Пеш аз ҳама бояд ишора кард, ки ҷойгоҳи зан дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, аз замони бостон вижагиҳоеро доро буд, ки метавон аз он вижагиҳо бо ифтихор сухан гуфт.
На ҳама қавмҳои рӯйи замин чун эронитаборон дар бовариҳои динии пешазисломии хеш модархудоён ё бонухудоён доштаанд. Дар замони бовариҳои динии меҳрпарастӣ яке аз чаҳор Худои ин дин Анаҳито унвон дошт, ки сарпарасти обҳои пок, фаровонӣ ва некандешӣ буд. Дар «Шоҳнома»-и бемарги Ҳаким Фирдавсӣ зан бад-он гуна ситоиш ёфтааст, ки шояд дар адабиёти ҷаҳонӣ касе аз сухансароёни шинохта натавониста бошад ба он мартаба бирасад.
Пажӯҳишгарони зиёди Эрон ва ҷаҳон дар даҳсолаҳои охир ба мавзӯи зан дар «Шоҳнома» таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва бахше аз онҳо чун Нёлдекеи олмонӣ бар он бовар будаанд, ки «занон дар Шоҳнома нақши фаъоле надоштаанд ва танҳо замоне зоҳир мешаванд, ки ҳавас ё ишқе дар миён бошад». Аммо ин биниши донишманди хориҷӣ, новобаста дар мақоми баланди илмӣ қарор доштанаш, наметавонад як шахси ба ин асари ҷовидонӣ бо чашми жарфбин назар афкандаро қонеъ созад.
Дар нигари паямбари сухани порсӣ – Ҳаким Фирдавсӣ зан дар таърихи сарзамини эронитаборон аз касони боақлу хирад ва ботадбиру ҳушманд ҷилва мекунад. Шоири бузург пеш аз ҳама занони порсову ғамгусор ва сухандону ройзанро ситоиш намуда, онҳоро чун ганҷи бебаҳо донистааст ва гаҳе ҷойгоҳи занро аз подшоҳ болотар мегузарад. Чуноне ки дар ин сатрҳо зани донишманд аз подшоҳ Ҷомосб бартар аст:
Зи покиву аз порсоийи зан,
Ки ҳам ғамгусор асту ҳам ройзан.
Бад-ӯ гуфт, ройи ту, эй шерзан,
Дурахшон кунад дудаву анҷуман.
Агар порсо бошаду ройзан,
Яке ганҷ бошад пароканда зан.
Ҳаме гуфт ҳар кас, ки ин покзан,
Чи некӯ сухан гуфт бар анҷуман
Ту гуфтӣ, ки гуфтораш аз дафтар аст,
Зи дониш ба Ҷомосб ӯ бартар аст.
Гаронмоя занро ба даргоҳ хонд,
Ба нома варо афсари моҳ хонд.
Амир Хусрави Деҳлавӣ дар «Хамса», ки иборат аз 18 ҳазор байт мебошад, перомуни вафодориву ҳушмандии зан достонҳо сароидааст. Хусрави Деҳлавӣ, ки хушачини дарахти пуршукӯҳу комбахши Ҳаким Фирдавсӣ аст, намунаи вафодории зани ҳиндиро ба таври возеҳ бозгӯ намудааст:
Ба ишқ ар бутпарастӣ дини пок аст,
Ва гар тоат кунӣ, бе ишқ хок аст.
На кам аз он зани ҳинду дар ин кӯ,
Ки худро зинда сӯзад аз пайи шӯ.
Ҳаким Фирдавсӣ яке аз сифатҳои дигари занро дар иффату покдоманӣ ва риояи шарму ҳаё дидааст. Зеро зан ба василаи шарму ҳаё манзалати худро шинохта, атрофиёнро маҷбур месозад, ки дар муносибат бо ӯ ба эҳтиром қоил бошанд ва дар гуфтумон аз ҳадди муайян нагузаранд. Фирдавсии бузургвор ҳаёро зевари зан гуморида, нармгуфториро сиришти некманишӣ донистааст:
Заноне, ки эшон надоранд шарм,
Ба гуфтан надоранд овози нарм.
Бипурсед, к-оҳу кадом аст зишт,
Ки аз арҷ дур асту дур аз биҳишт.
Хусрави Деҳлавӣ низ дар ашъори худ зани бошарму ҳаёро мавриди ситоиш қарор додааст:
Ҷилвагар он шуд, ки зи шарму ҳарос,
Дар тутуқи сатр бувад рӯшинос.
Бош чу хуршед дар анвори хеш,
Кун зи ҳаё пардаи рухсори хеш.
В-он, ки барандохт ҳаёро ниқоб,
Даст бишӯ з-он, ки аз ӯ рехт об.
Яке аз фазилатҳои дигари зан, дар баробари порсоиву шарму ҳаё, эҳтироми ҷуфти худ ва мададу ҳамёрӣ намудан бо шавҳар ва ба дунё овардани фаррухфарзанд мебошад. Фирдавсӣ мефармояд:
Ба се чиз занонро бувад меҳӣ,
Ки бошанд зебои тахти меҳӣ.
Яке он, ки бошарму бохостаст,
Ки ҷуфташ бад-ӯ хона оростаст.
Дигар он, ки фаррухписар зояд ӯй,
Зи шӯйи хуҷаста бияфзояд ӯй.
Саввум он, ки болову рӯяш бувад,
Ба пӯшидагӣ низ мӯяш бувад.
Дар ин бора Амир Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст – заноне, ки бо шеваи хонадории хеш дар хона фазои орому ромиш эҷод мекунанд ва шавҳарро хушнуд месозанд, беҳтарин занон мебошанд ва дар мавриде ба онон машварат медиҳад, ки бо шавҳарони дар ҳолати нодориву муфлисӣ қарор гирифтаи хеш созиш намуда, қаноатпеша бошанд:
Шӯй, ки аз киса тавонгар бувад,
Худ санам андар зару зевар бувад.
Лек чу бе тӯша бувад шавҳараш,
Беҳ зи қаноат набувад зевараш.
Аз гузаштаҳои ҳазорсолаи мардуми эронитабор пайдост, ки ҷойгоҳи зан дар миёни мардуми мо танҳо аз фазилатҳои иффату покманишӣ ва фароҳам овардани фазои осоишу ромиши хона иборат набудааст. Занон дар баробари мардҳо натанҳо дар хонавода ҳукмрон будаанд, балки дар ҳунари тирандозӣ, аспсаворӣ, ҷанговарӣ, беҳамто буда, бебокиашон бад-он ҷо мерасидааст, ки пӯшоки фармондеҳӣ ва сардорӣ бар тан мекарданд ва ба сипаҳсолориву раҳбарӣ баргузида мешуданд ва бар тахти салтанат нишаста, ба оламе фармонравоӣ мекарданд. Чунончи Бонугушасб – духтари Рустам, ҳамсари Гев, яке аз занони ҷасур ва размҷӯй буд, ки дар «Шоҳнома» фаровон аз ӯ ёд шудааст. Чунин омадааст, ки ӯ ба андозае зӯрманду далер буд, ки камтар марде тавоноии рӯ ба рӯ шудан бо ӯро доштааст. Духтари дигари Рустам бо разми диловаронаи худ Зол, Озарбарзин ва Тахвораро аз зиндон озод кардааст.
Дар нигари шоир зан мавҷудест нозук, вале бо вуҷуди ин сифат, дар далериву диловарӣ беназир ва дар разму базм роҳнамои мардони ҷанговару таковар аст, ки мардони силаҳшӯр дар баробараш ба зону мезананд:
Бад-ӯ гуфт ҳар кас, ки бону туӣ,
Ба Ирону Чин пушту бозу туӣ.
Ва ё:
Зи марди хирадманд бедортар,
Зи дастури донанда ҳушёртар.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и беҳамтои худ дар намоди даҳҳо бонувони ҳушманду хирадманд, додварзу додгустар, қаҳрамону силаҳшӯр, ҷойгоҳи занро дар замони гуногуни давлатдории эронитаборон, равшану возеҳ баён намудааст. Мо дар ин матлаб аз чеҳраҳои қаҳрамонбонуи шинохта Гурдофарид, бонувони хирадманду мушовири шоҳаншаҳон Синдухт, Рудоба, бонувони ҷасуру далер чун Таҳмина ва Гурдия ёдоварӣ намекунем. Танҳо ба таври гузаро ёдкарди шаҳбонуи ҳукмрону додвару бодониш Ҳумойро лозим медонем, ки дар деҳишу адлу дод аз падар ҳам болотар буд:
Дигар духтаре дошт номаш Ҳумой,
Ҳунарманд, бодонишу некрой.
Ба ройу ба дод аз падар баргузашт,
Ҳама гетӣ аз додаш обод гашт.
Нахустин, ки дайҳим бар сар ниҳод,
Ҷаҳонро ба доду деҳиш мужда дод.
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» шаҳреро бозтоб намудааст бо номи Ҳарум, ки занон фармонравои он шаҳр буданд. Соҳаи низомӣ ва додрасӣ низ аз тарафи сиёсатбонувон идора мешудааст. Дар ин достон омадааст, ки Искандари Макдунӣ дар поёни юришҳо ба наздики шаҳри Ҳарум омада, файласуферо бо номаи худ назди фармонравои он шаҳр мефиристад. Ӯ дар тамоми шаҳр ҷуз занон мардеро намебинад.
Сикандар зи манзил сипаҳ баргирифт,
Зи кори занон монда андар шигифт.
Зи дарё гузар кард зан дуҳазор,
Ҳама пок бо афсару гӯшвор.
Хусрави Деҳлавӣ дар яке аз достонҳои худ – «Хизрхон ва Дувалронӣ» аз канизаки бодонишу хирадманду ҳушманди Дувалронӣ ёдовар мешавад, ки бо либоси мардона ба саҳна ворид шуда, хешро ситоиш мекунад ва дар зимн мегӯяд, ки агар Сикандар бо нерӯи силоҳ кишваркушоӣ мекард, ӯ бо ҳусну малоҳат кишварҳоро тасхир намуда, шоҳони оламгирро гирифтор ва ба худ барда месозад:
Сикандар, ки кард оби ҳайвон ҳавас,
Назири манаш буд мақсуд бас.
Чу дар хилвати ман ниҳонӣ расид,
Ба сар чашмаи зиндагонӣ расид.
Гар андозад ӯ шери оҳу ба тир,
Ман он оҳуям к-ӯ бувад шергир.
Гар ӯ ҳаст бар тахти зар пойбаст,
Маро дар дили ӯст ҷойи нишаст.
Гар ӯ тахт гирад зи кин чун шаҳон,
Ман аз бозӯи меҳр гирам ҷаҳон.
Хусрави Деҳлавӣ дар достонҳои худ, бузургии модарро низ мавриди ситоиш қарор додааст. Шоир боре саргузашти меҳри модари хешро ба ӯ тавсиф намуда, ба ёд меоварад, ки модар дар номае ба ӯ менависад, ки дар фироқи дидори Хусрав сахт маҳзун аст ва ҳар чи зудтар пешаш биёяд, то андӯҳаш аз ҷудоии фарзанд зудуда шавад. Хусрав ба назди модар меояд ва модар ӯро ба оғӯш мегирад. Хусрав низ чун кӯдак ба гардани модар меовезад ва ин суханонро мегӯяд: «Синаи модар биҳиштест, ки ҷӯйи шир аз он ҷорист».
Шоир пас аз марги модар сатрҳоеро офаридааст, ки дар адабиёти форс-тоҷик ҳамчун суханони калидӣ дар сӯги модар шинохта шудаанд:
Эй модари ман куҷоӣ охир,
Рӯй аз чӣ наменамоӣ охир.
Хандон зи дили замин бурун ой,
Бар гиряи зори ман бубахшой,
Донам, ки ту дар биҳишти ҷовид,
Рахшандатарӣ зи моҳу хуршед.
Гирам, ки шудӣ зи дида мастур,
Аз синаи ман куҷо шавӣ дур.
Меҳре, ки ба шир шуд фароҳам,
То ҷон наравад, куҷо шавад кам?
Бад-ин тартиб, бо таваҷҷуҳ ба пажӯҳиши нозукхаёлон ва кандукови жарф ба достонҳои «Шоҳнома» ва осори Амир Хусрави Деҳлавӣ дар ин гуфтор метавон натиҷагирӣ кард, ки ин ду бузурги адабиёти форс-тоҷик нисбат ба зан дидгоҳи баланде доштаанд ва дар баробари ситоиши хирадофаринӣ, додгустарӣ ва нуктасанҷӣ, паҳлавонон ва фармонравоёнро бархоста аз миёни занони шердил медонанд.
Нодира АШУРОВА,
доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик ва
журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.