррасон кард Раҳим Ҷалил. – Баромадам, дар даст ҷомадони фанерӣ Мирзоҷон дар дами дар рост истодааст.
Ҳамин тавр, Турсунзода чанд муддат дар хонаи дӯсти ҳамқаламаш зиндагӣ намуд. Ҳамчун ходими адабӣ дар театри Хуҷанд фаъолият бурд. Тақдир ӯву Сабоҳат Низомиддиноваро дар ҳамин даргоҳ рӯбарӯ намуд. Баъдтар онҳо ба Душанбе кӯч бастанд.
Дар он вохӯрӣ Раҳим Ҷалил нақли кӯтоҳ, вале ҳаяҷонбахшу фаромӯшнопазир карда буд дар бораи чӣ тавр шинос шудан, хонадор гаштан – зиндагии саодатнишон аз канори ҳам оғоз намудани Мирзо ва Сабоҳат. Ҳама бо диққат гӯш мекардем. Касе ба гӯшаи хаёл намеовард ин вопасин дидори Хуҷанд бо Турсунзода аст...
Баъди вафоти Турсунзода Хонаи адибони Хуҷанд, ки шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ он ҷо воқеъ буд, номи бузургворро гирифт. Дар пешорӯи маҷлисгоҳ – портрети калон ва рангаи Турсунзода. Одамҳои зиёд ҷамъ шудаанд дар ёдбуди шоири шаҳир. Раҳим Ҷалил дар бораи дӯсти айёми ҷавонӣ, рафиқи шафиқаш Турсунзода бо сӯзу гудоз нақл мекунад. Нақл мекунад ва дар овозаш як ҳузн, нигоҳаш ғарқи ғусса.
Ҳеҷ талхӣ нест дар дил 
талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Устод Раҳим Ҷалил қиссаи ёддоштиаш «Маъвои дил»-ро давом дод, доир ба ҳаёт ва фаъолияти М.Турсунзода дар Хуҷанд бобҳои ҷудогонаро илова намуд. Вай навиштааст Душанбе барояш азиз буд, зеро дар пойтахти тоҷикон дӯсти меҳрубонаш Мирзо зиндагӣ мекард. Ба чашми Турсунзода бошад, баръакс, Хуҷанд азизтар метофт. Дар ин шаҳр бародари ба ҷон баробарам Раҳим ҳаёт ба сар мебарад, мегуфт вай.
...Ба Хуҷанд, ки омад, ҳамсарашро ҳамроҳ меовард шоир. Вале дар сайру сафарҳо ба шаҳрҳои дигар чунин ҳамроҳӣ на ҳамеша иттифоқ меафтод. Сабоҳатхонум бо кӯдакон дар хона танҳо мемонд. Шавҳараш гоҳо дар кишварҳои Аврупо ё Осиё, гоҳо дар Куба. Бале, чун шоир ва ходими намоёни ҷамъиятӣ ҷаҳонгардӣ мекард Мирзо Турсунзода. Занҳои ҳамсоя, кас намедонад бо чӣ ниятҳо, ба дилаш алав мерехтанд: «Мирзоака боз дар сафар ва ту боз танҳо? Вай беҳуда туро ин қадар танҳо намегузорад. Як гап ҳаст!»
Шоир аз сафари навбатӣ баргашт. Завҷааш, сир бой надиҳад ҳам, аз ҷунбиши ботинии кадом як эҳсосе нороҳат. Ин аз нигоҳи дилбини Турсунзода пинҳон намонд. Вақте сабаб пурсид:
– Кам дар хона мешавед. Ба ким-киҳо бахшида шеър менависед. Ҳамсоязанҳо гап мекунанд. Дигар намегузорам, ки ба ҷое равед!
Шоири тоҷик қоҳ-қоҳзанон хандид. Сабаби сафарҳои дуру наздикашро дигарбора фаҳмонд. Ва достоне таълиф кард бо унвони «Ҷони ширин». Ҳамин тавр, «рашк»-и зан ба тавлиди боз як достоне дар эҷодиёти шоири шаҳир сабаб гашт, ки ӯро шуҳратмандтар гардонд.
Ҷони ширин, ин қадар 
ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам 
макун.
Гашта-гашта аз сафар боз 
омадам,
Боз дар наздат ба парвоз 
омадам.
Эҳсосоти қалбие, ки он шаб ба коғаз рехтанд, нахустин байтҳои достоне қарор гирифтанд, ки ба Сабоҳатхонум бахшида шуда ва меҳру муҳаббати поку беолоиши шоири бузургро, дар навбати аввал, нисбати оила ва оиладорӣ ифода менамуданд.
Ҳар куҷое хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷое буд ҷои зистам...
Лек дар пеши назар ёди ту буд,
Ёди рӯи ҳуснободи ту буд!
Турсунзода аз байни бонувон низ шиносҳои наздик, қадрдонҳои самимӣ дошт. Хусусан, шоираҳои ӯзбек ва авар Зулфияхонум ва Фазу Алиева ба дилу дидааш наздик буданд.
Боре шудааст, ки Фазухонум ӯро ба бар кашад ва бӯсад.
Фазухонум муаллифи даҳҳо маҷмӯаю китобҳои назмию насрӣ, ки бо забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла, тоҷикию ӯзбекӣ дар нашрияҳои гуногун ҷомаи табъ ба бар кардаанд.
Вай ва Турсунзода дар бӯстонсарои «Переделкино» истироҳат мекарданд. Шоираи авар бо як эҳсоси дардомез медид, ки мӯйсари як вақтҳо сиёҳу ғулии шоири тоҷик парешон ва сафед гаштааст. Қадаммониаш суст. Лабхандҳояш беҳолона.
Фазухонум, ҷуръат карда, ба устод наздик гашт. Хеле ҳамсуҳбат буданд. Вақте Фазу намунаи шеърҳои тозаашро мехонд, баногоҳ дид, ки гунаи устодро ду қатра ашк шуста фуромад.
Фазухонум дар хотирааш навиштааст: «Дар як лаҳза сарам гӯё ба осмон расид. Шод будам, ки шеърҳоям дили устод, чунин як шахси наҷиб, пири адабиётро тасхир кардаанд. Ба ҳаяҷон омада, беихтиёр аз рухсораи шоир бӯсидам. Устод сонияе худро гум карда, ниҳоят зарофатомез гуфтанд: «Афсӯс, ки ба ҳоли ман ҳамчун ба ҳоли марди пир тараҳҳум мекунед, на баръакс». Баъд маро то дами дар гуселонданд».
Шоираи авар намедонист, ки ин боздиди охирини вай бо шоири шаҳир аст.
Турсунзода (ин аз суратҳояш низ маълум) андоми хушу рӯи нурборе дошт. Бо симо ва сурати дилкаш, табассуми гарм, суҳбати ширин, шеърхониҳои дилангез таваҷҷӯҳи мардум, аз ҷумла, эътибори занону духтаронро ба худ мекашид. Ҳаводорону ҳавохоҳон аз ҷумлаи «ҷинси нафис» гулдастаҳо тақдим мекарданд, номаҳои меҳромез менавиштанд. Гуфтанием, бесабаб набуд рашки Сабоҳатхонум, ки дидаҳои зиёд ҷониби шавҳараш. Вале Турсунзода модари фарзандонашро ба сад ҷону ҷаҳон иваз намекард. Ошёни ҳаёти оилавии онҳо бо хишту бораи муҳаббату садоқати тарафайн устувор гардида, то охир ба ҳам вафодор монданд. Тавре ишора рафт, «Ҷони ширин» монологи лирикист, достонест аз зиндагии воқеии шоири забардаст: саргузашти ду қалби саршор аз муҳаббат, ки достонзебанд. Нахустфарзанди онҳо Фирӯза дар суҳбате бо рӯзноманигор Талъат Нигорӣ гуфтааст: «Ҷони ширин» номаи муҳаббат ва сипоси қиблагоҳ ба модарам аст, аммо фаротар аз достони хонаводагист».
Ин достон баъди 25 соли ҳамхонагӣ – дар соли 1959-ум навишта шуд, ки он вақт Турсунзода 48, Сабоҳатхонум 41 сол дошт. Шоир ба «ҷони ширин»-и худ муроҷиат мекунад:
Як нафас биншин ту дар паҳлуи ман,
Як нафас хандида бингар сӯи ман.
Ёд кардам ҳарфи ширини туро,
Меҳрубониҳои дерини туро.
Ба Хуҷанд – шаҳри ҷавониашон саёҳатҳои хаёлӣ низ хушоянд буд зану шавҳарро. М.Турсунзода ҳамчун мудири бахши адабӣ дар саҳнавӣ сохтани «Маликаи Турандот» ба коргардон кӯмак мекард, Сабоҳат нақши асосӣ – маликаро мебозид.
Киҳо буданд падару модари актриса?
Дар он айёми мураккаб ба актрисашавии духтарашон чӣ тавр роҳ гузоштанд?
Сабоҳат духтари одами оддӣ не, духтари эшон буд, эшони Низомиддин, ки бармаҳал вафот кард. Бародарон ҳатто мактабравии ӯро қабул насохтанд. Болои бом баромада, аз бом ба бом гузашта, модарамон бо сад азоб ба мактаб мерафтаанд, – баъдтар нақл кардааст номзади илмҳои фалсафа Фирӯза Турсунзода.
Ба душворӣ ва монеъаҳо нанигариста, Сабоҳат Низомиддинова дар мактаби ибтидоии корхонаи абрешим таҳсил кард, дар 14-солагӣ узви маҳфили ҳаваскорони бадеии ин коргоҳ гардид, баъд ба театр қабул гашт. Баъде бо М.Турсунзода оиладор шуд ва ба Душанбе омаданд, чанд муддат дар Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ фаъолияташро давом дод. Баъди таваллуди Масъуд театрро тарк кард, ба тарбияи фарзандон машғул гашт. 3 фарзандро ба воя расонданд. Вале Сабоҳатхонум ба нури дидаҳояш бо шӯхӣ мегуфт: «Ман чор бача дорам. Чорумаш – падаратон».
Падару модар ба фарзандҳо болу пар доданд ва гуфтанд: «Парвози дигар аз худатон».
43 сол зиндагии саодатманд ба сар бурданд зану шавҳар. Шоири бузург дар 66-солагӣ ҳаётро падруд гуфт. Баъди 10 соли вафоти ӯ соли 1987 Сабоҳатхонум низ дунёи дурӯғинро тарк кард. Вале муҳаббати онҳо рост буд. Воқеӣ буд. Чун қаламиҳои ҷовидонаи Турсунзода ин муҳаббат низ ба абадият дахлдор. Ҳамчунин муҳаббати шеърхонҳо ба Турсунзодаи бузургвор. Камина низ аз дӯстдорони ашъори Турсунзода аст, хост эҳсосоти қалб ба коғаз резад, ки ин аст:

Ҷавон будем, дунёҳо ҷавон буд,
Ту гӯӣ шеър дарёи равон буд. 
Ҳама дил ҳамчу дарё ҷӯш мезад –
Ҷавону пир Турсунзодахон буд.

На он қадр аст осон нек будан,
Ба дил, бар дидаҳо наздик будан.
Пас аз устод Турсунзода Мирзо
На осон шоири тоҷик будан!

Сухан бешу суханпардозҳо кам,
Ба гардунҳо пайи парвозҳо кам.
Замонсозон ҳамеронанд даврон,
Чу Турсунзода давронсозҳо кам.

Ба шоир ҳамзамонӣ дошт ин дил,
Ба шоир ҳамзабонӣ дошт ин дил.
Уқобе буд гӯё дурпарвоз,
Чу Турсунзодахонӣ дошт ин дил.

Кӣ шеъри сода дорад дӯст чун ман?
Кӣ Турсунзода дорад дӯст чун ман?
Туро, эй тоҷ бар сар, шеъри тоҷик,
Чу ман дилдода, дорад дӯст чун ман?

Гумоне санги кӯҳистони мо – лаъл,
Шавад чун мушкилоти шеъри мо ҳал.
Биарзад, Шош, дар шаҳкӯчаи ту,
Ба Турсунзода ҳам монанд ҳайкал.

Дар ин ҷо дошт таҳсил шоири мо,
Ба дилҳо сохт манзил шоири мо.
Ба Шош ӯ гар надорад ҳайкали тан
Муҷассам монд дар дил шоири мо!

Муҳаммадҷон ШОДӢ.
Шаҳри ТОШКАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: