Фонди сармоягузории Британия ният дорад дар Ўзбекистон финтехро ривоҷ диҳад

Фонди сармоягузории Бритониё Sturgeon Capital якҷоя бо SBI Ventures Asset Pte. Ltd. ният доранд, ки финтехро дар Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ инкишоф диҳанд.

Дар ин бора дар вебсайти созмон хабар дода шудааст.

Ҷонибҳо барои рушди манфиатҳои соҳибкорӣ дар минтақа, бахусус дар Ӯзбекистон шарикии стратегӣ эълон карданд.

Барои маълумот, SBI Ventures Asset ба  гурӯҳи молиявии ширкати SBI Group-и Ҷопон дохил мешавад.

Sturgeon Capital соли 2016 таъсис ёфтааст. Идораи марказии ширкат дар Лондон ҷойгир аст. Ин фонд барои сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тахассус дорад.

Илова бар ин, Sturgeon Capital ба Бангладеш, Миср ва Покистон, Арманистон ва дигар кишварҳо фаъолона сармоягузорӣ мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: