Ўзбекистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 дар раддабандии пуриқтидортарин кишварҳои ҷаҳон ҷои 51-умро гирифт

Рейтинг бар асоси арзёбии иқтисодиёт, нуфуз дар арсаи сиёсӣ, қудрати низомӣ, раҳбарӣ дар ҷаҳон ва ширкат дар иттифоқҳои байналмилалӣ таҳия шудааст.

Дар ҷараёни таҳияи рейтинг 17 ҳазор нафар пурсида шуда, аз онҳо хоҳиш карданд, ки дар бораи 87 кишвари мухталиф андешаҳои худро баён кунанд, хабар медиҳад U.S.News.

Чои якум насиби ИМА гардид. Чин дуввумин кишвари тавоно эътироф шудааст. Русия се зинаи аввалро ишғол кардааст.

Ба даҳгонаи беҳтарин Олмон, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Ҷопон, Арабистони Саудӣ ва АМА шомиланд. Кишварҳои дорои нуфузи камтар дар ҷаҳон Литва, Словения, Словакия, Латвия ва Эстония буданд.

Ҳамчунин дар феҳрист Белорус (30), Қазоқистон (50) ва Озарбойҷон (57) ҷой гирифтаанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: