ҲАМА БА ОСОИШТАГӢ МАСЪУЛЕМ

Дар маҷлисгоҳи Раёсати корҳои дохилии вилоят таҳти мавзӯи «Саривақт пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниву ҷиноят ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ» конфронси матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он ҷонишини сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят оид ба кадрҳо, полковник Олимҷон Абдуллоев дар хусуси ислоҳоте, ки барои таъмин намудани бехатарии ҷамъият амалӣ мешаванд, ҳарф зад. 

– Мувофиқи қарори сарвари давлат «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии таъмини амнияти ҷамоатӣ» соли 2019 дар қаламрави вилоят 290  лавозими ёрдамчӣ ва нозирони профилактика барои нигоҳ доштани осоиштагӣ, 20 штати нозир оид ба масъалаҳои бонувон ва дар асоси фармоиши ҳокими вилоят 38 ҷои кории нозирони профилактика ташкил карда шуданд.
Дар сохтор ба истифода аз технологияи муосири ахбору коммуникатсионӣ эътибори махсус дода шуд.
Чунончӣ, дар асоси барномаҳои  «Шаҳри бехавф», «Ҳудуди бехавф», «Хонадони бехавф», «Таъмин намудани амнияти ҳаракати роҳ» дар вилоят ҷамъ беш аз 13 ҳазор камераи мушоҳида ва видеоӣ ҷойгузин шуданд. 497-тои онҳо дар маҳаллаҳои сераҳолӣ, кӯчаҳои асосӣ ва бозорҳо устувор карда шуданд.
Айни замон барои таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ аз 21 воситаи суратбардориву видеоӣ истифода мебаранд.
Туфайли ҷилавгирии ҷинояткориҳо ва истифода аз технологияи муосир соли гузашта ҷиноят коҳиш ёфт. Бахусус ҳодисаҳои марбут ба қотилӣ, дуздӣ, фиребгарӣ, яғмогарӣ ва ғайра нисбат ба соли 2018 кам гардид. Дар натиҷаи тадбирҳои мунтазами профилактикӣ дар 88 маҳалла ҷиноят ба қайд гирифта нашуд. Дар ин давра 128 нафар шахсе, ки дар кофтуков буданд, дастгир шуданд. Мутаассифона, баъзе намуди ҷиноятҳо, ба монанди: таҷовуз ба номус, дуздии нақлиёт, безорӣ, қаллобӣ нисбатан зиёд гардидааст, – гуфт нотиқ.
Олимҷон Абдуллоев инчунин вобаста ба масъалаҳои  ҳуқуқу озодиҳои шахсоне, ки дар рӯйхати ин мақомот қарор доранд, таваққуф намуда, изҳор дошт, ки қариб 3798 нафар  ашхоси таҳти назорат бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба 34 нафари онҳо шиносномаҳои биометрӣ, ба 3 нафарашон хонаву ҷой дода, ба 28 нафар вомҳои имтиёзнок, ба 20 нафари дигар барои ҳифзи саломатиашон кӯмак расонида шудааст. Бо ташаббуси роҳбари сектори сеюм нуҳсад қабули сайёр бо аҳолӣ ташкил гардид. Кашидани 32 километр қубури об, таъмири 25 насос, барпо кардани 3 кӯпрук бо саъю ҳаракати ин сектор ҳалли худро ёфт. Ин гуна корҳои нек дар соли 2020-ум ҳам идома доранд. 
Дар тақвияти фикри  Олимҷон Абдуллоев сарвари Садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят Улуғбек Адилов гуфт, ки рӯз то рӯз ҳамкории журналистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вусъат пайдо мекунад. Чӣ дар оинаи нилгуну радио, чӣ дар саҳифаҳои матбуот ва торнигорҳои блогерҳо намоиши барномаҳо, дарҷи мақолаҳо аз ҳаёти ходимони корҳои дохилӣ меафзояд. 

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: