ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САВДОИ МУМБАЙ МУАРРИФӢ ГАРДИД

Дар Маркази умумиҷаҳонии савдои шаҳри Мумбай бахшида ба Ӯзбекистон чорабинӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони ширкатҳои ҳинд дар соҳаҳои логистика, сайёҳӣ, савдо, дорусозӣ, таълим, саноати кино, ҳамчунин намояндагони сарконсулгарии кишварҳои хориҷӣ ширкат ҷустанд.

Дар бобати ислоҳоти васеъмиқёсе, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, шароитҳои мусоид ва имкониятҳои сармоявие, ки барои татбиқ намудани ҳамкориҳои тарафайни тиҷоративу иқтисодии муттасил бо мамлакати мо фароҳам оварда шудаанд, иттилооти муфассал дода шуд. Ба соҳибкорони ҳиндустонӣ пешниҳод гардид, ки ҳамкории муфиди тарафайнро бо Ӯзбекистон фаъолона инкишоф диҳанд ва лоиҳаҳои муштаракро татбиқ намоянд.
Иштирокдорони мулоқот ба ҷараёни тағйирот ва дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои мухталифи Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, рағбати зиёд зоҳир намуданд. Роҳбари ширкати логистикии «Crystal Shipping Co.Pvt. Ltd.» Рамеш Гулатӣ масъалаҳои рушди гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва мустаҳкам кардани робитаҳои тарафайнро, ки дар ҳамкориҳои байни Ҳиндустон ва Ӯзбекистон муҳим мебошанд, ба миён гузошт ва зарурияти самарабахш истифода бурдани хатсайрҳои мусоиди логистикиро барои фаъолтар намудани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ қайд кард. 
Вай ҳамчунин дар бораи таҷрибае, ки ширкат бобати расонда додани борҳо ҳосил намудааст, сухан гуфт ва изҳор дошт, ки ҳамкориҳоро бо ширкатҳои бузурги логистикии Ӯзбекистон ба роҳ мемонанд.
Намояндагони Иттиҳодияи оҷонсиҳои сайёҳии Ҳиндустон дар бораи пешомадҳои минбаъд фаъолтар сохтани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳарф заданд. Аз ҷумла пешниҳоди вобаста ба самарабахш истифода бурдани иқтидори иншооти сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои фарҳангиву дилхушкунии Ӯзбекистон баррасӣ гардид. 
Таъкид шуд, ки ширкати «My Freighter»-и Ӯзбекистон ва ширкати «IndiGo»-и Ҳиндустон рӯзҳои наздик хатсайрҳои авиатсионии байни пойтахтҳои ду давлатро боз мекунанд, ба ин ҷараён ҳамроҳ шудани дигар ширкатҳои хусусӣ пешбинӣ мешавад, ки барои сафарҳои фаъоли тарафайни сайёҳон имкониятҳои нав фароҳам меоварад. 
Пешомадҳои истифодаи васеи имкониятҳои саноати кино бобати пешбурди иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар Ҳиндустон муҳокима гардиданд. Вакилони ширкати «Yash Raj Films» изҳор доштанд, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон барои наворбардории кинофилмҳо ҷойҳои ҷолиб зиёданд ва онҳо аз ҳамкорӣ дар самти мазкур манфиатдор мебошанд. 
Сарвари ширкати «AGIO Pharmaceuticals Ltd.»-и Мадхусудан Рӯё ва директори ширкати «InterMed Labo-ratories» Пареш  Мехта гуфт, ки тӯли солҳои зиёд бо Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад ва дар мамлакат солҳои охир барои рушди тиҷорат муҳити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ба соҳаҳои тиб ва доруворӣ, ки дар муносибатҳои дуҷониба мавқеи муҳим доранд, эътибори махсус дода шуд. Аз ҷумла пешомадҳои созмон додани корхонаҳои муштарак ва боз намудани муассисаҳои бисёрсоҳаи тиббӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд. 

АИ «Дунё»,
шаҳри ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: