РАҚСИ БОЛОИ ЯХ ДАР САМАРҚАНД

Дар таърихи Самарқанд бори нахуст маҳфили омӯзиши рақси болои ях ташкил ёфт.

 Акнун ҷавонон метавонанд дар маркази ягонаи майдони яхбастаи истироҳатгоҳи Family Park  аз устоди варзиш Заррина Ҳоҷимуҳаммадова сиру асрори рақсидани болои яхро омӯзанд.
– Аллакай чанд нафар духтарчаҳои 3-5-сола омада  болои канкӣ истоданро ёд гирифтаанд, – гуфт мураббӣ З.Ҳоҷимуҳаммадова, – замоне ман худам дар Санкт-Петербург бо ин намуди варзиш машғул шуда, соҳиби унвони устодӣ гардида ба Самарқанд баргаштам ва акнун ба насли наврас мураббӣ мебошам. Нияти мо дар арсаи байналхалқӣ баромадан аст. Бояд таъкид намуд, ки дар шаҳри Тошканд низ маҳфили рақси болои ях арзи вуҷуд дорад ва минбаъд мо бо онҳо мусобиқа хоҳем кард.
Воқеан, дар фасли баҳор маҳфили хоккей дар болои ях таъсис ёфтааст, ки насли наврас пайваста машғул мешуданд.

Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: