Дар Чин Интернети дар ҷаҳон аз ҳама тезтарин ба роҳ монда шуд

Дар Чин босуръаттарин Интернети ҷаҳонро бо суръати интиқоли 1,2 терабит (1200 гигабит) маълумот дар як сония ба кор андохтанд, хабар медиҳад South China Morning Post (SCMP).

Ин нишондиҳандаи суръат рекорд аст, ки ба интиқоли 150 филм дар формати HD дар як сония баробар аст, менависад iz.ru.

Кабели дарозиаш беш аз 3 ҳазор километр Пекин, Ухан ва Гуанҷоуро пайваст. Моҳи июл онро ба шабака пайваста, он пас аз анҷоми санҷиш ба истифода дода шуд.

Тавре зикр гардид, суръати интиқоли маълумот аз рӯи нишондиҳанда то 10 маротиба бештар аз лоиҳаи наздиктарини шабеҳи ИМА мебошад.

Илова бар ин таъминоти барномавӣ ва таҷҳизот барои кори кабел комилан дар Чин сохта шудааст.

Лоиҳа аз ҷониби Донишгоҳи Синхуа, оператори алоқаи China Monile, инчунин Huawei Technologies ва корпоратсияи Cernet Corporation амалӣ карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: