ДАВЛАТ ПЕШНИҲОДҲОРО МАБЛАҒГУЗОРӢ МЕКУНАД

Дар вилояти Фарғона мавсими якуми лоиҳаи “Буҷаи ташаббускор”, ки 1 апрел эълон шудааст, натиҷагирӣ шуд.

Дар доираи лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» ба таври иловагӣ 43 пешниҳод маблағгузорӣ мешавад. Маблағи умумии лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор»-и вилоят 115,4 миллиард сӯмро ташкил мекунад ва қаблан дар он 204 тендер ғолиб баромадааст.
Бо дарназардошти иштироки фаъолонаи шаҳрвандон бар асоси қарори Президент, ғайр аз 2 ҳазору 215 лоиҳае, ки муқаддам ғолиб баромадаанд, дар вилоят боз 43  объекти иловагӣ аз имкони маблағгузорӣ бархурдор мегарданд. Гуфта мешавад, ҳар кадоми он дар лоиҳаи “Буҷаи ташаббускор” беш аз 2 ҳазорӣ овоз ба даст оварда бошанд ҳам, вале аз ғолибшавӣ маҳрум мондаанд. 
Дар радифи 139 лоиҳа, ки дар ҷумҳурӣ аз чунин имконият истифода хоҳанд кард, дар вилояти Фарғона 43 пешниҳод ба ин шумор ворид гардид ва лоиҳаҳо мавриди татбиқ қарор дода мешаванд. Барои татбиқи он дар ҷумҳурӣ 85,4 миллиард сӯм ихтисос дода шудааст, ки 21 миллиарди он ба вилояти Фарғона тааллуқ дорад.
Агар ба таври мушаххас ташреҳ кардан лозим бошад, 19 пешниҳод дар минтақаҳо ба таъмир ва рушди базаи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 9 пешниҳод ба таъмири роҳҳои дохилӣ, инчунин беҳбуди шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсия, насб ё таъмири чароғи кӯчаҳо, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва рушди базаи моддию техникӣ нигаронида хоҳад шуд. Дар баробари ин, таъмиру барқарор намудани гузару маҳаллаҳо ва иҷрои корҳои дигар  мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун ба иҷро хоҳанд расид. 
Ногуфта намонад, ки дар лоиҳаи “Буҷаи ташаббускор” 28,9 дарсади аҳолии вилояти Фарғона имкони ширкат карданро ба даст оварданд. Ин нишондоди баландтарин дар сатҳи ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид. Вилояти Фарғона дар мавриди ихтисос додани маблағҳои иловагӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар ин раванд низ дар саросари ҷумҳурӣ дар сафи пеш мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: