ХОНДАНИ ОСОРИ МАНСУР

Хондани осори мансур ва манзум гӯё як ҷараёни содаву одӣ ба назар менамоянд.

Аз ҳамин сабаб ба тарзи хондан ва қироати осори илмиву бадеӣ ё расмиву публисистӣ баъзан кам эътибор дода мешавад. Бинобар ин, зарур аст, ки ин раванд ҳанӯз аз давраи ҳарфомӯзии кӯдакон ба эътибор гирифта шавад, зеро ташаккули нутқи минбаъда ба он вобаста аст.
Риоя кардан ба тарзу талаботи хониши осори мансуру манзум аз ҳар ҷиҳат фоиданоктар буда, боиси ба вуҷуд омадани нутқи салису равон мегардад. 
 Дар ин замина тасмим гирифтем, ки доир ба хониши осори мансур ва манзум чанд суханро дар такя ба маъхазҳои илмӣ баён намоем. Аз ин рӯ, бамаврид аст, ки ҳар кадоми онро ба тарзи алоҳида мавриди баррасӣ қарор диҳем. 
Наср як ҷинси алоҳидаи адабиёти бадеӣ аст. Насрнависро носир ҳам мегӯянд. Ин шакли адабиёт бо сохти худ аз дигар намудҳои асарҳои бадеӣ фарқ мекунад. Хондани ҳама гуна осори мансур барои ташаккул ва инкишофи нутқ, инчунин ба маданияти гуфтор ва тарзи ифодаи донишомӯзони  мактабӣ мусоидат мекунад. Наср  аз сабаби он ки  ба нутқи гуфтугӯӣ наздик аст, боиси зуд ғанӣ гардидани  таркиби луғавию фразеологии хонандагон мегардад.
Дар адабиёти имрӯзаи мо ба таври бояду шояд ҳанӯз хусусиятҳои хониши осори назмию насрӣ аз ҷониби ягон олим комилан омӯхта нашудаааст. Танҳо доир ба он дар дастури омӯзишгоҳҳои олӣ якчанд соат ҷудо карда шудааст, ки мутахассисони соҳа дар асоси баъзе маводҳои дастрасӣ ё мақолоти дар ин соҳа навишташуда ба тарзи назарӣ маълумот дода мегузаранд.  Дар адабиёти илмӣ-методии мо хусусиятҳои хониши насри бадеӣ ба андозае аз тарафи адабиётшинос Н. Маъсумӣ нисбатан мукаммал баён шудаанд. Вай дар ҷараёни хониш ба маънову мазмун ва мантиқи сухан мутобиқ будани оҳанги ифода, дуруст гузошта шудани задаҳои ҳиҷоиву мантиқӣ, риоя шудани паузаҳои грамматикиву мантиқӣ ва риояи меъёри талаффузи овозу ҳиҷо ва калимаву таркибҳоро муҳимтарин омили хушхонӣ донистааст.
Санъати хонишгарӣ аз гаштаву баргашта хондани матнҳо ё аз ёд кардани онҳо ҳосил гардад. Зеро хондан ва аз ёд кардан ё ин ки  дар хотир нигоҳ доштани матни насри бадеӣ кори басо  мушкил аст. Аз ин рӯ, ба гӯянда  лозим меояд, ки мазмуну мундариҷа ва сохту таркиби матнро пешакӣ пухтаву пурра омӯзад. Ва пеш аз ҳама вайро зарур мешавад, ки осори гузаштагону имрӯзиёнро дар муқоисаи услубу баён такрор ба такрор ҳазм намояд. Мо дар ин хусус ҳаловату ҳолати қиссагӯву қиссахонҳоро пеши назарамон оварда метавонем. Онҳо «Ҳазору як шаб»-у «Самаки айёр» барин қиссаҳоро ҳамчун саргузашти худ озодона, бе ягон сактаву лакнати забонӣ хеле пурсӯзу пургудоз ва равону соз баён мекунанд. Ҳамин тариқ хонишгари имрӯза ҳанӯз аз синфҳои ибтидоии мактаб бояд тарзи дурусти ифодаро ёд гирад. Дар ин замина аз омӯзгори соҳа масъулият талаб карда мешавад, ки ба донишомӯз тарзи дурусту бехато ва созу оҳангнок хондани матнҳоро пайваста тавсия намояд.
Дар адабиёти илмиву методӣ раванди дар мактабиён ташаккул ва инкишоф додани қобилияту маҳорати хонишгариву гӯяндагӣ ба се марҳила: омодагӣ ба кор бо матн, кор дар болои матн ва хониши матн ҷудо карда шудаанд.
Омодагӣ ба кор бо матн. Ин марҳила бевосита ба худи хонандагон алоқаманд набуда, бо ёрии муаллим сурат мегирад. Яъне вай бояд пеш аз ҳама дар табиати хонанда майлу хоҳиш ва завқи омӯзиши матнро бедор намояд. Дар ҳақиқат агар ин ҷараён амалӣ нагардад, яъне донишомӯзи мактабӣ дар худ иродаю шавқи омӯзишро пайдо накунад, заҳмати омӯзгор бенатиҷа монданаш мумкин. Моҳияти ин марҳила аз он иборат аст, ки дар мактабиён қобилияти муфассалу гуворо гуфтани дидаву шунидаҳояшон инкишоф дода мешавад. Ин тарзи кор бо матн асосан дар синфҳои 5-8 бештар таҷриба карда мешавад.
Муаллим ба мактабиён имконият медиҳад, ки пеш аз шиносоӣ бо матни таълимӣ саргузашт ва ё дидаву шунидаҳои худро, ки ба мазмуни матн монанд аст, пуробуранг ва муассир баён кунанд. Ҳамзамон омӯзгор бояд таъкид намояд, ки дар мавриди нақли саргузашт ба тарзи ифодаи худ боэътибор бошанд. Ба онҳо фаҳмонида мешавад, ки пешакӣ мавзӯъ ва моҳияти нақли худ, яъне дар чӣ хусус ва барои чӣ нақл карданашро фикр карда, чунин ҷиҳатҳоро аниқ кунанд: воқеа аз чанд қисм иборат буда, чӣ равишҳоро дар бар мегирад, қисматҳои воқеа чӣ тафовуту умумиятҳо доранд, алоқамандии байни қисмҳо чӣ гуна сурат гирифтааст ва ғайра. Инчунин, оё он умумият ва тафовутҳо пас аз нақли воқеа ё ҳодиса дар рӯҳияти онҳо ягон  дигаргунӣ ҳосил кардааст? Ҳангоми фаҳмондани матлаб, пеш аз ҳама худи омӯзгор бояд ба ҳамаи талаботи гӯяндагиву пурсандагӣ риоя кунад. Чунки ҳолати дарк кардани фазои синф барои вай шинос аст. Аз ин нуқтаи назар, ана ҳамин масъулиятро ҳис кардани омӯзгор дар оянда ба хондану омӯхтани шогирдон кумаки аввалиндараҷа мешавад. 
Кор дар болои матн.  Ин марҳилаи корӣ бошад бештар ба худи хонанда вобастагӣ дорад. Яъне, хонанда барои хондани матн дар худ завқи эстетикӣ бояд бедор намояд. Ҳама гуна матни бадеӣ бо шавқи том хонда шавад, дарки мазмуннокии он осон мегардад. Ин қисмати дарс хеле муҳим буда, он асосан дар фаъолияти мактабиёни синфҳои 5-8 татбиқ карда мешавад. Чунки айнан дар ҳамин синну сол тафаккури ба адабиёт доштаи мактабиён ривоҷ меёбад. Мавзӯи дарсҳои адабиёт низ нисбат ба синфҳои ибтидоӣ як навъ мукаммал ва муфассалтар баён карда мешаванд. Дар китобҳои дарсӣ ҳам риоя шудани ин талабот ҳатмист. Яъне, матнҳо бояд дар ҳаҷми фарохтар дода шуда, хусусияти синнусолии хонандагон дар назар дошта шавад. Он гоҳ омӯзиши хондани осори мансур осон мегардад. Мавзӯъҳо ҳаҷман калонтар ва мазмунан фарохтар пешниҳод карда мешаванд. Зеро чунон ки маълум аст, таълими адабиёт дар ин синфҳо хониши адабӣ буда, аз рӯйи нишондоди М. Қозиҷонов дар рафти омӯзиш чунин талабот ба субут мерасанд: дар синф ва дар хона хондани матн, бо овози баланд ва ё овоз набароварда хондан, аз рӯйи матни хондашуда нақша сохтан, нақли порчаи хондашуда, мазмуни идеявии асар, таҳлили образҳо, забон, нақли хаттӣ, баёни эҷодӣ, иншо ва ғайра.
Дар ин бора адабиётшинос Б.С.Найденов ҳангоми омӯзиши асарҳои бадеӣ, пеш аз ҳама, ду навъи  ҳикоягӯйиро аз рӯйи матн –  батафсил ва бадеӣ тавсия кардааст. Таҷриба нишон дод, ки пешниҳодҳои олим самараи хуб дода метавонад. Дар ин бора мухтасар таваққуф менамоем.
Ҳикоягӯии батафсил, махсусан, дар синфҳои 1-3 ва 5-8 фаровон истифода бурда мешавад. Талаботи асосии он аз ҳамин иборат аст, ки донишомӯзон баробари мазмуну мундариҷаи асар, инчунин ба тасвиру тавсифҳои забони нависанда эътибор дода, салису фасеҳбаёниро ёд мегирад. Аҳамияти ин навъи нақл боз дар он аст, ки диққату эътибор ва  хотираю ҷаҳонбинии мактабиён инкишоф дода мешавад. Вазифаи асосии ин навъи ҳикоя наздик будани нақл ба мазмуни матн, табиӣ будани тарзи гуфтор ва фораму шевоии оҳанги баён мебошад. Дар ин замина аз омӯзгор талаб карда мешавад, ки вақти хондани матнҳо дар бораи услуби эҷоди муаллифон низ ист кунад. Зеро баъзан калимаву таркиб ва ё ибораҳои фразеологиву рехта пайи ҳам омада, дарки мазмуни матн душвор гардиданаш мумкин. Аз ин рӯ, вай вазифадор аст, ки мавриди омӯзиш тамоми ҷабҳаҳои маводи хондашавандаро дар назар гирад. Ана ҳамин эътибори омӯзгор дар оянда ба гуногунрангӣ ва ғановати забони шогирдони вай сабаб мегарданд.
Ҳикоягӯии бадеӣ зоҳиран ба ҳикоягӯии батафсил монанд мебошад, чунки ҳар дуяшон  ҳам ба нигоҳ доштани мазмуну шакли матни муаллиф хос мебошанд. Вале ин ҷо нақл бояд пуробуранг ва бадеӣ бошад. Гӯянда нафосату балоғат ва латофату назокати суханро истифода карда, воқеаро муассиру ҳаяҷонбахш нақл карда тавонад. Хусусияти дигари фарқи ҳикоягӯии бадеӣ аз батафсил дар он аст, ки ҳангоми нақл аз воситаҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳу истиора, талмеҳу таҷнис ва ҳамчунин панду ҳикматҳои доири мавзӯъ фаровон истифода карда мешаванд. Дар ин гуна мавридҳо хидмати устодон низ хеле назаррас бояд бошад, бар он хотир, ки донишомӯз дар ҷараёни баён аз калимоту ибороти услуби гуфтугӯӣ ва шеваю лаҳҷаҳои гуногун истифода набарад. Агар дар дохили матн порчаҳои шеърӣ оварда шуда бошанд, омӯзгор вазифадор аст, масъаларо аз нуқтаи назари муқоисавӣ боз ҳам обуранг бахшад. Яъне шогирдонро водор созад, ки маводи назмии хондаашонро бадоҳатан бо ифодаи худ дар назди ҳамсинфон равон баён намояд ва худаш пеш аз ҳама ба забони адабӣ риоя намояд. 
Хониши матн. Дар дастурҳои омӯзишиву услубӣ ва  асарҳои илмию методӣ хонишро асосан ба ду намуд – хониши овозӣ (шунаво, бо овози баландтар) ва хониши беовоз (яъне дар дил) ҷудо мекунанд, ки якеи ин тарзи хонишҳо асосан дар хона ва дигаре дар синф иҷро карда мешавад. Ҳамин аст, ки дар баъзе асару мақолаҳои методӣ хониши овозиро хониши синфӣ ва беовозро хониши хонагӣ номидаанд. Хониши хонагӣ бевосита ба амалиёти индивидуалии хонанда вобаста аст, яъне вай хондани асарро чӣ хел ба роҳ мемонад. Аммо хониши синфӣ бояд ҳатман аз тарафи омӯзгор ба назорат гирифта мешавад ва ҳамин эътибор барои ба меъёр даровардани хониши хонагии донишомӯз замина мегардад.
 Ҳаминро ҳам таъкид кардан бамаврид аст, ки дар вақти хондани осори мансур муаллим ба талабагон бояд вазифаи роҳнамоиро иҷро намояд. Тибқи қобилият ва рефлекс донишомӯзон метавонанд дар хона ҳам барои баланд хондани матн ба худ шароит фароҳам оваранд. Чунки бисёр шудааст, баъзе хонандагон ҳангоми баланд хондани матн қобилияти даркашон зиёдтар гардида, мазмун ва маънои матнро ба хубӣ аз худ менамоянд. Яъне дар ин гуна мавридҳо муаллим бояд худ ҳассостар бошад ва тибқи табиати шогирдон кор барад.
Хулоса, тарзи дурусту бехато хондани осори мансур ва риояи меъёрҳои талаботи он ба донишомӯзон нафақат завқи зебоипарастӣ, балки шавқи ахлоқӣ низ мебахшад. 

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: