Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 октябр дар доираи сафар дар шаҳри Пекин раиси ширкати «China CAMC Engineering» Ван Боро ба ҳузур пазируфт.
“CAMCE” корпоратсияи пешрафтаи чинӣ мебошад, ки хидмати инжинирингӣ расонда, лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро дар соҳаи саноат ва инфрасохтор амалӣ менамояд.
Ширкат дар мамлакати мо таҷрибаи калони амалӣ дорад. Айни замон “CAMCE” дар сохтмони деҳаи олимпӣ дар доираи омодагӣ ба Бозиҳои осиёии наврасон дар Ӯзбекистон дар соли 2025 иштирок мекунад.
Дар вохӯрӣ ҷанбаҳои амалии тавсеаи портфели лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла сохтмони иншооти гидротехникӣ дар минтақаҳои кишвар ва инфрасохтори замонавӣ дар «Тошканди нав» ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлатамон дастур дод, ки барои тезонидани татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва созишномаҳои ҳосилшуда «харитаи роҳ»-и алоҳида қабул карда шавад.