Суҳбати мо бо ҳокими ноҳияи Элликқалъа Сейдамат Авезов баъди баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Элликқалъа– маркази сайёҳӣ” ба вуқӯъ пайваст.
С. Авезов баъди хатми донишгоҳ аз зинаҳои пасти роҳбарӣ то мақоми ҳокими ноҳия ва депутати Ҷуқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон расидааст. Аз ҷараёни суҳбат бо вай ҳувайдо буд, ки шахси фурӯтан, хоксор ва камсухан мебошад.
Қабл аз ҳама пурсидам, ки дар бораи ноҳияи Элликқалъа каме маълумот ироа кунад.
– Ноҳия соли 1977 ташкил ёфтааст ва майдони умумии он 5,41 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Аҳолии он 158 ҳазор нафар буда, дар 36 ҷамоати шаҳрвандон иттиҳод бастаанд. Ноҳия бо чӯли Қизилқум, чанд ноҳияи вилоятҳои Хоразм ва Навоӣ, ҳамчунин ноҳияҳои Амударё, Берунӣ, Тӯрткӯл ва Тахтакӯпири Қароқалпоқистон ҳаммарз мебошад,– ба суҳбат ҳусни оғоз бахшид Сейдамат Авезов.
Яке аз вазифаҳои асосии мо ривоҷ додани кишоварзӣ, чорводорӣ ва туризм мебошад, ки барои боло рафтани иқтидори иқтисодии ноҳия хеле мусоидат хоҳанд кард. Самараи саъй ва ҳаракатҳоямон буд, ки соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти содиротиамон хеле афзуд ва барои имсол иҷрои корҳои зиёдеро барномарезӣ кардаем.
Барои соли 2019 мебоист дар ивази дастикам ду миллион доллар содир намудани маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзиро ба роҳ монем. Аммо натиҷагириҳои охири сол нишон дод, ки ин рақам наздик ба севуним миллион доллар расидааст. Афзоиши ҳаҷми маводи содиротӣ ба он далел сурат гирифтааст, ки эҳтиёҷ ба ин мавод аз тарафи ҳамкорони хориҷӣ зина ба зина боло рафтааст.
Мо маҳсулоти худро ба Хитой, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Сингапур, Русия ва Қазоқистон содир мекунем.
– Дар ноҳияи Элликқалъа майдонҳои кишти васеъ ва доманфарох хеле зиёд ба назар мерасанд. Дар баъзе минтақаҳо чунин менамояд, ки ин майдонҳои кишт беохиранд, ё не?
– Қаламрави Қароқалпоқистон аз рӯйи саҳм дар масоҳати умумии кишварамон 43 дарсадро ташкил медиҳад. Ноҳияи Элликқалъа низ ба ҳайси як ҷузъи ин ҷумҳурӣ соҳиби майдонҳои васеъ ва имкониятҳои фаровон мебошад. Барпо кардани ҳазорҳо гектар ангурзор ва дар заминаи он бунёд намудани корхонаи машрубот аз нақшаҳое маҳсуб меёбад, ки роҳандозии он иқтидори иқтисодии ноҳияи моро хеле мустаҳкам хоҳад кард. Гузашта аз ин, ҳоло бо ҷалби мустақими сармояҳои хориҷӣ, ки наздики 8 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, якчанд корхонаи муштарак оғоз ба фаъолият кардаанд.
Вай илова намуд, ки ҳоло дар ноҳияашон бо ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ якчанд корхона арзи вуҷуд намудааст. Аз ҷумла, сармоягузорони Курияи Ҷанубӣ корхонаҳои истеҳсоли оҳаки “Bustan Lime stone”, ҶММ “Қароқалпоқ агро импекс”– Гидропоника, “Muing Song Plason” CO LTD– ро сармоягузорӣ намуданд. Ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли бинт ва маҳсулоти тиббии Ӯзбекистон– Эстония ба номи “Elikkala medical textile” арзи вуҷуд кардааст, ки барои пешрафти иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд .
Сармоягузорони Британияи Кабир, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Полша, Хитой ва амсоли он низ дар таъсис ва бунёди корхонаҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомии масъулияташон маҳдуди Элликқалъа саҳм гирифтаанд. Дар пояи корхонаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди пахтатозакунии Элликқалъа корхонаи “Boston Cluster” бунёд гардид, ки дар Қароқалпоқистон корхонаи ягонаи кластер муаррифӣ шудааст. Дар он 275 нафар коргарон кор мекунанд.
Ҳангоми сохтани ин корхонаҳо тақрибан 8 миллион доллари амрикоӣ сармояҳои мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуданд.
– Бар асоси барномаи “Деҳаи обод”, “Маркази обод” дар ноҳияи Элликқалъа кадом корҳо амалӣ шуданд?
– Баъзе қисмати роҳҳои мошингарди мо даҳсолаҳо ба ин сӯ тармим нашудаанд. Хусусан, дар фаслҳои сармо ва гармо ҳаракати нақлиёт ба воситаи ин роҳҳо мушкилоти зиёд эҷод мекард. Мо корҳои ободониро аз тармими роҳҳо шурӯъ кардем. Ҳоло дар 29 километри ин гуна қисматҳои роҳ корҳои шағалрезӣ ба анҷом расиданд. Дар се ҷамоати шаҳрвандон корҳои ободонӣ ва тармими роҳ бо суръати баланд идома доранд. Дар соли 2020 ду миллиард сӯм ҷудо шудааст, ки баъзе қисматҳои роҳҳои дохилиро низ аз тармим барорем. Дар се соли охир шароити кору зиндагӣ дар ҷамоатҳое, ки беш аз бист ҳазор аҳолӣ доранд, хеле беҳбуд ёфтааст.
Дар бахши кишоварзӣ низ ноҳия ба дастовардҳои зиёд ноил шудааст. Соли гузашта кишоварзон ба 11 ҳазор гектар чигит кишта, беш аз бисту панҷ ҳазор тонна ашёи хом ба даст оварданд.
Истифода аз усули кластер хеле фоида овард. 233 хоҷагии фермерӣ ба ин кластер муттаҳид шуданд ва аз нахи ашёи хоми истеҳсолкардаашон барои корхонаи бофандагӣ 4 ҳазор тонна калоба истеҳсол карданд. Баъди истифодаи ин усул ба таври илова 200 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд. Ҳоло дар худи Элликқалъа аз пахта матоъҳои ҷинс бофта, бо дасти дӯзандагони моҳир либосҳои занонаву мардонаро барои муштариёни зиёд пешкаш мекунем.
Дар кишоварзӣ бидуни истифодаи техникаи замонавӣ корҳо пеш намераванд. Аз тариқи Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзагролизинг”-и Қароқалпоқистон бар ивази 1 миллиарду 200 миллион сӯм 21 адад техникаи хоҷагии қишлоқро харидем. Соли гузашта ба 3 ҳазору 350 гектар ғалла коштем ва 58,8 сентнерӣ ҳосили аълосифат рӯёндем. Аз 19 ҳазору 700 тонна 9,8 ҳазор тоннаи он барои эҳтиёҷи давлат супурда шуд. Кишти тирамоҳии ғалларо моҳи сентябри соли гузашта ба итмом расонидем ва 15 октябр кишти ғалла саросар неш зада баромад.
Сохтмони хонаҳои намунавӣ ва арзон низ дар ноҳияи Элликқалъа хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Гуфта мешавад, соли гузашта сохтмони беш аз 15 ҳазор квартираҳои ду-се утоқӣ ва аз ин шумор 11 ҳазору 70-тои он барои оилаҳои камбизоат ҷудо карда шудааст. Тибқи нақшаи соли 2020 дар деҳот 30 адад хонаҳои якошёнаи сеутоқа бо 2 сотих замини наздиҳавлигӣ, сето бинои чаҳорқабатаи 2-3 хонагӣ сохта, ба истифода супурда хоҳад шуд.
Дар маркази ноҳия – шаҳри Бӯстон мактаби кӯдаконаи мусиқӣ ва санъати рақами 18 сохта шудааст. Сохтмони ин бино 2 миллиарду 800 миллион сӯмро тақозо намуд. Барои муҷаҳҳаз сохтани он наздики 2 миллиарду дусад миллион сӯм маблағ харҷ гардид.
Муроҷиати Президенти мамлакат ба парлумони кишварро аз тариқи оинаи нилгун тамошо карда, ба чунин натиҷа расидам, ки дар назди мо ҳанӯз вазифаҳои калон ва ҳалли мушкилоти зиёди мардум меистанд. Иҷрои нақшаҳо тақозо менамояд, ки уфуқҳо ва имкониятҳои наву тозаро ҷустуҷӯ намоем ва ҳарчи бештар фаровонии халқамонро таъмин кунем. Чун дар мо ривоҷи туризм ва сохтани инфрасохтори он хеле ногузир мебошад, бояд ба ҷалби ҳарчи бештари сармояҳои хориҷӣ ҷиддан иқдом намоем. Дар ояндаи наздик ноҳияи мо аз рӯйи истеҳсоли маҳсулот, ривоҷи туризм дар Қароқалпоқистон ва берун аз он яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
ТОШКАНД – ЭЛЛИКҚАЛЪА – ТОШКАНД.