ОИНАИ МИЛЛАТИ МАН

Дарҳақиқат забон оинаи миллат аст.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, 
Донистани сад забонаш осон гардад.

Дарҳақиқат забон оинаи миллат аст. Инсон метавонад фақат бо воситаи забон бо ҳамдигар мулоқот кунад. Нақши забон дар ҷомеа хеле бузург аст. Забони форсии тоҷикӣ аз забонҳои қадимтарини дунё ба ҳисоб меравад. Таъриху фарҳанги қадимаи мо аксаран бо ҳамин забон навишта шудааст. 

Бо забони мо садҳо шоирону нависандагон асарҳо, қиссаву достонҳо эҷод кардаанд. Осори ҷовидонаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Адиб Собир, Саъдӣ, Мавлавӣ, Низомӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Соиб, Сайидои Насафӣ, Шоҳин, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир... ва садҳо, ҳазорҳо нафар шоирону адибони дигар барои ҷовидонии забони модарии мо хидмат кардаанд ва мекунанд. «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ забони форсии тоҷикиро ба минбари дунё бароварда қудрати забони моро ба тамоми дунё намоиш дод. Ман забонро ба рӯҳи инсон монанд мекунам. Тавре ки инсон бе рӯҳ вуҷуд дошта наметавонад, миллат ҳам бе забон вуҷуд нахоҳад дошт. Дар бораи забон бисёр шоирони мо шеърҳо гуфтаанд. Аз ҷумла шоири ширинкаломи тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст: 

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре,
Хештанро бе нишон гумкардае...

Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе, 
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст! 

Дар бораи забон шоиру нависандагони машҳури дунё фикрҳои ҷолиб доранд. Аз ҷумла, адиби номии Доғистон Расул Ҳамзатов чунин мегӯяд:  «Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиям, ки ман имрӯз бимирам». 
Забон неъмати бебаҳои Парвардигор ба аҳли башар аст. Яъне, ягон миллат бе забон вуҷуд дошта наметавонад. Чунки пешинаи таърихӣ ва сатҳи тамаддуни ҳар як миллатро асосан аз рӯйи забон ва адабиёти он миллат муайян мекунанд. Барои ҳамин бояд ҳар яки мо забони модариамонро  бештар аз ҷон дӯст дорем ва барои ривоҷу шуҳрат ёфтани он саъю ҳаракат кунем.

Зулбибӣ ИСКАНДАРОВА,
донишҷӯйи соли сеюми бахши тоҷикии факултаи филологияи рус ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: