Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки барои ширкат дар нишасти сарони СҲИ дар кишвари мо қарор дорад, мулоқот анҷом дод.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Ҳаҷми савдои мутақобила бо суръати баланд афзоиш ёфта, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ мегарданд. Барномаи ғании мубодилаи маданию гуманитарӣ амалӣ мегардад.
Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон аҳамияти иҷрои амалии созишномаҳоро дар сатҳи олӣ таъкид карданд.
Сарони давлатҳо ба масъалаҳои ҳарчи зудтар оғоз намудани татбиқи амалии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.