Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳое, ки ба дастгирии соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ нигаронда шудааст, шинос шуд.
Дар мамлакати мо барои таъмини фаровонӣ ва дастрасии намудҳои асосии озуқаворӣ чораҳо андешида мешаванд. Дар натиҷаи имкониятҳое, ки барои фермерону соҳибкорон фароҳам оварда шудааст, истеҳсоли чунин маҳсулот меафзояд.
Аз ҷумла, дар соли 2022 1,4 ҳазор лоиҳаи чорводорӣ амалӣ гардида, саршумори чорвои калони шохдор ба 14 миллион, гӯсфанду буз ба 24 миллион расидааст. Шумораи фермаҳои паррандапарварӣ ба 1,3 ҳазор cap расида, истеҳсоли тухм 4 фоиз, гӯшт 28 фоиз афзуд. Дар соҳаи моҳипарварӣ 290 лоиҳа ба амал бароварда, 502 ҳазор тонна моҳӣ гирифта шуд. 27 ҳазор тонна асал истеҳсол карда шуд.
Дар баробари ин дар ин соҳаҳо доир ба нарасидани ему хошок, замин ва фондҳои гардон як қатор мушкилот мавҷуданд. Ба ин муносибат фикру ақидаи намояндагони соҳа омӯхта, пешниҳодҳо таҳия шуданд.
Дар ҷамъомад масъулин доир ба тадбирҳои дар соли ҷорӣ пешбинишуда маълумот доданд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби грантҳои Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар минтақаҳо нуқтаҳои қабули шир таъсис дода мешаванд. Ҳар як пункт бо камаш 100 хоҷагии ширҷӯшӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.
Кластерҳо 64 комплекси чорводорӣ бунёд мекунанд. Бо ҷалби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ корҳои тамғагузорӣ ва идентификатсияи чорво роҳандозӣ мешаванд.
Фонди бозсозӣ ва рушд барои таъмини корхонаҳои мурғпарварӣ бо ғизо ва сармояи гардон 35 миллион доллар ҷудо мекунад. Иттиҳодияи «Паррандасаноат» самарабахшии истифодаи карзҳоро назорат мекунад. Зиёд кардани ҳаҷми субсидия барои воридоти мурғҳои зотпарвар пешбинӣ шудааст.
Пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи ин тадбирҳо истеҳсоли гӯшти парранда соле ба 800 ҳазор тонна расонда шавад.
Як қатор имкониятҳои иловагии парвариши моҳӣ низ пешниҳод карда мешаванд. Аз ҷумла, минбаъд обанборҳои табиӣ тавассути савадои музоядаи онлайн ба иҷора дода мешаванд. 241 лоиҳаи соҳавӣ, аз ҷумла, оид ба парвариши саноатии креветка ба амал бароварда мешавад. Дар чаҳорчӯби барномаи давлатии “Ҳар як оила – соҳибкор” барои лоиҳаҳои моҳипарварӣ ба маблағи то 50 миллион сӯм ҷудо кардани қарзи бегарав пешбинӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки аз ҳисоби соли равон 850 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ омода кардан мумкин аст.
Сарвари давлат таъкид кард, ки аз обанбору дарёҳои табиӣ дар баробари моҳидорӣ, ҳамчун марказҳои сайёҳии экологӣ, ки метавонанд сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кунанд, истифода бурдан лозим аст. Вазифа гузошта шуд, ки кори ба воситаи занбурҳо гардолуд кардани зироатҳои хоҷагии қишлоқ вусъат дода шавад. Барои дар канори 50 ҳазор гектар боғ ва 200 ҳазор гектар киштзор гузоштани қуттиҳои занбур, фароҳам овардани шароит ва ҳавасманд гардондани аҳолӣ ба занбурпарварӣ тадбирҳо муайян карда шудаанд.
Президент оид ба такмил додани тадбирҳои дастгирӣ супоришҳои иловагӣ дод.