Президенти Ӯзбекистон бо Канслери Федералии Олмон мулоқот кард

  • Президенти Ӯзбекистон бо Канслери Федералии Олмон мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Канслери Федералии Олмон мулоқот кард
  • Президенти Ӯзбекистон бо Канслери Федералии Олмон мулоқот кард

29 сентябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи иштирок дар ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ – Олмон» дар Берлин бо Канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолс гуфтушунид кард.

Ҷиҳатҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд, масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву олмонӣ муҳокима гардиданд.

Ба вусъат додани шарикии тиҷоратӣ, амиқсозии кооператсия дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармоя, нақлиёт, энергетика ва ҷанбаҳои дигари муносибати дуҷониба эътибори махсус дода шуд. Қайд гардид, ки сафари расмии роҳбари Ӯзбекистон ба Берлин, ки моҳи майи соли равон ба вуқӯъ омада буд, барои фаъол шудани муносибатҳои дуҷониба такони пурқувват бахшид.

Тӯли солҳои охир нишондиҳандаҳои мубодилаи мол ва кооператсияи саноатӣ ду баробар афзуданд. Дар мамлакат ширкатҳои машҳури олмонӣ, чун «Volkswagen», «MAN», «CLAAS», «Siemens», «Linde», «Aurubis», «Henkel», «Knauf», «Papenburg», «Deutsche Kabel» ва бисёр дигар бомуваффақият кор мекунанд.

Маҷмӯи нави лоиҳаҳо дар соҳаҳои маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кимё, электротехника, саноати бофандагӣ ва инфрасохтор ташаккул ёфтанд.

Роҳбари давлати мо як қатор таклифҳои нави мушаххасро бобати мунтазам гузарондани чорабиниҳои муштараки иқтисодӣ, татбиқ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи муқобил, рақамикунонии хоҷагии қишлоқ ва идораи захираҳои об, коркарди амиқи ашёи хом, вусъат додани воситаҳои молиявӣ, мустаҳкам кардани робитаҳои байни минтақаҳои ду мамлакат, ҳамкории тарафайн дар соҳаи муҳоҷират ва зудамалро иброз дошт.

Хоҳиши дуҷониба бобати рушди табодули фарҳангиву инсонпарварӣ, амалан татбиқ намудани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои илму таълим ифода гардид.

Ҳамчунин бинобар масъалаҳои таъмин сохтани амнияти минтақавӣ, аз ҷумла бо назардошти рушди вазъият дар Афғонистон табодули афкор ба амал омад.

Дар анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс даъват ба амал овард, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф оварад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: