ЁДЕ АЗ МАШЪАЛАФРӮЗИ МАОРИФ

Ҳар вақт суҳбат аз боби мактабу маорифи ноҳия равад, дар радифи маъруфтарин сарсупурдаҳои ин соҳаи пурмасъулият ва бошараф номи Ҳомидҷон Одилови шодравон вирди забон мегардад.

Ҳар вақт суҳбат аз боби мактабу маорифи ноҳия равад, дар радифи маъруфтарин сарсупурдаҳои ин соҳаи пурмасъулият ва бошараф номи Ҳомидҷон Одилови шодравон вирди забон мегардад. 
Ҳамидҷон Одилов соли 1910 дар деҳаи Қалъа дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш аз зумраи деҳқонони пухтакори деҳа ба шумор мерафтааст. Соли 1928 мактаби миёнаро хатм карда, ба шаҳри Самарқанд рафта, дар техникуми омӯзгорӣ машғули таҳсил шудааст. Баъди хатми он дар мактаби ба номи Ленини ноҳияи Сӯх ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Сипас дар мактаби ба номи Пушкин омӯзгор шуда фаъолияташро идома додааст. Вақте ки Ҳомидҷон Одилов дар кори таълиму тарбия худро нишон медиҳад, ба дӯши вай вазифаи директори мактаби таълими умумии рақами 7-ро супурдаанд, ки ҳамон солҳо аз мактабҳои обрӯмандтарини ноҳияи Сӯх муаррифӣ мешудааст.
“То соли 1942 дар ин мактаб директор шуда кор кардам. Ҷанги хонумонсӯз аллакай сар шудаву тамоми ҷавонмардони деҳаи мо низ ба ҷанги зидди фашизм сафарбар мешуданд. Ман низ натавонистам, ки аз ҳамдиёрони худ ақиб монам ва ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навиштам, ки ба майдони ҷанг меравам. То моҳи феврали соли 1943 дар полки пулемётандози Фронти 2-юми Украина дар набардҳо ширкат кардам. Аммо зимни яке аз муқовиматҳои шадид, ки душман низ мавқеи худро бо устуворӣ ҳимоя мекард, ҷароҳати вазнин бардоштам. Маро чанд муддат дар госпитали ҳарбӣ мавриди муолиҷа қарор доданд ва баъд ба ақибгоҳ гусел карданд”, – мехонам аз дафтари бо мурури солҳо зардшудаи хотироти Ҳомидҷон Одилов.
Ҷанги хонумонсӯз анҷом ёфт ва маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм шуда, ба диёр баргашт ва хост, ки ба касби дӯстдоштааш – омӯзгорӣ пардозад. Вай дар давоми фаъолиятҳои бисёрсолаи худ бо ордену медалҳои зиёди меҳнативу ҷангӣ сарфароз гаштааст. Аз ҷумла, барои ҷасорат дар ҷанги зидди фашизм бо ордени дараҷаи сеюми “Слава”, медалҳои “Барои меҳнати фидокорона”, “Нишони фахрӣ” мукофотонида шуд. Ҳамчунин, Аълочии маориф буд. Дере нагузашта ӯро ба мактаб боз директор таъин карданд. Дар ин вазифа то соли 1949 кор кард.
“Рӯзе маро ба садорати маорифи вилоят даъват карданд. Он ҷо дар баробари масъалаҳои зиёди мактабҳои вилоят масъалаи таъини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сӯх низ баррасӣ гардид. Сардори садорат сонӣ ба ман рӯй овард:
– Ин ҷо машварат карда, ба ҳамин хулоса омадем, ки соҳаи маорифи ноҳия ба шумо барин кадри болаёқат ва бофарҳангу кордон хеле эҳтиёҷ дорад. Акнун сарварии маорифчиёни ноҳияро ба дӯши шумо мегузорем ва бояд он ҷо низ сифати таълиму тарбия рӯ ба беҳбуд оварад”.
Ин ҳарфҳои қотеъонаи сардори садорати маорифи вилоят вайро водор кардааст, розӣ шавад, ки ин вазифаро бар дӯш мегирад. Ҳомидҷон Одилов ба Сӯх баргашта, барои беҳбуди кори таълиму тарбия ҷиддан машғул шудааст.
Ҳамзамон барои соҳиби маълумоти олӣ шудан таҳсилашро дар шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории  Фарғона идома дода, онро соли 1951 бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 1952-1953 сарварии мактаби ба номи Марксро бар ӯҳда доштааст.
Ӯ соли 1953 директори ин мактаб таъин шуда, ки дар деҳаи Тӯл воқеъ гашта буд. Масофаи байни Қалъа ва Тӯл тақрибан 20 километрро ташкил медиҳад. Баъзан субҳи барвақт бо мотосикл ба кор рафта, шом ба хона бармегашт. Аммо баъзан ҳамон ҷо шабро рӯз мекард.
Ҳомидҷон Одилов соли 1968 барои хизматҳояш дар соҳаи таълиму тарбия ба гирифтани унвони Муаллими хизматнишондодаи Ӯзбекистон ноил шудааст. Чандин бор аз ҳавзаи интихоботии “Юқориқӯрғон”-и Сӯх депутати шӯроҳои халқи ноҳия ва вилоят интихоб гардидааст.
20 майи соли 1981 дар синни 70 дили Ҳомидҷон Одилов аз задан бозмонд.
Рӯзе падарам ҳадаҳа аз мактаб ба хона баргаштанд. Ба модарам, ки директори мактаби рақами 14 буданд, рӯй оварда гуфтанд, ки дӯсташон Ҳомид Одилӣ аз ҳаёт даргузаштааст.
– Одамӣ як бор ба ин дунё меояду меравад. Ба деҳаи Қалъа рафта, дар ҷанозаи ӯ иштирок мекунам ва ба наздикону пайвандонаш тасаллият мегӯям, – гуфтанд падарам.
Баъд бо ҳамон саросемагӣ мошинашонро аз гаражи ҳавлӣ бароварда, бо ду-се нафари дигар ба деҳаи Қалъа равон шуданд.
Ҳамон вақт донистам, ки ин ду муаллими куҳансолро кайҳо боз риштаҳои дӯстӣ ба ҳам васл менамудааст. Баъди ин ҳодиса падарам баъзан аз Ҳомидҷон Одилов ёдовар мешуданд ва мегуфтанд, ки вай хеле одами ҳалолу пок буд, тарзи либоспӯшии ӯ ба ҳама писанд меомад.
– Ягон бор надидаам, ки дар либос ва пойафзоли ӯ гарду чанг шишта бошад. Ҳамсараш ҳамеша кӯшиш мекард, ки шавҳараш бо либосҳои озода ба мактаб равад, – бо шавқ мегуфтанд падарам.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: