ТАЪМИНИ ШУҒЛИ БОНУВОН – МАСЪАЛАИ МУҲИМ

Дар мамлакатамон шуғли аҳолӣ, алалхусус бонувон яке аз асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ, шарти муҳими баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум муайян гаштааст.

Имрӯзҳо барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон, амалӣ гардондани қобилияту имкониятҳои онҳо, ба аъзои баробарҳуқуқу фаъоли ҷомеа табдил додани онҳо корҳои васеъ анҷом дода мешаванд.
Бо Фармони Президент Барномаи миллии баланд бардоштани фаъолнокии занон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат қабул гардид.
Дар ин бобат муҳим он аст, ки самти панҷуми 5 ташаббуси муҳими ба миён гузоштаи Сарвари давлат ба таъмини шуғли занон нигаронида шуда, илова бар ин, қарори Президент «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам таҳкими кафолатҳои ҳуқуқи занон ва дастгирии соҳибкорӣ» аҳамияти калон пайдо мекунад.
Дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон низ масъалаи таъмини шуғли бонувон, ба меҳнати судманд ҷалб намудани онҳо, бо меҳнати хонагӣ ба даромади онҳо мусоидат намудан дар ҷойи аввал аст.  
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии иҷтимоию ҳуқуқӣ, омодагии касбӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва бо шуғл таъмин намудани онҳо корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.
Аз ҷумла, вохӯриву лоиҳаҳое, ки аз ҷониби кумита дар ноҳия баргузор мегарданд, ба кам кардани шумораи оилаҳои «Дафтари оҳанин», ба афзоиши даромади оила, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии занону духтарони ҷавон аз ҷиҳати моддиву маънавӣ, бо кор таъмин намудан ва касбомӯзии онҳо нигаронида шудааст.
Дар мулоқотҳо бо занону духтарон дар бораи курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати ройгон, ки дар марказҳои соҳибкории занон ва мономарказҳои «Ишга марҳамат» ташкил мегарданд, маълумот дода мешавад. Ба курсҳои омӯзишии ҳунарҳои миллӣ, дӯзандагӣ, саводнокии компутерӣ, қаннодии миллӣ, ки аз ҷониби ин марказҳо ташкил шудаанд, ҷалб намуда, бо кор таъмин карда мешавад.
Дар натиҷаи омӯзишҳое, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳия дар соли ҷорӣ гузаронд, 3197 нафар занони бекор бо ҷойи кор таъмин шуданд. Аз онҳо 1056 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 4525 нафар ба меҳнати ҷамоатӣ ҷалб карда шуд. Ба 469 нафар занон барои ташкили ихтисос ва касбомӯзӣ роҳхат дода, 521 нафар занону духтарон касбу ҳунар омӯхтанд.  
Ба 323 нафар заноне, ки соҳибкорӣ ва васеъ кардани тиҷорати худро мехоҳанд, 13,7 миллиард сӯм қарз ҷудо карда шуд.
Барои бо кор таъмин кардан ва таъсиси ҷойҳои нави кории занони деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои наздисарҳадии ноҳия аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади бартараф намудани бекории занон ва таъмини некӯаҳволии иҷтимоии онҳо дар маҳалҳои зикршуда гармхонаҳо сохта, 189 нафар занон бо кор таъмин гардиданд.
Дар доираи лоиҳаи «Як ҳунарманд – даҳ шогирд» ҷиҳати таъмини шуғли 135 нафар занон дар соҳаи ҳунармандӣ чораҳо андешида мешавад. 
Байни занони соҳибкор марҳилаи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкор – 2023» баргузор гардид. Дар он фаъолтарин бонувони соҳибкору ҳунарманди ноҳия бо намоишҳои худ ширкат варзиданд. Дар озмун 3 нафар ғолибиятро ба даст оварда, ба марҳилаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Инчунин, бо роҳбарии кумита дар доираи лойиҳаи умумимиллии «Макони сабз» корҳои васеъмиқёс амалӣ шуд. Дар доираи лоиҳа ба ҳифзи табиат ва ташаккули маданияти экологии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, дар майдони холии боғи фароғатии «Улуғчинор» «Боғи модарон» таъсис дода шуд. Барои ин иқдоми нек занону духтарони фаъоли маҳаллаҳо ниҳолҳои дарахтони ороишӣ шинонданд.
Муовини ҳокими ноҳия Нодира Аҳмедова бо занону духтароне, ки дар  ҶММ «Баркас текс» кор мекунанд, суҳбат анҷом дод.
– Чунин корхонаҳое, ки бонувони моро бо кор таъмин мекунанд, рӯз то рӯз зиёд мешаванд. Ин самараи сиёсати халқпарвари Сарвари давлат аст, – мегӯяд Нодира Аҳмедова.– Аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Баркас текс» дар 4 гектар замин бо арзиши умумии 180 млрд. сӯм истеҳсоли дастмолҳои маҳин ба роҳ монда шуда, ҳоло дар натиҷаи ба кор андохтани навбати якуми лоиҳа зиёда аз 1000 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Хулоса, дар ноҳия бобати таъмин намудани шуғли занон ва ба касбу ҳунар омӯзондани онҳо корҳои мунтазам ба роҳ монда шуда, тадбирҳо дар ин самт пайваста ба амал бароварда мешаванд.
Воқеан, шуғли имрӯзаи бонувон аз зиндагии имрӯзаи худ хушнуду қаноатманд будани онҳо, инчунин ободии оиларо таъмин менамояд.

М. МАМАҶОНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: