САХОВАТ – МАҲАЛЛАИ ДӮСТӢ

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Саховат»-и ноҳияи Бухоро дар самти шимолӣ-шарқии ноҳия воқеъ гардидааст.

Дар ин ҷо 3120 нафар аҳолии намояндагони миллатҳои ӯзбек, тоҷик, турк, туркман, тотор ва ғайра чун фарзандони як оила тифоқона умр басар мебаранд.
Вақте ки мо ба ин ҷо омадем, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Эркин Раҷабов ва котиби масъул Инобат Очиловаро саргарми кор дидем. Онҳо моро бо дирӯзу имрӯзи маҳалла то андозае шинос карданд. Замоне дар ин ҳудуд хоҷагии давлатии ба истеҳсоли ангур ихтисосонидашудаи рақами 22-юми «Галаосиё» фаъолият дошт. Ҳоло бошад ин  анъанаро 44 хоҷагии фермерӣ идома медиҳанд. Ғайр аз ин хоҷагии фермерии ба чорвопарварӣ тахассусдошта низ амал мекунад. Ҳоло дар маҳалла корхонаи муштараки ӯзбекистонию қазоқистонии ба коркарди ангур ихтисосонидашудаи «Гала-Ривер» инак 15 сол боз фаъолият дорад. Ин корхона то андозае бобати бо кор таъмин кардани сокинони маҳалла кӯмак мерасонад. Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 9 бештар аз 400 нафар хонанда дорад. Дар муассисаи таълими томактабии рақами 44-ум 170 нафар кӯдакони ҷамоат ҷалб гардидаанд. Хонадони аҳолӣ бо барқ, гази табиӣ ва оби ошомидании нақли оби Дамхӯҷа таъмин гардидааст. Роҳҳои маҳалла пурра мумфарш бошанд ҳам, як қисми онҳо таъмирталабанд. Барои аҳолии маҳалла бунгоҳи тиббии деҳот, 7 дукони хӯрокворӣ, шабакаи таъмини сӯзишвории автомобил, сехи дӯзандагӣ, сартарошхона, ошхона, солуни зебоӣ ва ғайра хидмат мерасонанд. Ҳудуд ба шуъбаи алоқа, АТС соҳиб аст. Бештар аз дусад хонадон ба интернет васл гаштааст. Агар гӯем, ки маҳалла ба мактаби демократия табдил ёфтааст, муболиға намешавад. Ин ҷо бо мақсади тозагию озодагӣ ва ободгардонии кӯчаю манзилҳо ҳашарҳои умумӣ ба амал меоянд. Камхарҷу замонавӣ гузаронидани тӯю маросимҳо, чорабиниҳои бо ин масъала алоқамандро мардум якдилона дастгирӣ мекунанд. Фаъолон, вакилони кӯчаҳо кайҳост, ки ба пушту паноҳи ҷамоати шаҳрвандон табдил ёфтаанд.
– Мо ҳангоми тадбирҳои гуногун аз ёрии амалии вакилони кӯчаҳо Норқул Доулов (кӯчаи «Тинчлик»), Сайфӣ Ҷӯраев («Шайхзода») ва Исмоил Муртазоев («Фурқат») бештар қаноатманд мегардем, – таъкид кард котиби масъули маҳалла Инобат Очилова. – Бинобар тақсимот маҳаллаи «Саховат» ба сектори чоруми идоракунӣ дахл дошта, бо иштироки роҳбарони инспексияи давлатии андози ноҳия ду бор мулоқоти аҳолӣ сурат гирифт ва дар он масъалаҳои мавҷуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҳудуд 6 хонадони ба дастгирии моддӣ эҳтиёҷманд ва 62 нафар ногироҳо мавҷуданд. Онҳо аз кӯмаки моддӣ, хайру эҳсони ҳимматбаландон пайваста бархурдор мегарданд.
Ҳоло дар мамлакатамон тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ бо рӯҳбаландӣ идома дорад. Ба ин муносибат ҷараёни корҳо дар қитъаи интихоботии 144-ум низ диққатҷалбкунанда аст. Дар ин ҷо мунтазам вохӯрии номзадҳо ба намояндагӣ бо интихобкунандагон гузаронида мешаванд.

А.АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: