ДАР РАНГҲО — ТАСВИРИ ЗИНДАГӢ

Наққошӣ ҳунари қадимӣ буда, дар ин соҳа тасвири ранга ва графика дар иртибот бо ҳам рушд кардаанд.

 Бо мурури вақт тасвири ранга ва графика ба ду шохаи  санъат ҷудо шуда, дар алоҳидагӣ рӯ ба инкишоф ниҳодаанд. Дар аҳди Эҳё ва баъд воситаҳои санъати наққошӣ ба маротиб афзуда, техника ва технологияи нав рӯйи кор омадааст. Тасвири ранга ва графикаро аз якдигар ҷудо тасаввур кардан душвор аст. Наққошон дар ҳар ду жанр нақш меофаранд. Ҳангоми баҳо додан ба ҳунари наққош бояд дар мадди назар дошт, ки кадоме аз ин жанрҳо дар эҷодиёти ӯ бартарӣ дорад.
Бояд таъкид кард, ки рангтасвир яке аз намудҳои басе муҳими санъати тасвирӣ маҳсуб мешавад. Он ҳодисаҳо ва муҳити иҳотанамудаи инсонро тавассути рангҳо ба тарзи бадеӣ инъикос менамояд.
Тасвири ранга бо рангҳои гуногун (равғанӣ, обӣ, ширешдор, гуаш, темпера ва ғ.) анҷом дода мешавад. Наққош дар баъзе анвои тасвир бо ранги равғандор сарукор дорад. Дар ин амал лок низ ба кор бурда мешавад. Ин ранг аз пигментҳои ғайриорганикӣ бо илова кардани равғани зайтуни коркардшуда сохта мешавад. Ранги равғандор ба тасвирҳои рӯйи газвору картон ва чӯбу металл ба кор меояд. Наққошиҳое, ки бо ранги равғандор анҷом дода мешаванд, бо ифоданокӣ ва динамикаи худ аз техникаи наққошиҳои дигар фарқ мекунад. Наққошии ҳаҷму вусъати пиндор дар сатҳи ҳамвор имкон медиҳад, ки тасвирҳо рангинтару нафистар ба ҷилва оянд.
То ибтидои қарни ХIX ба картинаҳо ранги локдорро бештар молидаанд. Баъзе маълумотҳо доир ба рангтасвир дар сарчашмаҳои аҳди антикӣ ва асрҳои миёна вомехӯранд. Дар нимаи аввали қарни XV аз ҷониби Ян ван Эйк дастгоҳи такмилёфтаи рангтасвир оммавӣ гардид ва дар қарни XVI он ба техникаи пешбари санъати наққошӣ табдил ёфт.
Бояд гуфт, ки имкониятҳои манзаравӣ ва дерпойии картина танҳо ба сифати маводи истифодашуда иртибот надорад, балки ба дуруст кор фармудани технологияи рангтасвир низ вобаста аст. Нуқсонҳое, ки дар осори рангтасвир вомехӯранд, нишонаи он аст, ки ё наққош аз техникаи тасвири ранга огоҳии комил надорад ё сифати тагранг ба талаб ҷавоб намедиҳад. 

Рустам ЭРГАШЕВ,
донишҷӯйи Донишкадаи миллии наққошӣ ва дизайни ба номи
 Камолиддин Беҳзод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: