«ХӮРДАНИ ҲАҚҚИ МАРДУМ ГУНОҲ АСТ...»

Имрӯзҳо дар сари мардуми дунё рӯзҳои вазнини пуризтироб ҳукмфармоӣ дорад.

Имрӯзҳо дар сари мардуми дунё рӯзҳои вазнини пуризтироб ҳукмфармоӣ дорад. Аз қадимулайём халқи инсонпарвари мо дар чунин рӯзҳои вазнин якдигарро дастгирӣ намуда, ба инсонҳои муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз кардааст.
Барои дастгирии оилаҳои серфарзанд, куҳансол, ногиро, танҳо  ва ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба Иди қурбон ва дар давраи карантин ба бекорон додани як миқдор кӯмакпулӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ҳар ду намуди кӯмаки моддӣ дар шакли нақд бояд дастрас карда мешуд. Албатта, ҷудо кардани ин миқдор маблағ дар чунин вазъияти мураккаб корест хайр ва инсонпарварона. Аммо аз маълумоти расонаҳои ахбор маълум шуд, ки аҳолӣ аз корбарии баъзе  шӯрои маҳаллаҳо норозӣ аст. Маблағи ҷудошударо мувофиқи меъёр насупурдан, чашмбандиву қаллобӣ, хешбозиву шиносбозӣ ва дигар ноадолатиҳо рух медиҳад, ки ин боиси эътирозу норозигии мардум мегардад. Дар чунин як шароити вазнин дар дари бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ҷамъ шудани мардум худ ба вазъияти имрӯза созгор нест. Дар баъзе маҳаллаҳои вилоятҳо вазъиятҳои ногувор, аз ҷумла, кӯмакпулии ба дасти муҳтоҷ додаро «саҳв шудааст» гуфта, 
гардонда гирифтанҳо...
– Кореро, ки бо нияти нек оғоз мекунем, ба туфайли ду-се нафар беимон бадном мешавем.  Мардум фикр мекунад, ки корбарии аксарияти маҳаллаҳо чунин аст. Дар чаҳорчӯбаи барномаи «Саховат ва кӯмак» ва ба муносибати Иди қурбон маблағе, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд, аз рӯйи адолат, бо маслиҳати фаъолони маҳалла ба оилаҳои серфарзанд, пирони танҳо, ногиро, дар давраи карантин бекормондагон расонда дода шуд. Маҳалла шароити ҳар як оилаи ҳудудашро бояд панҷ панҷааш барин донад. Бахшида ба Иди қурбон соҳибкорони деҳа Икром Тоҷиев, Амондулло Амонов, Ҷамшед Бекназаров, Карим Раҳимовҳо ба оилаҳои камтаъмин хӯрокворӣ – гӯшт, орд, равған, тухм, биринҷ ва ғайраро эҳсон намуданд. Дар китобҳои муқаддас оид ба хиёнат ба «ҳаққи ятим», «ҳаққи маъюб», «ҳаққи беваю бечора» бисёр гуфта шудааст. «Ба девори хонае, ки ятим дорад, такя кардан гуноҳ аст», оварда шудааст дар ҳадисе, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Узоқбой Муродов. – Хатои аввали мутасаддиён дар он буд, ки маблағи ҷудошударо набояд бо пули нақд ба мардум расонда медод. Табиати инсон ҳамин хел аст, ки ба чизи пеши назараш чашм «ало» мекунад, мехоҳад аз он «луқмае» барад. Ба фикрам, дар сари кор агар пул ба картаи пластикии ҳар як эҳтиёҷманд меафтид, чунин норозигию ноадолатӣ ба миён намеомад. Чи хеле ки мегӯянд «ёр аҳл бошад, кор саҳл аст», маҳалла дард, мушкилӣ ва дархости мардумро бояд аз рӯйи адолат, бо якдигарфаҳмӣ, дӯстона ҳаллу фасл намояд.
Дуруст мегӯяд У. Муродов, ба ин бетартибиҳо баъзан худи мардум айбдор ҳастанд. Ҳастанд шахсоне, ки солиму бақувват, аммо бо баҳонаи пандемия сари кореро даст намегиранд ва барои кӯмакпулӣ дари маҳалларо мекӯбанд. Ё аз замини рӯйи ҳавлӣ, паррандаю чорвои худ даромад доранду худро муҳтоҷ нишон медиҳанд. Албатта, қисми зиёди маблағи ҷудошуда соҳибони худро ёфтанд, вале камбудиву хатоҳои ночиз баъзан кори хуб ва меҳнати ҳалоли шахсро шуста мебарад.
– Дар мо анъанаи хубе ҳаст. Соҳибкор ва фермерон ба маҳалла омада мепурсанд, ки аз ҷониби мо чӣ гуна кӯмак лозим. Роҳбари хоҷагии фермерии «Мунаввар» Дилмурод Мирзоев, соҳибкор Суҳроб Раҳимов бо гӯшти чорвои бонии худ ба оилаҳои ниёзманд кӯмак расонданд. Ягон оилаи эҳтиёҷманд дар канор намондааст. Чунин корҳои хайр ҳоло ҳам идома доранд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Пахтаобод»-и ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё Фирдавс Маҳмудов.
Хавфи то куҷо идома ёфтани пандемия ҳоло маълум нест. Чунин корҳои инсонпарварона боз такрор меёбад. Барои такрор нашудани дӯлобкориҳо, боиси норозигии мардум нагардидан аз ҷамоати оила ва маҳалла масъулият, таҳлили амиқ ва адолат талаб карда мешавад.
Аз ҳама муҳимаш, чунин корҳои хайр бояд баҳри беҳбуди сатҳи зиндагии мардум хизмат кунад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: