МОҲИЯТИ СТРАТЕГИЯИ РУШД – ЗИНДАГИИ МУНОСИБ ИХТИЁР КАРДАНИ ИНСОН

Мақсад, маром ва муддаои асосии давлати мо аз қабул карда шудани Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 бароямон равшан: тавассути баланд бардоштани қадри инсон ва боз ҳам ривоҷ додани ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ барпо намудани давлате, ки воқеан халқпарвар мебошад.

Баимзорасии ин ҳуҷҷати муҳими таърихиро, ки қутбнамои роҳи тараққиёти кишвари мо дар панҷ соли пешистода аст, шаш моҳ пур мешавад. Дар ин муддат бобати ба амал баровардани як қатор корҳои муҳим дар соҳаҳои гуногун қадамҳои аввалин гузошта шуданд.
Шояд ҳудуде нест, ки аз мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ холӣ бошад, вале муҳим он ки барои дар ҷои худ ҳал кардани ҳар кадом масъала масъулон ҷидду ҷаҳд менамоянд. Барои ин ваколатҳои маҳаллаҳо васеъ гардонида ва ба пурзӯрсозии мустақилияти молиявии онҳо эътибор дода мешавад.
Технологиҳои замонавии коммуникатсионӣ дар ба роҳ гузоштани равобитҳо ва осон гардондани душвориҳо – муҳимтарин восита. Масалан, барои таъмини бевоситаи робита байни мақомоти давлатию маҳаллаҳо, иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ё худ кор бо аҳолӣ дар ҷамоаҳои шаҳрвандӣ имкониятҳое мавриди истифодабарианд, ки ба ҷараёнҳои рақамноксозӣ вобастаанд. Акнун аз худи маҳалла истода ба кулли идораҳои давлатӣ муроҷиат кардан мумкин. Ё худ барои дар худи маҳалла бевосита нишон додани хидматҳои давлатию иҷтимоӣ метавон аз сохтори нави муроҷиат, ки ба ҳаёти мо ворид шудааст, истифода намуд.
Барои пеш бурдани сиёсати иҷтимоии адолатнок ва равнақ бахшидан ба капитали инсон, фикр мекунем, тараққӣ додани ду соҳа – таълим ва тандурустӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар Стратегияи рушд, ки қайд карда гузаштем, ба ин ду масъала эътибори  алоҳида нигаронида шудааст.
Ягон касбу ҳунари аниқро соҳиб будан дар ҳаёти шахс чи қадар аҳамиятро молик аст, ба ҳамаамон маълум. Ҳоло имконият фароҳам оварда мешавад ҳар як шаҳрванд аз ҳисоби давлат ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шавад. Масъалаи машғул шудан бо сохтори касбу ҳунар ба таври пурра ба ихтиёри Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ гузаронида мешавад. Хатмкардагони мактабҳои таълими умумӣ бояд камаш як касбу ҳунарро соҳиб бошанд. Барои ин сохтори кумакрасон ба омӯзиши касб ҷорӣ мегардад.
Алъон тақрибан 67 фоизи кӯдакон ба муассисаҳои таълими томактабӣ ҷалб карда шуда бошанд, дараҷаи фарогирӣ дар солҳои наздик бояд 80 фоизро ташкил намояд. Ба сохтори омодагии томактабӣ ҳоло наздик 90 фоиз 6-солаҳо ҷалб шуда бошанд, то ҷамъбасти соли хониши 2024-2025 нишондиҳанда 100 фоизро ташкил хоҳад намуд. Ба нақша даромадааст, ки бештар аз 7 ҳазор ташкилотҳои нави нодавлатӣ барпо ва барои ин ба сохтори таълими томактабӣ маблағҳои сохтори хусусӣ ҷалб карда шаванд.
Як вақтҳо ба донишу таҷриба ва сифати малакаи касбии ходимони боғчаҳои бачагона эътибор дода намешуд. Дар соҳа бештар занҳое фаъолият мебурданд, ки омӯзишгоҳҳои педагогӣ ё муассисаҳои тарбиявиро ба ном хатм карда, вазифаашон гӯё фақат банд кардани бача, ёд додани шеъру сурудҳои забонзад буду халос. Ҳоло нисбати фаъолияти онҳо талабот ҷиддист. Тӯли солҳои 2022-2026 бояд бештар аз 160 ҳазор нафар кадрҳои педагогии муассисаҳои таълими томактабӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд. Барои ба тарзи шаффоф амалӣ гардонидани ҷараёнҳои молиявии сохтори таълими томактабӣ шароитҳои мусоид офарида мешаванд.
Бо вуҷуди он ки ҳар сол мактабхонаҳо сохта ва биноҳои иловагии таълимӣ барпо мегарданд, мушкилоти ҷой ҳанӯз пурра ҳал нагардидааст. Барои ҳамин интизор меравад дар сохтори таълими халқ тавассути ҷорӣ намудани Барномаи миллии рушди мактабҳо барилова 1,2 миллион ҷойи хонанда офарида шавад. Миқдори ҷойҳои таълимӣ то ҷамъбасти соли 2026 ба 6,4 миллион адад хоҳад расид.
Оиди рушди 217-то мактабҳои бачагонаи «Баркамол авлод» дар давоми солҳои 2022-2026 барномаҳои махсус корбаст ва татбиқ мегарданд. Фаъолияти ройгони бештар аз 100 ҳазор маҳфилҳо ба роҳ гузошта ва барои ошно сохтани бачаҳо ба дунёи санъат, бо дониш ва малакаҳо дар соҳаҳои компутер ва технологияҳои IT мусаллаҳсозии онҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Муҳимтарин воситаи ба дониш мусаллаҳсозии насли наврас китобҳои дарсист. Вале афсӯс, на ҳамаи китобҳои тадрисӣ, минҷумла, адабиётҳои таълимӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯянд. Давр тақозо дорад барномаҳои таълимию китобҳои дарсӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аз нав дида баромада ва дар амал ҷорӣ карда шавад. Ба нақша даромадааст дар асоси Барномаи таълими миллӣ то соли 2026 дар 699 номгӯй, аз ҷумла дар соли 2022 дар 296 номгӯй китобҳои нави дарсӣ, дафтарҳои машқ, китобҳои методии таълимӣ, ҳамчунин иловаи мобилии онҳо, бо мақсади ба хонандагон омӯзондани методикаҳои нав оид ба барномаи таълими миллӣ барои Платформаи такмили малакаи электронӣ то соли 2026 ҷамъ 769-то видеодарс офарида шавад.
Минбаъд музди меҳнати муаллимони пешқадам бо баҳисобгирии тоифаи малакавӣ ба табақаҳо ҷудо ва дар ҳамин асос баланд бардошта мешавад. Муаллим ҳаракат мекунад аз сафи пешқадамҳо ҷой гирифта ва баробари музди баланд гирифтан ба пайдо кардани эътибор дар ҳаёти ҷамъиятӣ имконият ба даст орад. Интизор меравад маоши муаллимони баландмалака давра ба давра ба эквиваленти 1000 доллари ИМА расонида шавад. Аз нав дида баромадани тартиби тоифаҳои малакадиҳӣ ба омӯзгорон низ мавриди назар аст.
Муҳимтарин вазифа дар сохтори таълим рӯз барин равшан: баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳо, дониш ва малакаи кадрҳои педагогиро ба андозаи байналхалқӣ бардоштан.
Нақшаҳои истиқболӣ дар соҳаи тандурустӣ, айни замон, қобили таваҷҷуҳ буда, ба амал татбиқ карда шудани онҳо имконият фароҳам меоварад сохтори тиббиёт дар мамлакат ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардад.
Бо мақсади боз ҳам хубтар ба роҳ гузоштани хидматрасонии тиббӣ ва офаридани қулайиҳо ба аҳолӣ дар ҳудудҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ кластерҳои тиббӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, созмони ин гуна кластерҳо дар вилоятҳои Намангон, Фарғона, Сирдарё, Қашқадарё, Навоӣ, шаҳр ва вилояти Тошканд ба нақша гирифта шудааст. Дар роҳи баланд бардштани сифати хидматрасонии тиббӣ, истифодаи самаранок аз маблағҳои буҷавӣ, марказонидани хидматҳои тиббӣ, татбиқи хидматҳои суғуртавӣ дар соҳа ҳаракатҳо самара мебахшанд.
Чораҳои маҷмӯӣ оиди рушди сохтори тандурустӣ ва ба амал баровардани барномаи баландбардории иқтидори касбии ходимони тиббиёт дар солҳои 2022-2023, айни замон татбиқи стратегияи рақамисозӣ дар нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 2022-2026 ҷиҳати мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ бинобар баланд шудани сифати хидматрасонии тиббӣ нақши муҳим мебозанд. Сохтори хидматрасонии техникии асбобу ускунаҳои тиббӣ такмил меёбад. Тартиби истифода аз дорувор ва ашёҳои тиббӣ тағйир ёфта ва сохтори ретсепи электронӣ ҷорӣ мегардад. Бо мақсади бароҳгузории назорати онлайн бинобар риояи нархҳои дорувор сохтори иттилооти назоратӣ мукаммалӣ касб менамояд. Ҷорӣ шудани маркировкаи маҳсулоти фарматсевтӣ, айни замон, самара бахшида, сохтори дастрасгардонии дорувор ба ҳудудҳои дурдаст дар асоси механизмҳои замонавӣ такмил дода мешавад.
Баландбардории сифати хидматрасонии тиббӣ-санитарӣ, таъмини соҳа бо кадрҳои малаканок мавриди эътибор аст. Торафт такмил ёфта истодани сохтори хидматрасонии тиббӣ ба бонувон ва занҳои ҳомила, расондани кумаки тиббии баландтехнологӣ ба кӯдакон яке аз комёбиҳои соҳа дар давраи нав буда, интизор меравад солҳои наздик миқдори марказҳои перинаталии байниноҳиявӣ ба 46 адад расонда шавад. Тиббиёти хусусӣ низ аз эътибор дур намонда, саҳми он дар хидматрасонии тиббӣ ба 25 фоиз расонида мешавад. Эҳтиёҷ ва таклифоти аҳолиро ба инобат гирифта, дар солҳои 2022-2023 дар ҳудудҳои ҷудогона ташкил кардани 61-то поликлиникаҳои оилавӣ ва 215-то нуқтаҳои шифокори оилавӣ ба нақша дароварда шудааст.
Навгониҳо дар кулли соҳот, минҷумла, сохторҳои таълими халқу тандурустӣ, фикр мекунем, самараи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 буда, қабл аз ҳама ба баланд бардоштани қадри инсон ва зиндагии муносиб ихтиёр намудани шаҳрвандони мо нигаронида шудаанд.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: