СОЛИ ХОТИРМОН ВА ПУР АЗ МУВАФФАҚИЯТУ ДАСТОВАРДҲО БУД

Мо дар арафаи хайрбод бо соли милодии 2021 қарор дорем.

Мо дар арафаи хайрбод бо соли милодии 2021 қарор дорем. Ин сол дар таърихи кишвари мо ҳамчун соли пур аз пешрафту дастовардҳо ва баракат арзёбӣ хоҳад шуд. Зеро дар саросари мамлакати паҳноварамон, ки он номи “Ӯзбекистони Нав”-ро гирифтааст, бунёдкориҳои азим, сохтмонҳои гӯшношунид арзи вуҷуд намудаанд. Аз ин раванд вилояти Фарғона низ дар канор нест ва ҳаёти мардуми он беш аз пеш фаровон, тарзи зиндагиаш беҳтар мегардад.
Яке аз мисолҳои дурахшони ин гуфтаҳо бунёди шаҳраке дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Бағдод мебошад. Дар муддати кӯтоҳ ин ҷо биноҳои истиқомативу иншоотҳои иҷтимоие сохта шуданд, ки қобили таваҷҷуҳанд. 
Ногуфта намонад, ки баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ комилан беасос сифати сохтмони ин шаҳракро зери шубҳа қарор додаанд. Барои ҳамин дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят маҳз ба ин шаҳраки нав сафари матбуотӣ ташкил намуд. 
– Баъди боздид аз ин шаҳрак ва мулоқотҳои доманадор бо сокинони он маълум шуд, ки шодиву нишоти онҳо ҳадду канор надорад. Ҳатто афроди зери иштибоҳ низ итминони комил ҳосил намуданд, ки биноҳои истиқомативу иншоотҳои дигари кумакрасони он бо сифати баланд сохта шудаанд ва ин ҷо наметавонад ягон эътироз арзи вуҷуд кунад, – мегӯяд корманди шабакаи садо ва симои вилояти Фарғона Гулрухсор Амониддинова. 
– Ман қаблан дар маҳаллаи Мирзоободи болои ноҳияамон зиндагӣ мекардам. Бо аҳли хонаводаам дар хонаи иҷора ба сар мебурдем ва азияту мушкилоти зиёд моро фаро гирифта буд. Вақте ки барои яке аз хонаҳои ин шаҳрак ариза додам, гумон мекардам, ки ба ин аризаи ман касе таваҷҷуҳ намекунад. Зеро овозаҳоеро мешунидам, ки ин хонаҳои шаҳрак аллакай ба одамони пулу молдор тақсиму номнавис шудааст. Аммо рӯзе маро даъват карда, калиди як хонаи сеутоқаро ба дастам доданд. Ҳоло бо аъзои хонаводаам дар ин бинои хушсохту замонавӣ зиндагӣ мекунем, – мегӯяд сокини шаҳраки нав Дилноза Каримқулова.
– Мо ба ин ҷо беҳуда вакилони воситаҳои ахбор ва блогнависонро даъват накардем. Ба ҳамаи саволҳо роҳбарони инспексияи назорати сохтмонҳои вилоят ҷавоб доданд. Онҳо итминон доданд, ки дар сохтану ба баҳрабардорӣ қарор додани хонаҳои истиқомативу иншоотҳои дигари он ба ягон ҳатӯлкориву бемасъулиятӣ роҳ дода нашудааст, – гуфт ҳокими ноҳияи Бағдод Восилҷон Назаров.
Пештар чунин шароити барои зиндагии мардуми он мувофиқро аҳолии ноҳияи Бағдод дар ёд надорад. Инро зимни ба истифода супурдани шаҳраки нави маҳаллаи Гулистон мӯйсафедон ва одамони кору рӯзгордида низ тасдиқ намуданд.   
Дарҳақиқат, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Фарғона арзи вуҷуд намудани чунин шаҳракҳоро дидан мумкин аст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ёзёвон тибқи дастури Президенти мамлакат мавзеъи “Ӯзбекистони Нав” бунёд гардид ва қаблан анҷоми сохтмонҳо ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он то охири соли равон таъмин хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама, гуфта мешавад, ки шароит ва иқлими вилояти Фарғона мусоидат менамояд, ки биноҳои истиқоматии 5-12 қабата сохта шаванд.
Ғайр аз бунёди шаҳракҳои истиқоматӣ ба роҳ мондани саноати моҳипарварӣ, роҳандозӣ ва анҷоми сохтмони корхонаҳои гуногуни саноатӣ низ аз падидаҳое мебошанд, ки барои ба кор таъмин шудани аҳолии зиёд корбаст шудаанд. Дар шаҳрҳои Марғелон, Қувасой, Қӯқанд, Фарғона, инчунин ноҳияҳои Сӯх, Риштон, Бувайда, Бешариқ, Олтиариқ, Фарғона ва амсоли он бунёди минтақаҳои саноатӣ низ мунҷар ба он шуданд, ки дар як соли охир ҳаёти мардум хеле фаровон шавад ва мушкилоти зиёди онҳо бартараф гардад.
Ба вилояти Фарғона таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани инвесторҳо низ беҳуда нест. Зеро ворид намудани сармояҳои калоне, ки инвесторҳои хориҷӣ барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатии вилояти Фарғона анҷом медиҳанд, ҳаргиз худ аз худ ба вуқӯъ напайвастаанд. 
– Барпо шудани  шаҳракҳои истиқоматӣ аз як тараф, аз тарафи дигар бунёди корхонаҳои саноатӣ баёнгари онанд, ки вилоят тараққӣ мекунад ва ба пеш меравад. Ин раванд мусоидат хоҳад кард, ки салоҳияти иқтисодии он низ пеш равад. Бовар дорам, ки дар фароҳам овардани ҷойҳои нави кор корхонаҳои ба вуҷудомада хеле мусоидат хоҳанд намуд, – мегӯяд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров. – Дар бештар аз ду соли охир шароити душвори пандемияи коронавирус дар вилояти Фарғона  ба саноат таъсири манфӣ расонд, вале ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки нақшаҳои муайяншуда то охири сол ба фарҷом бирасанд.
Дар вилояти Фарғона азхуд кардани сармояҳои хориҷӣ болоравии иқтисодиётро таъмин менамояд. Дар ҳоле ки қаблан бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Фарғонаи ин вилоят барномарезӣ нашуда буд, аммо дар ҳамин ҳол ин ноҳия низ танҳо дар як соли охир дорои чандин корхонаи хурду бузург гаштааст. Корхонаи марбути ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Экокерама” яке аз ин корхонаҳои саноатӣ маҳсуб меёбад.  Дастандаркорон ин корхонаро дар ивази 15 миллион доллар сохтаанд. 
Арзи вуҷуд намудани корхонаҳо мусоидат намудааст, ки хоҷагиҳои фермерии марбути кластерҳо ба он ашёи хом расонида диҳанд ва ба ин васила маоши кормандони худро дар вақти худ бипардозанд. Дар ин рӯзҳо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо як гурӯҳ сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон музокира дорад. Сармоягузорони эронӣ эълом доштаанд, ки дар Фарғона бо ширкати стартапҳои худ технопарк бунёд мекунанд.
– Мо зимни суҳбат бо Шафӣ Ғулом Ризо ва Катаюн Беҳзодӣ ба чунин натиҷа расидем, ки онҳо лоиҳаҳоро дар соҳаи моҳипарварӣ, қолибофӣ ва истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва амсоли он маҳз дар қаламрави вилояти мо таҳти иҷро қарор медиҳанд. Аз ҷониби мо танҳо фароҳам овардани шароит тақозо мегардад, – гуфт Бозоров. 
Ғайр аз ин, дар назар дошта шудааст, ки боми ин иншоот мустаҳкам карда, дар болои он гармхонаи чаҳоргектарии гидропонӣ сохта мешавад. Дар ин маврид истифодаи технологияи каммасраф дар мадди аввал гузошта шуда, гармхона бо энергияи офтоб гарм карда мешавад, обе, ки дар парвариши моҳиҳо истифода мекунанд,  захираи оби обёрикуниро фаровон хоҳад кард.  
Шафӣ Ғулом Ризо ҳамчунин изҳор кардааст, ки ин корхона қолиҳои абрешимӣ тавлид кардааст.
Айнан як гурӯҳ сармоягузорони Шветсария, Ҷопон низ дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои худ маҳз вилояти Фарғонаро интихоб кардаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: