Роҳбари хидмати ахбори Садорати гумруки вилояти Самарқанд Ғайрат Сатторов хабар дод, ки дар минтақаи партовгоҳи шаҳр тадбири нест кардани маҳсулоти тамоку баргузор мешавад.
Дар тадбир ғайр аз вакилони расонаҳои ахбор мардуми зиёд шоҳиди он шуданд, ки маҳсулоти тамоку, ки арзиши он 1 миллиарду 700 миллион сӯмро ташкил медоду аз 100 ҳазор қуттии гаронбаҳо иборат буд, дар чуқурӣ партофта, онро тракторҳои пуриқтидор хокпӯш карданд.
Албатта, барои ҳангоматалабон чӣ тавр ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ӯзбекистон ворид шудани маҳсулоти тамоку аҷиб буд. Ғайрат Сатторов дар анҷумани матбуотӣ аз ин хусус маълумот дод.
– Тирамоҳи соли гузашта бародарон Аҳадовҳо бо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ забон як карда, аз Аморати Муттаҳидаи Араб тавассути Туркия ба Самарқанд маҳсулоти тамоку, ки арзиши он 1 миллиарду 700 миллион сӯм аст, ворид карда, хостаанд, ки ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Дар гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппа ҳангоми тафтиш мутлақо холӣ будани нақлиёт маълум шуд. Баъди таъҷилан ба идораҳои прокуратура, бехатарии давлатӣ ва мубориза алайҳи коррупсия хабар додан, нимкосаи таги коса аён гардид. Дар натиҷаи амалиёти оҷилӣ аз хонадони яке аз гумонбарон маҳсулоти тамоку ёфт шуд.
Чанде пеш дар ноҳияи Булунғур суди кушод баргузор гардид ва ҷинояткорон ҷазои муносиб гирифтанд.
Рост гуфтаанд, ки ақл дорӣ, майли бадкорӣ макун...
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.