Ҳаёти инсон ҳамеша пур аз тазодҳо будааст ва онҳо чун қонунияти ривоҷу пешравӣ ва такомули унсурҳои зиндагӣ, дар шуури инсон ба сифати раванди ногузири ҳастӣ пазируфта мешудаанд.
Ҳаёти инсон ҳамеша пур аз тазодҳо будааст ва онҳо чун қонунияти ривоҷу пешравӣ ва такомули унсурҳои зиндагӣ, дар шуури инсон ба сифати раванди ногузири ҳастӣ пазируфта мешудаанд. Замоне тарбияи маънавӣ, гоҳе тарбияи мафкуравӣ, баъзан тарбияи ҳуқуқӣ ва ҳатто давроне тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва амсоли он дар рӯзгори рӯзмарра вобаста ба самти равнақи сиёсату иқтисод дар ҷомеаи байналмилалӣ, дар назди ҷамъият талаботи муайяне мегузорад.
Гуфтанием, ки тафаккури инсон гоҳ-гоҳ дар мазмуну моҳият ва дар муносибат ба олам бо тағйироту таҳаввулот рӯ ба рӯ мегардад. Барои ҳамин, аз суҳбату мушоҳидаҳо бо ҳамсолону ҳамкорону ҳамдиёрон метавон хулоса бардошт, ки аз якрангию қолабию тангназарии тафаккур дида, серҷанбагиву гуногунназарӣ дар тафаккур ба ҳаёти инсон мазмуни тоза бахшида метавонад.
Воқеан, замоне барои мардум дар бораи сарват, сарватмандӣ, сарватғундорӣ фикр кардан нанг шумурда мешуд. Чунки сарватхоҳиву пулпарастӣ тибқи таълимоти мафкураи ҳукмрон барои шаҳрванди ҷомеа маънои “мешанӣ”-ро дошт. Ин натиҷаи шах шудани тафаккур дар таъсири тарбияи якранги мафкуравӣ буд.
Ҳоло, ҳатто пас аз сӣ соли истиқлолият ҳам, бисёриҳо аз занҷири чунин тафаккур раҳоӣ наёфтаанд. Ҳол он, ки мафкураи истиқлолият озодии иқтисодӣ, муносибатҳои бозориро пеш гузошта, барои ҳар кас имконияти истифодаи иқтидори шахсиро барои ташкил кардани зиндагии фаровону пурмазмуни худ фароҳам овард. Мутаассифона, мафкураи собиқ чунон решаҳои амиқ дошт, ки одамон ба тадбиркориву соҳибкорӣ низ аз ҳад зиёд эҳтиёткорона муносибат мекарданд. Аз ин лиҳоз тадбиркориву соҳибкорӣ бо суръатҳои хеле паст пеш рафтанд. Сабаби асосӣ сусту заиф будани тафаккури иқтисодиву молиявӣ буд.
Имрӯз дар Ӯзбекистони нав, ки ислоҳоти воқеан амиқу пурҳадафро пайгирӣ мекунад, дар назди ҷомеа ва хусусан насли ҷавон вазифаҳои пурмасъул гузошта мешаванд. Яке аз чунин талабҳои рӯз – ин баланд бардоштани сатҳи саводи иқтисодии донишомӯзон ва донишҷӯён аст. Яъне, ривоҷ додани тафаккури иқтисодии ҷавонон тақозои замон буда, он ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Имрӯз баробари пешравии технология ва тавсиа ёфтани иқтисодиёти рақамӣ манзараи умумии ривоҷи иқтисодиёти кишвар ҳам дигаргун мегардад. Аҳолӣ ба соҳибкориву тадбиркорӣ бо назари эътимод менигаранд, низоми ҷудо кардани вомҳо барои ибтикороти иқтисодӣ равнақ меёбад. Алҳол одамон аз хона набаромада чандин муомилаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, пулӣ ва молиявиро анҷом дода метавонанд.
Яъне, ҳарчӣ бештар донистан, омӯхтан ва дарк кардани равандҳои замонавии рушди иқтисодии мамлакат, таҳаввулоти таркибии он, ҳамкории секторҳои иқтисодии давлативу хусусӣ, ҷорӣ гардидани хизматҳои нави пуливу молиявӣ, имконият ва қулаиҳои иқтисодиёти рақамӣ барои аҳли ҷомеа бояд ба сифати тақозои замон пазируфта шавад.
Некрӯз АБДУЛЛОЕВ,
докторанти Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.