КУНГУРАИ ҶАҲОНИИ МАТБУОТӢ – 2023:

ДАР СОҲАТИ МАТБУОТ ҚАДАМЕ БА ПЕШ ГУЗОШТА ШУД

Дар Абу-Дабӣ Кунгураи дуюми ҷаҳонии матбуотӣ (Global Media Congress, GMC), ки майдони пурмаҳсули табодули ғояҳои нав ва қарорҳо бинобар масъалаҳои ояндаи саноати матбуоти ҷаҳонӣ гардид, кори худро анҷом дод. 
Кунгура, ки бо дастгирии Аълоҳазрат шайх Мансур бинни Заид Ал Наҳаян ташкил шуд, зиёда аз 23 ҳазор меҳмононро аз 172 кишвари ҷаҳон ҷалб сохт. Он ҳодисае шуд, ки Аморати Муттаҳидаи Арабро ҳамчун намояндаи асосии арсаи ҷаҳонии матбуот тасдиқ намуд. Бояд гуфт, ки 31 кишвар дар чорабинӣ бори аввал иштирок доштанд. 
Рушди устувор, инноватсияҳо ва технологияҳои навтарини матбуотӣ, ҳамчунин расонаҳои ахбори оммаи варзишӣ, ҷавонон, таълим ва ояндаи матбуот мавзӯъҳои асосии анҷуман гардиданд. Дар ҷараёни баррасӣ ва рӯнамоии серӯза иштирокдорони кунгура нуқтаи назари худро бинобар саноати ояндаи матбуот баҳам диданд, кашфиётҳои нав ва стратегияи рушди онро баррасӣ намуданд. 
Аз ҷумла, масъалаҳои коммуникатсияҳои рақамӣ, тағйироти иқлим ва нақши матбуот дар самтҳои мазкур, таъсири зеҳни сунъӣ дар соҳа, ҳамчунин махсусиятҳои истеҳсоли контент муҳокима гардиданд. Мақсади асосии кунгура аз ташаккул додани робитаҳои нави шарикии стратегӣ ва рағбатноксозии рушди низоми ҷаҳонии матбуот иборат буд. 
Ба таъмин сохтани амният дар бозори технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла мушкилоти ахбори бардӯрӯғ эътибори махсус дода шуд. 
Яке аз иштирокдорони анҷуман, сармуҳаррири Arab News Файсал Ҷ. Аббос муҳимияти назорати маводи бардурӯғи видеоӣ ва аудиоиро, ки бо кумаки интеллекти сунъӣ омода шудаанд, зикр намуд, ӯ бинобар паҳншавии онҳо ва таъсирашон ба афкори ҷамъиятӣ ташвиши ҷиддӣ изҳор кард. Вай пешниҳод намуд, ки дар мубориза ба муқобили ахбори бардурӯғ аз ҷониби ҳукуматҳо, ширкатҳои технологӣ ва созмонҳои расонаӣ чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд. 
Бинобар ақидаи Ҷ. Аббос дар аксуламал нисбати ин зуҳуроти манфӣ журналистон бояд ҳамчун манбаи муътамади санадҳои санҷидашуда нерӯи ҳалкунанда бошанд. Маҳз онҳо метавонанд бобати пешгирии ахбори бардурӯғ ва дастгирии эътимоди ҷомеа ба захираҳои иттилоотӣ нақши муҳим бозанд.
Дар доираи кунгура мавзӯи муҳимияти матбуот дар соҳаи варзиш баррасӣ шуд. 
Шамма Ал-Калбонӣ, чемпиони ҷаҳони соли 2023 оид ба ҷиу-ҷитсу изҳори эътимод намуд, ки стратегияи нави матбуотӣ метавонад ба рушди варзиши занона қатъиян мусоидат намояд. 
Ҳавла Барли, роҳбари ташаббусҳои Олимпиадаи махсус дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар изҳороташ барои оҷонсии иттилоотии WAM қайд намуд, ки Кунгураи ҷаҳонии матбуот суннатҳои муҳими умумиинсониро чун кушодадилӣ ва рӯшодӣ, ки ба равандҳои Олимпиадаи махсус ҳамоҳанганд, тарғибу ташвиқ менамояд. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ паҳн карда шудани таърихи комёбиҳои варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд, ба пешрафти варзиш такони иловагӣ мебахшад. 
Ҳамин тариқ, анҷуман таъсири саноати матбуотро ба анъанаҳои муҳими умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла соҳаи варзиш ва баробарҳуқуқии ҷинсҳо намоиш дод, ба таҳкими муҳити ҳусни тафоҳум ва эҳтироми тарафайн, ҳамчунин ҷалби табақаҳои мухталифи ҷомеа ба ташаббусҳои иҷтимоӣ мусоидат намуд. 
Директори Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Тиллебаев муҳимияти баргузории чорабиниро дар партави торафт инкишоф ёфтани технологияҳои замонавӣ ва нақши боризи онҳо дар рушди расонаҳои ахбори оммавӣ таъкид кард. 
Намояндагони Ширкати матбуоти Чин China Media Group баромади худро дар GMC ба муҳимияти истифодаи воқеият, интеллекти сунъӣ ва дигар қарорҳои инноватсионӣ бобати созмон додани контент оид ба ҳифзи муҳити атроф бахшиданд. 
Мизи мудаввар, ки дар рӯзи охир, яъне сеюми кори кунгура таҳти унвони «Хидматҳои стринингӣ: имкониятҳои нав» (Production Streaming: New Opportunities) баргузор шуд, ҷиҳатҳои асосии таъсири технологиро роҳ ба истеҳсоли контенти матбуотӣ ошкор кард. Иштирокдорон вазифаҳои дар наздашон истода, аз ҷумла интихоби мутахассисони соҳибистеъдод, ҷалби шунавандагон аз тариқи тайёр кардани маводҳои баландсифати видеоӣ ва контенти мухталиф, ҳамчунин зарурияти обсозиш ба технологияҳои инноватсиониро баррасӣ карданд. 
Чунончӣ, Киа Ҷем – продюсер, директори генералии ширкати K.JAM MEDIA таъкид сохт, ки барои бунёди контенти креативӣ дастгирии кормандони эҷодӣ ва бақайдгирии воқеаҳои завқовар тақозо мегардад.
Он чиз боиси таъкид мебошад, ки кишвари ягонаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки сазовори намоишномаи махсус дар ин Кунгураи ҷаҳонии матбуот гардид, Ӯзбекистон буд. Журналистони Оҷонсии миллии иттилоотӣ – ӮзА аз имкониятҳои муҳими муқарраршуда, рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба фаъолона истифода бурданд. Ин ба вусъат пайдо кардани уфуқҳои касбӣ, баланд шудани маҳорати вакилони соҳаи матбуоти кишвари мо мусоидат кард. Намоишномаи Ӯзбекистон, ки бо муҳтавои миллӣ ороиш ёфта буд, аз намоишномаи иштирокдорони дигари кунгураи матбуотӣ тафриқа дошт. Онҳо тамошобинонро бо сарпӯшҳои зебои миллӣ истиқбол мегирифтанд, ки ин эътибори ҳамкорони хориҷиро ҷалб мекард ва боиси ифтихор мешуд. 
Муаррифномаи Ӯзбекистон, ки дар худ барномаи консертӣ, намоишномаи ҳунарҳои халқӣ ва таомҳои ошхонаи миллиро таҷассум мекард, созмондиҳандагон ва иштирокдорони анҷумани байналхалқиро хеле ба ваҷд овард. 
Иштирок дар кунгура мавқеи Ӯзбекистонро дар ҷомеаи матбуоти ҷаҳонӣ мустаҳкам кард. 
Кунгураи ҷаҳонии матбуот, ки 32 ҳазор метри муррабаъ майдонро дар бар мегирифт, боиси таърифу тавсифи намояндагони расонаҳои ахбори оммавии машҳури ҷаҳон гардид, ҳамчунин иштирокдоронаш нисбати анҷумани соли гузашта 76,48 фоиз зиёд буд. Аз ҳама муҳимаш, чорабинӣ барои ба ояндаи саноати матбуот дида духтан имконияти хуб фароҳам овард.

Шаҳноза ТОШТЕМИРОВА, 
Абдуазиз ХИДИРОВ,
хабарнигорни ӮзА.     
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: