МОДАРАМ

Хотират дар панҷаи пирӣ парешон, модарам,

Хотират дар панҷаи пирӣ парешон, модарам,
Ҳамчу абри осмони навбаҳорон, модарам.

Шуд ба ранги об мӯйи бас сиёҳи ту сафед,
Дар нигаҳ ҳамранги мӯйи обшорон, модарам.

Бод абри тираи ғам дур аз даври сарат,
Нур борад бар сарат хуршеди хандон, модарам.

Даҳр бе дидори ту набвад ба ҷуз вайронае,
Як туӣ ободии дунёи вайрон, модарам.

Поку софу сода кардӣ зиндагонӣ ончунон,
Поктар аз чашмаҳои кӯҳсорон модарам.

Бо навозиш дасти ман бигрифтаӣ дар кӯдакӣ,
Ман кунун бо меҳр гирам дасти ларзон, модарам.

Тифлсон афтону хезон омадам пушти дарат,
Хезу пушти дар маро нагзор ҳайрон, модарам.

Абдуқаҳҳори МУСО.

ХИҶОЛАТ

Ай Худо, назди ту имонам хиҷолат мекашад,
Ҳам нафас, ҳам риштаи ҷонам хиҷолат
 мекашад.

Дар назарҳои гурезонам гурезамро бубин,
Пеши чашмони ту чашмонам хиҷолат мекашад.

Дар ҳузурат бо хаёли пуч, бо дасти тиҳӣ,
Орзуи нобасомонам хиҷолат мекашад.

Мешикофад синаи сарбозро тире агар
Зиндагӣ аз марги армонам хиҷолат мекашад.

Кӯдаке то гушна дар дунёст, дунё сер нест,
Дар даҳонам пораи нонам хиҷолат мекашад.

Дар нигоҳам ҳарфи пинҳонам табассум 
мекунад.
Дар забонам ҳарфи урёнам хиҷолат мекашад.

Фасли изҳори муҳаббатро раҳо кардам, дареғ,
Гул ба рӯйи дасти ларзонам хиҷолат мекашад.

Назруллоҳи АЗИЗИЁН.


Латифаҳо

Дар бораи пул фикр мекард

Омӯзгор аз шогирдон суол кард:
– Чехов, вақте ки осори мондагори худро меофарид, дар бораи чӣ фикр мекард?
Шогирде ҷавоб дод:
– Дар тарбияи инсон, аз ояндаи мо ва зебоиҳои ҷаҳон фикр мекард!
Омӯзгор:
– Воваҷон, чаро ту чизе намегӯӣ?
Вова:
– Он вақт барои ҳар як сатр пули калон медоданд. Чехов ҳангоми навиштани асарҳояш дар бораи пул фикр мекард.

Чаро бо чашмони пӯшида месарояд?

Максим Горкий дар нишастҳо бо нависандагону актёрон чашмонашро пӯшида суруд мехонд. Аз Чехов суол карданд:
– Чаро Горкий бо чашмони пӯшида суруд мехонад?
Чехов гуфт:
– Горкий дили меҳрбон дорад. Вай аз сурудҳояш азоб кашидани атрофиёнашро бинад, тоқат карда наметавонад. Бинобар ин бо чашмони пӯшида месарояд.

Китоб ва эълон

Китоби якуми Ҷейм Гвотни ҳеч ба фурӯш намерафт. Нависанда ба рӯзнома ба ин маънӣ эълон дод: «Миллионери ҷавону зебо бо духтаре, ки ба қаҳрамони китоби Ҷеймс Гвотни хеле монанд аст, шинос шудан мехоҳад». Китобҳои нависанда дар як шабонарӯз фурӯхта шуданд.

Тарҷума ва таҳияи 
Комрони ҲАКИМПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: