Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид

  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид
  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид
  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид
  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид
  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид
  • Сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин ба поён расид

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки бо вохӯриҳову тавофуқҳои ҳосилшуда пурсамар буданд, ба анҷом расид.

24 январ дар шаҳри Пекин гуфтушуниди сарвари давлатамон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин баргузор гардид, ки дар натиҷаи он роҳбарон Изҳороти муштарак қабул карданд ва бастаи устувори ҳуҷҷатҳои дуҷониба имзо карданд.

Дар доираи рӯзи аввали барномаи буду бош, инчунин бо Сарвазири Шӯрои давлатии ин кишвар Ли Сян ва раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумимиллии намояндагони мардумӣ Чжао Летси мулоқотҳо баргузор шуданд. Музокирот бо роҳбарони Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё, корпоратсияҳои CNPC ва CITIC ва Бонки содироту воридоти Чин сурат гирифт.

Рӯзи дуюми сафари давлатӣ бо чорабиниҳои тиҷоратӣ дар пойтахти инноватсионии Чин – шаҳри Шэньчжэн гузашт. Президенти Ӯзбекистон бо котиби кумитаи ҳизбии музофоти Гуандун Хуан Кунмин ҳамкориҳои байниминтақаҳоро баррасӣ кард.

Раҳбари кишвари мо дар Форуми сармоягузории Ӯзбекистону Чин бо иштироки беш аз 600 нафар намояндагони соҳибкорони калон ширкат карда, ҳамчунин бо роҳбарони Фонди Роҳи абрешим, ширкатҳои "SANY" ва "CSG" мулоқотҳо анҷом дод.

Сарвари давлатамон  аз қароргоҳ ва маркази технологии  "BYD" – пешсафи бозори ҷаҳонии мошинҳои барқӣ боздид карда, дар вилояти Ҷиззах ба истеҳсоли муштараки мошинҳои гибридӣ ва электрикӣ ибтидо гузошт.

Бо ҳамин барномаи чорабиниҳои сафари давлатӣ ба Чин анҷом ёфт.

Дар фурудгоҳ меҳмони олиқадрро шахсони расмии музофоти Гуандун гусел карданд, сарвари давлатамон ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: