Дахлнопазирии мулк ин соҳиби сарвати худ будан ва доштани ҳуқуқ барои истифодаву идораи он мебошад.
Ин ҳуқуқ ба одамон имкон медиҳад, ки аз мулки худ озодона истифода бубаранд, вай ба онҳо баробариро дар назди қонун фароҳам меоварад.
Воқеан, мулкдор танҳо дар мавриди боэътимод ҳифз карда тавонистани амволаш сармоя ба даст оварда метавонад. Соҳибкор барои инкишоф додани тиҷорати худ бо тамоми имконият саъю ҳаракат мекунад. Ин маънои онро дорад, ки баробари даромади мулкдор иқтисодиёти давлат ҳам инкишоф меёбад.
Бесабаб нест, ки солҳои охир дар кишвари мо барои ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон чораҳо андешида мешаванд. Пурзӯр шудани ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорону барои онҳо фароҳам омадани бисёр имтиёз ва сабукиҳо кормандони соҳаро нафақат рӯҳбаланд мекунад, балки барои рушди иқтисодиёти мамлакат, таъмин сохтани фаровонҳолии халқ аҳамияти махсус касб менамояд.
Бинобар имкониятҳои хубе, ки тайи 6 соли охир ба вуҷуд омаданд, миқдори субъектҳои соҳибкорӣ 6 баробар афзуд ва имрӯз шумораи онҳо ба 2 миллион расидааст. Миқдори соҳибкороне, ки даромадашон аз 1 миллион доллар гузашт, ба 26 ҳазор нафар расид, даромади 220 соҳибкор бошад, 100 миллион долларро ташкил дод.
Бояд эътироф кард, бо вуҷуди ислоҳоте, ки барои ҳифзи мулки хусусӣ амалӣ мешаванд ва чораҳое, ки дар соҳа татбиқ мегарданд, дар мамлакат ҳанӯз мушкилот ва низоъҳои вобаста ба мулки хусусӣ ҷой доштанд. Чунончи, дар асоси қарори ғайриқонунии мансабдори мақомоти давлатӣ мулки хусусиро дар шакли «снос» гирифта мондан, ҷуброн накардани зарари ба соҳиби мулк расонидашуда, бинобар сабабҳои беасос вайрон кардани амволи ғайриманқул барин ҳодисаҳо боиси эътирози ҳаққонии мулкдорон мегардиданд.
Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ, аз ҷумла ҷорӣ гардидани меъёрҳои ҳаётбахши Сарқонун дар таҳрири нав таҳкими кафолати ҳуқуқи амвол, ҳифзи он дар судҳо ва дахлнопазириаш таъмин гардид. Аз ҷумла, бори аввал дар Сарқонун имконпазир будани мулки хусусӣ гардидани замин дар назар дошта шуд. Меъёри мазкур ҳамчун навгонии воқеии Қонуни асосӣ холигоҳи муносибатҳои вобаста ба мулкдориро пур кард.
Баробари ин мушаххас карда шуд, ки бидуни қарори суд ва бар хилофи қонун аз манзил маҳрум кардани мулкдор манъ аст, ба соҳиби мулк, ки аз хонаву ҷояш маҳрум шудааст, мувофиқи қонун маблағ ба арзиши баробари зарари расонидашуда баргардонида мешавад.
Дар ин бобат нисбати соҳибони манзил 2 навъи муҳими кафолати конститутсиявӣ муайян карда шуд: инҳо кафолати суд ва кафолати пардохти ҷубронпулӣ ба шахси аз хонаву ҷойи худ маҳрумгардида аст. Кафолати суд маънои бидуни қарори суд аз ҳуқуқи амвол маҳрум накардани мулкдорро дорад. Дар ин маврид ҳолатҳое, ки аз ҳуқуқи амвол маҳрум кардани мулкдор аз ҷониби суд мувофиқи ҳуҷҷатҳои қонуни дарамал ба тарзи ҳаққонӣ дида шудаанд, сабаб мегарданд. Бешубҳа, тартиби мазкур кафолат медиҳад, ки мулкдор дар ҳама гуна ҳолат бидуни асос аз ҳуқуқи амвол худ маҳрум карда нашавад.
Кафолати дуюм, яъне баъди аз манзили худ маҳрум шудан ба соҳиби мулк додани кафолати пардохт бинобар он, ки ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мулкдор нигаронида шудааст, сазовори эътибор мебошад. Меъёри мазкур қонунан кафолат медиҳад, ки ба соҳиби хонаву ҷой зарари расонидашуда баробари арзиши он ҷуброн карда шавад.
Ғайр аз ин ба мақсади ҳифзи мулки хусусӣ ва таъмин сохтани дахлнопазирии он тартибот, талабот ва монеаҳое, ки ба истифода бурдан, тасарруф кардани мулки хусусӣ бевосита ё бавосита алоқаманд мебошанд, бекор карда шуданд.
Чунончи, ҳуҷҷатҳое, ки барои ба миён омадани ҳуқуқи соҳиби қитъаи замин гардидан асос мешаванд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои Девони Вазирон, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ аз ҷониби худи онҳо ё худ мақомоти болоӣ ва мансабдорон, бахусус аз тариқи эътирози прокурор ба амалиёти бекор кардани ҳуқуқ бинобар қитъаи замин барҳам дода шуд. Мушаххас гардид, ки ҳуҷҷатҳои мазкур танҳо аз ҷониби суд бекор карда ё худ ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд.
Агар ба тарзи хулоса гӯем, дар Сарқонун тамоюлҳои дахлнопазирии амволи мулкдор мустаҳкам карда шудааст, вай худсарона ва бар хилофи қонун гирифтани амволи соҳиби мулк роҳ намедиҳад, ҳолатҳои истифода аз онҳоро таъмин менамояд. Ин ба мулкдор барои соҳиби амволи худ шудан ва аз он истифода бурдан замина фароҳам меоварад, ҳамчунин эътимоди онҳоро ба давлат мустаҳкам месозад.
Зеро ҳифзи амвол шарти муҳими инкишоф додани соҳибкорӣ ва ҷалб намудани сармоя ба шумор меравад. Танҳо дар мавриде, ки соҳибкор ва сармоягузор ба мувофиқи қонун ҳифз гардидани амволи худ эътимод ҳосил мекунанд, далерона пеш мераванд, ин бошад, дар навбати худ ба тараққиёти иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд.
Адҳам ШОДМОНОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.