ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ — ИТТИФОҚҲОИ НАВИ КАСАБА

Боби «Тараққиёти маънавӣ»-и китоби Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев – «Стратегияи Ӯзбекистони Нав» бо сатрҳои зерин оғоз меёбад: «Ба назари ман, як равшангари бузурги олами инсонӣ — чароғи маънавият вуҷуд дорад.

Фарқи ин чароғ аз чароғҳои дигар он аст, ки вай зеҳну тафаккури инсонро равшан месозад, дилу виҷдони ӯро бедор мекунад ва ҳисси инсондӯстиашро қавӣ мегардонад. Дар баробари ба бунёди даврони нави эҳёи Ӯзбекистон шурӯъ кардан зарур аст, ки чунин рӯҳияи маънавият дар қалб ва шуури ҳар як ҳамватанамон нур пошида, моро ба корҳои нек ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ даъват намояд».
Роҳбари давлат соли  2023-ро  «Соли қадри  инсон ва таълими босифат» эълон карда, аз аввали сол доираи васеи корҳоеро, ки мо дар ин бобат бояд иҷро кунем, муаммоҳоеро, ки тамоми инсониятро ба ташвиш оварда, ҳалли худро интизоранд, бартараф намоем, муайян намуда, оид ба барномаҳои давлатӣ ва он корҳое, ки дар назди давлату  ҷамъият истодаанд, вазифа гузошт.
Фикр мекунам, барои он ки сол  дар ҳақиқат «Соли қадри  инсон ва таълими босифат» бошад, пеш аз ҳама, бояд арзиши инсон аз ҳама неъматҳои моддӣ болотар гузошта шавад. Зеро инсон сазовори қадрдонии беандоза аст. Ман аз замоне, ки худро мешиносам, бисёр асарҳои адибони ӯзбек, тоҷик ва русро мутолиа мекунам. 
Зеро барои баланд бардоштани қадр ва шаъну шарафи инсон, бешак илму дониш ва маориф лозим аст. Муаллимону мураббиён якҷо бо тамоми ташкилотҳои давлатӣ  ва ҷамъиятӣ ба мақсади ободии кишвар корҳои иҷтимоию иқтисодӣ  ва ҳуқуқиро пеш мебаранд. 179417 нафар аъзои 2130 ташкилоти ибтидоии  минтақавии Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Самарқанд низ дар ин самт фаъолияти самарабахшу судманд доранд. Дар ташкилоти соҳаи мо равандҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият ҷорӣ буда, фаъолияти 16 шуъбаи шӯрои шаҳриву ноҳиявӣ мувофиқи рейтинг баҳогузорӣ мешаванд. Бинобар ин, манфиати ҳар як шахс — ҳар як узви иттифоқи касаба дар маркази диққат қарор дорад. Ба наздикӣ нӯҳмоҳаи  соли 2023 дар маҷлисҳои шӯрои шаҳриву ноҳиявӣ дар маҳалҳо ҷамъбаст гардида, вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.
Мо дар соҳаи худ барои беҳтаршавии сифати  таълиму шароити кору зиндагонии муаллимону мураббиён чораҳои зиёд меандешем. Рӯҳбаландсозӣ, барқарор кардани шаъну шараф ва ҳимояи ҳуқуқи аъзои иттифоқи касабаи кормандони соҳаи таълим аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мост. Соли равон ба 440 нафар шахсоне, ки дар соҳаи маориф заҳмат кашида, ба нафақа баромаданд, ёрдампулии якдафъаина ва туҳфаҳои қиматбаҳо супурда шуданд. Дар гузаронидани ҷашн ва тантанаҳои 504 нафар ходимон низ кумакҳои маънавию моддӣ расонида шуд. Нафақахӯрон, оилаҳои ҷавон, хонаводаҳои камтаъмин аз ин кумакҳо бенасиб намонданд. Якҷо бо ташкилотҳои дигар барои пардохти як қисми хариди ашёи хониши фарзандони оилаҳое, ки дар соҳа кор мекунанд, ниёзманданд ва ё саробонҳои худро гум кардаанд, ёрӣ расонида шуд. Бо дахолати мо соати кории 20 бонуе, ки дар корхонаҳои нодавлатӣ ва ғайра кор мекунанду кӯдакони хурдсол доранд, камтар карда шуд.
Мо барои зиёд кардани сафи аъзои иттифоқи касабаи соҳа низ кӯшиш мекунем. Масалан, дар давоми нӯҳ моҳи гузаштаи соли равон аз ҳисоби 1308 ташкилот 4570 нафар узви иттифоқи касабаи соҳа зиёд гардид.
Имсол Рӯзи иттифоқҳои касаба бори дуюм таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин сана баргузор кардани чорабиниҳои зиёд андешида шудаанд. Зеро чунин тадбирҳо минбаъд барои  боз ҳам баланд бардоштани обрӯйи ташкилот, дастгирӣ намудани ҳуқуқу манфиатҳои аъзои он мусоидат мекунанд.  

Ифтихор РАҲИМОВ,
ташкилотчии масъули Шӯрои вилоятии иттифоқҳои
касабаи кормандони соҳаи таълим ва илми ҷумҳурӣ,
раиси Шӯрои раисони вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: