ГУРӮҲИ КОРӢ ВАЗЪИЯТРО ТАҲҚИҚ МЕКУНАД

Роҳандозии ин анъанаи дерина – ташрифи гурӯҳи кории ҷумҳурӣ ба минтақаҳои мухталиф, ки дар ҷумҳурии мо кайҳо боз роиҷ гаштааст, ҳамеша мусоидат менамояд, ки масъалаҳои зиёд ҳаллу фасл шаванд, гиреҳи муаммоҳои зиёд кушода шуда, ҳаёти мардум сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ оварад.

 Ин бор чунин гурӯҳи корӣ таҳти раёсати Алишер Усмонов – ноиби Мушовири раисҷумҳури мамлакат ба ноҳияи Ёзёвон ташриф овард ва корҳои таҳқиқу омӯзишии худро аз ҷараёни сохтмони массиви “Ӯзбекистони Нав”, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Юқори сойбӯйи” шурӯъ намуд. 
Лоиҳае, ки дар ин ҷо таҳти татбиқ қарор гирифтааст, муддати се солро дар бар гирифта, дар “Ӯзбекистони Нав” бунёд шудани 138 бинои бисёрошёнаи дорои 3 ҳазору 856 хона ё квартираро барномарезӣ кардааст. Ғайр аз ин, дар ин мавзеъ кохи фарҳанг, муассисаҳои таълими умумӣ ва томактабӣ, поликлиника, марказҳои хидматрасонӣ ва савдо низ бунёд хоҳанд шуд. Сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва гармхонаҳо низ ба нақша гирифта шудаанд, ки барои таъмини аҳолии маҳаллӣ ба ҷои кор мусоидат хоҳанд кард.
Баъдан аъзои гурӯҳи корӣ бо шароити фароҳамовардашуда дар мактаби таълимоти умумии рақами 35-и қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Мустаҳкам” ошно шуданд, ки аз роҳи ҳашар бунёд ёфтааст. Дар ин ҷо бо омӯзгорон суҳбатҳои самимӣ ба роҳ монда шуд.
Иҷрои корҳои аз ҳудуди вазнин хориҷ кардани маҳаллаи Қарасақол низ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Зимни ташрифи аъзои гурӯҳи корӣ ба ин ноҳия муовини мушовири Президент бо раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, ёварони ҳокими ноҳия оид ба кумак барои минтақаҳо, ёварони навтаъиншудаи кор бо ҷавонон ва нозирони профилактикӣ мулоқот намуд. Вай перомуни корҳои ободонии маҳаллаҳо, истифодаи вақтҳои холии аҳолии маҳаллӣ ва таъмини некӯаҳволии шаҳру ноҳияҳо суҳбат кард. 
– Истифодаи самаранок аз заминҳои наздиҳавлӣ барои ҳар як сокини ҳамон ҳавлӣ файзу баракот меорад. Барои ҳамин ба ин кор таваҷҷуҳ мебояд кард, – гуфт Усмонов.
Ташкили дидору мулоқот ва баргузор намудани нишасти идона барои кӯдакони чашмашон нобино ва нерӯи биноияшон заифи мактаб-интернат, ки гурӯҳи корӣ таҳти сарпарастии мушовири Президент Бахтиёр Исломов дар кохи “Файз”-и шаҳри Фарғона роҳандозӣ кард, боиси шодиву нишоти онҳо гардид.
Дар ин чорабинӣ ба кӯдакони мактаб-интернат китобҳои бадеӣ, ки бо алифбои брайл нашр шудаанд, як қатор таҷҳизоти варзишӣ ва сару либос тақдим гардид. Ба онҳо дастаи ҳунарии рақсу суруди Вазорати корҳои дохилӣ ва овозхонҳои маъруфи вилоят консерти хуби идона тақдим намуданд. 
– Омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернати нобиноён ва кӯдакони қувваи биноияшон  заиф аз чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории Президент ибрози сипос карданд.
Ташриф ва пиёда кардани корҳои таҳқиқу омӯзишии Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ дар вилоят идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”. 

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: