Беш аз сӣ сол муқаддам ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дода шуда, сипас Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид, ки барои минбаъд, беш аз пеш амиқ дарк кардани ҳувияти миллӣ ва таҳкими истиқлолият ҳамчун асос хидмат кард.
Зеро барои омӯхтани забони халқҳои дигар бояд, пеш аз ҳама, забони модарии худро донист ва қадр намуд. Шахсе, ки ба забони модарии худ эҳтиром мегузорад, забони халқҳои дигарро низ ҳурмат мекунад.
Ҳанӯз то дарёфти истиқлолият барои истиқлол қадами муҳим гузошта шуда буд: 21 октябри соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Тӯли солҳои охир ба шарофати эътиборе, ки ба забони модарии ӯзбекӣ дода мешавад, нуфузи он беш аз пеш афзуда, вай асоси мустаҳками ҳуқуқӣ ва мақоми олӣ касб менамояд. Дар моддаи 4-уми Сарқонуни Ӯзбекистон дар таҳрири нав омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромонаро нисбати забон, урфу одат ва анъанаҳои миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди он зисту зиндагӣ доранд, таъмин менамояд, барои рушди онҳо шароит фароҳам меоварад».
Ин санад аз он далолат медиҳад, ки забони ӯзбекӣ баробари рамзҳои дигари давлатӣ, аз ҷумла парчам, нишон ва суруди миллӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд.
Бинобар рушди босуръати илму технология, вусъат пайдо кардани робитаҳои байналхалқии мамлакати мо ба забони ӯзбекӣ бисёр вожа ва мафҳумҳои нав ворид мегарданд. Вобаста ба ин зарурият ва аҳамияти рӯзмарраи нигоҳдоштани тозагии забони миллӣ, ғанӣ гардондани сарвати луғавӣ, дарёфти муродифҳои ӯзбекии мафҳумҳои замонавӣ ва таъмин сохтани истифодаи ягонаи онҳо тақозо мегардад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барҳақ таъкид намуд: «масъалаи забони давлатӣ бояд яке аз равандҳои асосии ғояи миллӣ гардад. Бояд ба тарбияи меҳру муҳаббат ва рағбат ба забони модарии насли наврас аз синни хурдӣ эътибори махсус дода, онро аз кӯдакистонҳо оғоз намуд ва минбаъд дар тамоми давраҳои таълим бо истифода аз технологияҳои замонавии инноватсионӣ идома дод».
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ» аз 21 октябри соли 2019 ислоҳоти самти мазкурро ба дараҷаи нав бардошт. Консепсия ва Барномаи давлатӣ бобати рушди забони ӯзбекӣ ва такмил додани сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 қабул гардиданд.
Барои татбиқ намудани вазифаҳои мазкур дар сохтори Девони Вазирони Ӯзбекистон Департаменти оид ба рушди забони давлатӣ таъсис ёфт. Инкишоф додани забони давлатӣ, мониторинги риоя кардан ба қонунгузорӣ дар бораи забони давлатӣ ва ҷорӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур, тезондани коркарди меъёр ва қоидаҳои нутқи хаттии забони ӯзбекӣ, ҳамчунин пурра татбиқ сохтани алифбои ӯзбекӣ, ки ба ҳуруфи лотинӣ асос мекунад, вазифаҳои асосии Департамент маҳсуб меёбанд. Ба зиммаи Департамент ҳамчунин вазифаҳои ҳамоҳанг сохтани фаъолият бинобар ба муомилот ворид кардани вожаву мафҳумҳои нави илман асоснок ва таъмин сохтани истифодаи ягонаи онҳо, номгузорӣ ба иншооти ҷуғрофӣ ва ғайра гузошта шуданд.
Расонаҳои ахбори оммавӣ, матолиби чопӣ ва барномаҳои телевизионӣ бо 8 забони халқҳое, ки сокини Ӯзбекистон мебошанд, аз ҷумла забони англисӣ нашр мегарданд. Дар ҷараёни тайёр кардани маводи телевизиониву радиоӣ технологияҳои рақамӣ ва мултимедии замонавӣ корбурд мешаванд. Миқдори истифодабарандагони Интернет босуръат меафзояд, ки шумораи онҳо ҳоли ҳозир зиёда аз миллион нафар аст. Ҳамин тариқ, бо дарназардошти дараҷаи рушди низомҳои коммуникатсионӣ бояд шабакаҳои миллии таълимӣ ва ахбор, ки ба маънавият ва маърифат тааллуқ доранд, ба тамоми забонҳо ҷорӣ карда шаванд.
Ӯзбекистон аз қадимулайём аз сарчашмаҳои тамаддуни Шарқ маҳсуб меёбад. Зеро кишвари мо дорои мероси ғановатманди маънавию фарҳангии мутафаккирону олимони машҳури ҷаҳон мебошад. Имрӯз ҳам вай мамлакатест, ки ба дараҷаи зарурӣ комёбиҳои илмиву технологӣ дорад. Тавре ки маълум аст, мероси маънавиву фарҳангии мо асосан ба забонҳои кишварҳои ИДМ тарҷума шуданд, ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, олмонӣ, франсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ ва ғайра кам ё худ умуман тарҷума нашудаанд. Бо дарназардошти ин бояд мактаби тарҷумонӣ такмил дода шавад.
Ба қарибӣ Сарқонуни Ҷумҳурии Ҳиндустон аз забони англисӣ бо саъю ҳаракати гуруҳи профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд бо дастгирии сафоратхонаи Ҳиндустон дар Ӯзбекистон ба забони ӯзбекӣ тарҷума шуд. Тарҷумаи мазкур ва нашри он барои ҳуқуқшиносони оянда аҳамияти махсус дорад. Омӯхтани ҳуқуқи конститутсионии Ҳиндустон баробари ҳуқуқҳои конститутсионии давлатҳои дигар дар муқоиса бо Ӯзбекистон барои ҳуқуқшиносони ҷавон уфуқҳои нави тафаккури ҳуқуқиро боз мекунад. Нашри нахустини Сарқонуни Ҳиндустон ба забони ӯзбекӣ ҳамчунин ба оғози кори васеъмиқёси олимони ду мамлакат хидмат намуда, барои лоиҳаҳои нави муштарак имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.
Бо дарназардошти торафт вусъат пайдо кардани робитаҳои инсонпарварона бо халқҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир иртиботи тарафайни академиву фарҳангӣ низ фаъолтару амиқтар мешаванд. Вобаста ба ин бояд шаклҳои нави тарғибу ташвиқ ва татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштарак бо намояндагони зиёии минтақаи Осиёи Марказӣ дар кори шиносоӣ бо маданият, адабиёт, илм ва забони ӯзбекӣ истифода шаванд.
Самарабахшии азхуд намудани забони модарӣ аз сифати таълим, аз ҷумла услуби омӯзиш, ки бояд то ҷузъҳои кӯчактарин андешида шаванд ва барои қабул содаю сабук бошанд, сахт вобаста мебошад. Зеро дар шароити кунунӣ барои ташаккул додани маълумоти касбии мутахассисони оянда донистани мафҳумҳои тахассусӣ ва истифодаи онҳо дар фаъолияти амалии худ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ бояд нафақат луғатҳои махсусу меъёрии соҳаи мазкур барои коллеҷҳо, мактабҳои олии тахассусӣ омода карда шаванд, балки муҳим аст, ки ба ҷараёни таълим курсҳои забони ӯзбекӣ бинобар нутқи касбии мутахасисони оянда ташкил карда шаванд.
Ҳамаи ин имкон медиҳад ҳусн, ғановати забон ошкор гардад ва орзуи омӯхтани забоне, ки бо он Навоии бузург сухан мекарду дигар шоирону нависандагони машҳури ӯзбек асар менавиштанд ва дар оянда низ бисёр осори адабӣ навиштаву кашфиётҳои зиёд анҷом мепазиранду он бо забонҳои машҳуртарини ҷаҳон дар як саф хоҳад истод, афзун шавад.
Фикр мекунем, қадамҳои дар ин бобат гузошташуда ба баланд гардидани нуфуз ва обрӯйи забони ӯзбекӣ дар давлат ва ҷамъият мусоидат мекунанд. Тавре ки роҳбари давлати мо барҳақ таъкид намуд: «Муносибати моро ба забони давлатӣ бояд ҳамчун муносибат ба истиқлолияти мо, садоқат ва эҳтиром нисбати онро ҳамчун садоқат ва эҳтиром ба Ватан пазируфт».
Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.